ВОХӮРИИ ҲОКИМИ НОҲИЯ БО ҶАВОНОН

Ҳокими ноҳияи Янгиҳаёти пойтахт Ҳаёт Иноғомов дар маҳаллаи Ташаббус бо ҷавонон ва довталабон, ки дар муассисаҳои таълими ҳамагонӣ таҳсил мегиранд, вохӯрд.

Ҳоким таъкид намуд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ барои тарбия, донишомӯзӣ ва ояндаи ҷавонон, дар ҷамият ҷойи муносиби худро пайдо кардани онҳо ҳамаи шароит фароҳам оварда шудааст. Ҷавонон бояд муносиби чунин эътибор бошанд. Ғайр аз ин, доир ба яке аз масъалаҳои муҳим – бедор намудани ҳисси дахлдории онҳо ба ислоҳоте, ки дар мамлакатамон амалӣ шуда истодаанд ва ояндаи кишвар низ гуфта гузашт. 
Якчанд нафар ҷавонон бо масъалаҳои аз қабили пардохти шартнома, шуғл ба кор ва дар марказҳои таълим бепул тайёрӣ дидан муроҷиат намуданд. Муроҷиати 11 нафар ҷавонон дар ҷойи худ ҳаллу фасл гардид.
Дар чорабинӣ ҷавонон фикр, пешниҳод ва андешаҳояшонро дар хусуси баланд бардоштани фаъолнокии соҳаи иҷтимоиву сиёсӣ ва салоҳияти зеҳнии ҳамсолонашон ва ғояву ташаббусҳои ба ривоҷёбии ҷамъият хидматкунанда таклиф карданд. Пешниҳоди ҷавонон оид ба тарзи доимӣ ба роҳ мондани чорабинии «Ҳоким ва ҷавонон» маъқул дониста шуд. Ҳоким чоршанбеи дуюми ҳар моҳ доимӣ баргузор кардани мулоқотро бо ҷавонон таъкид намуд.
Ҳ. Иноғомов ба ҷавонони фаъолу ташаббускор миннатдорӣ изҳор карда, ба 7 нафар довталаб туҳфаҳои хотиравӣ супурд.

Далер АЗИЗОВ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик»
.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: