СУХАНРОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ДАР МАРОСИМИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛХАЛҚИИ ЗАНОН

Бонувони муҳтарам!

Бонувони муҳтарам!
Аз таҳти дил шумо, тамоми занони Ӯзбекистонро бо ҷашни зебои 8 Март муборакбод менамоям. Орзуву омоли самимии манро, ки бахту саодат ва фаровонҳолии шумост, қабул фармоед.
Ҳамватанони муҳтарам!
Инсоният аз қадимулайём ба симои Модари муқаддас, зан арҷ мегузорад. Муҳаббати зиндагибахшои модар моро ба корҳои бузург рӯҳбаланд месозад, мо саъй дорем, ки сарзамини худро ба кишвари зебои шукуфон табдил диҳем. Туфайли дуои модарон, фидокории бонувон дар мамлакат сулҳу салоҳ мустаҳкам мегардад, меҳнати мунтазами мо натиҷа мебахшад, ҳаёт бо нури накӯӣ дурахшон мегардад, аз мазмуну муҳтавои беш аз пеш амиқ саршор мешавад.
Маълум аст, ки дараҷаи маданият ва маърифати ҳама гуна ҷамъият, пеш аз ҳама, аз рушди зеҳниву маънавии занон вобаста мебошад. Тавре ки таърих собит менамояд, дар тарбияи бисёр шахсиятҳои бузург модарони ғамхор, занони соҳибхирад нақши муҳим бозидаанд.
Солҳои охир дар мамлакати мо таъмин сохтани ҳуқуқ ва манфиатҳои занон, баробарии гендерӣ, ҳифзи оила, модару кӯдак, рушди соҳибкории занона, барои занон фароҳам овардани ҷойҳои корӣ, беҳтар намудани шароити ҳаёт ва меҳнати онҳо сиёсати афзалиятноки давлатӣ гардид.
Алҳол табассуми шуморо дидаву хурсандиро дар чашмҳоятон мушоҳида карда, мо ба он эътимод ҳосил мекунем, ки фаъолиятамон дар самти мазкур самараҳои нахустин медиҳанд. Мо тамоми нирӯ ва имкониятҳои худро барои идома додани ин кори нек ва минбаъд баланд бардоштани самаранокии он сафарбар менамоем.
Дӯстони азиз!
Ҳоли ҳозир дар натиҷаи татбиқ намудани ислоҳоти васеъмиқёси демократӣ фаъолнокии занон дар ҷараёнҳои ҷамъиятиву сиёсӣ меафзояд. Инро интихобот ба парлумони мамлакат ва Шӯроҳои маҳаллӣ, ки моҳи декабри соли гузашта баргузор шуд, бори дигар намоиш дод.
Бинобар натиҷаи интихобот занон 32 фоизро ташкил доданд, ё худ аз 150 нафар депутатҳои интихобшудаи Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис 48 нафарашон занон буданд. Дар Сенат ва Шӯроҳои маҳаллӣ нишондиҳандаи мазкур аз 25 фоиз гузашт.
Бояд қайд кард, ки бори аввал дар таърихи Ӯзбекистон натиҷаи интихобот ба тавсияҳои СММ вобаста ба миқдори намояндагони занон ба парлумони миллӣ мувофиқат кард. Мувофиқи миқдори занони депутат парлумони мамлакати мо дар байни 190 парлумонҳои миллии ҷаҳон ба мақоми 37-ум баромад, ин дар ҳоле, ки эътибор диҳед, ҳанӯз 5 сол муқаддам мо дар руйхати мазкур дар ҷойи 128-ум будем.
Алҳол дар созмонҳои давлативу ҷамъиятӣ зиёда аз 1380 нафар занон дар вазифаҳои роҳбарӣ кор мекунанд. 
Хурсандиовар аст, ки 16 нафар занони муҳтарами мо ба мукофоти олии Ватан – унвони «Қаҳрамони Ӯзбекистон» сазовор шудаанд. Дар байни занон докторони илм, профессорону академикҳо кам нестанд, садҳо нафар унвонҳои «Муаллимаи халқӣ», «Шоираи халқӣ», «Ҳунарпешаи халқӣ»-ро доранд.
Мо ба саҳми занон дар рушди истеҳсолот, соҳаҳои таълим, тиб, илм, маданият, варзиш баҳои баланд медиҳем.
Тавре ки маълум аст, бори аввал дар таърихи парлумони миллии мо зан – муҳтарама Танзила Камоловна Норбоева Раиси Сенат интихоб шуд.
Дар мамлакат миқдори занон – вазирон, ҳокимон, роҳбарони иттиҳодияҳои истеҳсолӣ, бонкҳо ва ширкатҳо, кормандони масъули мақомоти ҳуқуқу тартибот, афсарони Қувваҳои Мусаллаҳ меафзояд.
Ба қарибӣ ба мансаби бағоят масъул – ҳокимони ноҳияҳо ва шаҳрҳо бонувони сазовор, ташаббускору дорои иқтидори ташкилотчигӣ таъин гардиданд. Чунончи, дар ноҳияи Бӯстони вилояти Андиҷон – Садбархон Мамитова, дар ноҳияи Олоти вилояти Бухоро – Наргиза Неъматова, дар ноҳияи Тӯрақӯрғони вилояти Намангон – Зулайхо Маҳкамова, дар шаҳри Каттақӯрғони вилояти Самарқанд – Гавҳар Алимова, дар ноҳияи Боёвути вилояти Сирдарё –Дилфуза Уралова, дар ноҳияи Қаршии вилояти Қашқадарё – Махсуда Мустафоева роҳбар таъин шуданд.
Ин занон, ки сазовори эҳтироми бузург ва эътимоди мардум гардидаанд, дар чорабинии имрӯза иштирок доранд. Иҷозат диҳед онҳоро самимона муборакбод намоям ва дар фаъолияти масъулашон комёбиҳо орзу кунам.
Моро он чиз хурсанд мекунад, ки дар мамлакат бонувоне, ки бо фаъолнокии ҷамъиятии худ ва корҳои некашон ба дигарон ибрат мегарданд, торафт меафзоянд. Кори неки соҳибкор Изроба Усмонова аз шаҳри Риштони вилояти Фарғона дар матбуот эълон шуд ва боиси акси садои зиёд гардид. Вай ба онҳое, ки дар шароитҳои душвори моддӣ зиндагӣ мекунанд, маблағи худро, ки тӯли солҳои зиёд барои зиёрати ҳаҷ ғун кардааст, беподош бахшид.
Дар маҳаллаи «Ӯзбекистон»-и ноҳияи Сайҳунободи вилояти Сирдарё боз як зани хуб, депутати Шӯрои ноҳиявӣ Гавҳар Ҳусанова зисту зиндагӣ мекунад. Хушдомани вай Гулбаҳорапа дар фаъолияти омӯзгории худ ҳазорҳо адад китоб ҷамъ оварда буд. Гавҳар ба ин хазина китобҳои дигар зам намуда, аз пасандозаш барои сокинони деҳа китобхонаи бузурги «Мумтоз»-ро бунёд намуд.
Ба қарибӣ дар расонаҳои ахбори оммавӣ аз он мужда доданд, ки олимаи ҷавони соҳибистеъдод Азиза Шоназарова профессори Донишгоҳи бонуфузи Колумбияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гардидааст. 
Он чиз сазовори эътибор мебошад, ки Азизахони дар мавзеи Қароқамиши пойтахти мо ба воя расида, дар Донишкадаи шарқшиносии Тошканд, сипас дар донишгоҳҳои машҳури Полша ва ИМА таҳсил карда, дар 32-солагӣ доктори илми соҳаи таърих ва диншиносӣ гардида, бинобар озмун аз ҷумлаи 500 нафар довталабон ба дараҷаи профессорӣ гузида шудааст.
Вай барои ҷавонони кишвари мо ибрати сазовор ба шумор меравад, оилаи мустаҳкам дорад, забонҳои арабӣ, форсӣ, туркӣ, русӣ, англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, полякиро ба хубӣ медонад, ҳамчунин дар илм ба натиҷаҳои баланд муваффақ гардидааст.
Барои он ки хурсандии ин ҷашнро бо мо баҳам бинад, Азиза Шоназарова дирӯз аз Амрикои дур парида омад ва ҳоло дар ҷамъомади мо иштирок дорад. Биёед ӯро самимона муборакбод кунем ва комёбиҳои нав орзу намоем.
Мо аз он хушнудем, ки дар маросими тантанавии худ сафирони Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин Сзян Ян ва Ҷумҳурии Мисри Араб Амани Элетр, мутобиқгари доимии Созмони Милали Муттаҳид Хелена Фрейзер ва намояндаи доимии Барномаи рушди СММ Матилда Димовски, роҳбари намояндагии Созмони умумиҷаҳонии нигаҳдории тандурустӣ дар мамлакати мо Лиан Куппенс, роҳбари намояндагии минтақавии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Осиёи Марказӣ Сангиту Киёниг ва роҳбари намояндагии Бонки осиёии рушд дар Ӯзбекистон Синти Малвичиниро мебинем, ки вазифаи худро дар Ӯзбекистон иҷро мекунанд.
Иҷозат диҳед меҳмонони муҳтарами моро, ки дар рушди ҳамкориҳои сермаҳсул бо кишвари мо саҳми сазовор мегузоранд, бо Рӯзи байналмилалии занон муборакбод гуфта, ба онҳо орзуҳои неки худро изҳор намоям.
Муҳтарам иштирокдорони маросим!
Соли гузашта дар мамлакат бобати ҳамаҷониба дастгирӣ намудани занон, беҳтар кардани ҳаёти онҳо корҳои васеъмиқёс иҷро шуданд. Барои занон тақрибан 170 ҳазор ҷойҳои корӣ фароҳам омаданд. Ба беш аз 172 ҳазор бонувон аз ҷониби бонкҳои тиҷоратӣ ва Бунёди ҷамъиятии дастгирии занон ва оилаҳо умуман ба миқдори 4,9 триллион сӯм вомҳо ҷудо карда шуданд.
Дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ Марказҳои соҳибкории бонувон созмон дода шуданд. Алҳол онҳо бобати ба роҳ мондани фаъолияти соҳибкорӣ, ҳунармандӣ, бозомӯзӣ, таъмин кардани шуғли тақрибан 28 ҳазор занон кӯмакҳои амалӣ мерасонанд. Ҳамчунин дар доираи татбиқсозии Панҷ ташаббуси муҳим 21500 бонувон дар курсҳои кӯтоҳмуддати касбӣ таълим гирифтанд.
Ба шарофати чунин имкониятҳо миқдори заноне, ки кори худро ташкил доданд, тӯли як сол тақрибан 45 ҳазор нафар афзуд, барои онҳо ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ ташкил гардиданд.
Дар мамлакат бобати таҳкими идораи оила ҳамчун пояи ҷамъият, солимгардонии муҳити маънавиву ахлоқӣ дар оилаҳо корҳои назаррас амалӣ мешаванд. Бинобар аз байн бардоштани зиддият ва талошҳои оилавӣ, коҳиш додани миқдори талоқ созмонҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ саҳми муҳим мегузоранд. Баробари ба кори онҳо баҳои мусбат додан бояд қайд кард, ки ин ҳанӯз қадамҳои аввалин мебошад, моро лозим аст, ки дар самти мазкур корҳои зиёдеро анҷом диҳем.
Бешубҳа, ҳаёт бидуни санҷиш ва душвориҳо нахоҳад буд. Ҷудошавӣ, вайрон кардани оила бинобар сабабҳои ночиз хоси мардуми саховатманду дурандеши мо нест, ба ҳуввият ва анъанаҳои миллии вай мувофиқат намекунад. Мо бояд ҳамҷиҳатона бобати ислоҳ сохтани чунин нуқсонҳо саъй намоем, ҳангоме ки дар ягон оила вазъи нохуш ба миён меояд ва бино бар зиддияти падару модарон кӯдакон ятим мемонанд, аз ғамхорӣ ва  эътибор маҳрум мегарданд.
Алҳол барномае, ки ба кӯмаки босифати тиббӣ ба занон, таҳкими саломатии онҳо нигаронида шудааст, натиҷаҳои аввалин медиҳад. Аз ин хусус, аз ҷумла он санад шаҳодат медиҳад, ки ба шарофати кор бинобар ҳифзи саломатии модарону кӯдакон соли 2019 сатҳи фавти модару кӯдак қатъиян коҳиш ёфт.
Кор бинобар муроҷиати бонувон мунтазам ба роҳ монда мешавад. Бояд қайд кард, ки соли 2019 кормандони идораҳои мухталифу гуногун бо зиёда аз 141,5 ҳазор занон суҳбат баргузор карданд, қисмати зиёди мушкилоте, ки онҳоро ба ташвиш овардаанд, ба тарзи мусбат ҳаллу фасл шуданд.
Дар давраи сипаришуда дар 197 ноҳияи мамлакат фаъолияти марказҳои эҳё ва мувофиқшавии шахсоне, ки аз зӯроварӣ ва бинобар табодули суитсидҳо ҷабр дидаанд, ба роҳ монда шуд.
Ташкилотҳои занон дар кори ба ҳаёти муътадил баргаштани бонувоне, ки надониста ҷиноят содир кардаанд ва аз кирдори худ пушаймон шудаанд, фаъолона иштирок мекунанд. Таҳти раёсати ин ташкилотҳо аз толори суд 261 чунин занон озод карда шуданд, ки низ зуҳуроти инсондӯстӣ ба шумор меравад. Ҳамчун идомати мантиқии корҳои мазкур ман дирӯз ба муносибати Рӯзи байналхалқии занон боз ба як Фармон имзо гузоштам. Мувофиқи он 83 нафар заноне, ки дар ҳабсхонаҳо муддати ҷазоро мегузаранду сидқидилона тавба кардаанд ва қатъиян ба роҳи ислоҳ даромадаанд, омурзида шуданд.
Бояд таъкид кард, ки чунин фармон дар кишвари мо бори аввал қабул гардид.
Алҳол вазорат ва идораҳои масъул бобати ба чунин занон баҳри обсозиши иҷтимоии онҳо, ҷалбкунӣ ба корҳои муфид, тарзи солими ҳаёт кӯмак расондан кор мебаранд, то ки онҳо тавонанд мақоми худро дар ҷомеа дарёбанд. Муътақидам, ки тамоми созмонҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ҷомеаи васеъ дар ин кор хеле фаъолона иштирок менамоянд.
Ҳамватанони муҳтарам!
Тавре ки маълум аст моҳи январи соли равон дар Муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Олий Маҷлис вазифаҳои рӯзмарра бинобар беш аз пеш дар мамлакат таъмин кардани ҳуқуқ ва манфиатҳои инсон, аз ҷумла бонувон мушаххас гардиданд. Алҳол бобати иҷрои вазифаҳои мазкур корҳои васеъмиқёс амалӣ мешаванд. Фармон ва Қарори махсуси Президент, ки ба баланд бардоштани самаранокии сиёсати давлат бобати таъмин сохтани ҳуқуқ ва манфиатҳои занон нигаронида шудаанд, қабул гардиданд.
Мувофиқи Фармон ба мақсади кор карда баромадан ва татбиқ намудани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи дастгирии оилаҳо, занон ва куҳансолон, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳо, пурзӯр намудани ҳамкориҳо бо мақомоти худидораи шаҳрвандон Вазорати оид ба дастгирии маҳалла ва оила таъсис дода шуд.
Барои ҳеҷ кас пӯшида нест, ки пештар ба дӯши маҳалла ва созмонҳои занон талаботи зиёд гузошта мешуд. Вале, мутаассифона, барои иҷрои ин онҳо имконият ва ваколатҳои зарурӣ, нирӯву маблағ надоштанд.
Ҳоло манфиати занонро наметавон бидуни манфиатҳои оила, маҳалла ва ҷамъият тасаввур кард. Вазифаи асосии вазорати нав – дар маҷмӯъ ҳаллу фасл кардани масъалаҳои мазкур, дар ин соҳа ба дараҷаи беш аз пеш баланд бардоштани сиёсати давлат ба шумор меравад.
Бо назардошти нақш ва моҳияти бузурги маҳалла дар мамлакати мо 22 март Рӯзи кормандони низоми маҳалла эълон гардид. Ин ҷашни навро мо дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз бори аввал васеъ қайд хоҳем кард.
Дӯстони азиз!
Бешубҳа, тамоми падару модарон орзу мекунанд, ки фарзандонашон сиҳҳату саломат, ҳамаҷониба солим ба воя расанд, соҳиби дониш ва касбҳои замонавӣ бошанд, дар ҷамъият мақоми сазовори худро пайдо кунанд. Тавре ки маълум аст, барои муваффақ шудан ба ин мақсади нек ҳоли ҳозир дар низоми таълими мамлакат ислоҳоти амиқ амалӣ мегарданд. Соли равон бобати куллан зиёд кардани миқдори кӯдакистонҳо ҳамчун ҳалқаи асосии ҷараёни тарбия чораҳо татбиқ мешаванд.
Барои муқоиса мехоҳам эътибори шуморо ба як мисол ҷалб намоям. Агар дар семоҳаи аввали соли гузашта дар мамлакат беш аз 9700 кӯдакистон мавҷуд бошад, алҳол миқдори онҳо ба 14050 расид, яъне дар тӯли як сол 4350 адад афзуд.
Ба шарофати чунин саъю кӯшишҳо мо соли равон фарогирии кӯдаконро дар муассисаҳои таълими томактабӣ аз 54 то ба 60 фоиз баланд мебардорем. Дар натиҷа миқдори умумии тарбиягирандагони кӯдакистонҳо тӯли як сол 400 ҳазор нафар меафзояд ва 1 миллиону 800 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Бешубҳа, мо дар соҳаи мазкур корҳои зиёдеро анҷом додем, вале ҳанӯз наметавонем аз натиҷаҳои бадастомада қонеъ бошем, зеро барои худ қуллаҳои баландтареро пешбинӣ кардаем. Ин табиӣ мебошад. Зеро тарбияи томактабӣ нафақат ба кӯдак, балки ба падару модари ӯ, умуман тамоми ҷомеа таъсири бузург дорад. Агар зан донад, ки кӯдаки ӯ дар шароитҳои сазовори кӯдакистон тарбия мегирад, вай метавонад оромона кор кунад ва аз фардо дилпур бошад.
Алҳол ба рушди таълими мактабӣ низ аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад. Мо ба коркарди барномаи «Мактаби замонавӣ» шурӯъ намудем. Бобати куллан беҳтар намудани низоми тайёркунии кадрҳои педагогӣ корҳои васеъмиқёс оғоз ёфтанд.
Ҳамзамон дар ҳар як марҳилаи таълим мо ба тарбияи духтарон эътибори алоҳида медиҳем. Мактабҳои махсусе, ки ба номҳои олимон ва нависандагони бузург гузошта шудаанд, мактабҳои президентӣ барои ҷавононе, ки азми омӯхтани илм ва санъатро доранд, аз он ҷумла барои духтарон, имконоти васеъ фароҳам меорад.
Бешубҳа давлат, ҷамъият дар бобати ҳимоя, омода намудан ба ҳаёти мустақил ва тарбияи духтарон чун фарзандони муносиби халқамон бо масъулияти комил вазифаи ба зимма гузошташударо иҷро менамоянд. Аммо дар иҷрои чунин вазифаи муҳим ҳеҷ кас ҷойи оила, момоёни ғамхор, модарони меҳрубон, дорои таҷрибаи бойи ҳаётӣ – фаъолҳои муҳтарами маҳаллаҳо – занонро гирифта наметавонанд. 
Ба ҳозирон ва ба тамоми хонумони мамлакат муроҷиат намудан мехоҳам: давлат ва ҷамъият агар шумо ба худ масъулияти тарбияи духтаронро бигиред, ки аз онҳо ояндаи мо вобаста буда, дар асоси арзишҳои баланди маънавиву ахлоқӣ тарбия намудани онҳоро ба зимма бигиред, то ки онҳо беҳтарин сифатҳои инсонӣ ва дониши амиқро касб карда бошанд, беҳад миннатдор мегарданд.
Боварӣ дорам, ки Вазорати оид ба дастгирии маҳалла ва оилаи навтаъсис, собиқадорони муҳтарам, ки дар соҳаи таълими муаллимон ва мураббиён мактаби худро ба вуҷуд овардаанд, тамоми занони шуҷоатманди Ӯзбекистон ин ташаббусро дастгирӣ менамоянд. Умед дорам, ки онҳо дар чунин кори ғайриоддӣ, аммо хеле муҳим ва шарафнок чун тарбия ва таълими духтарон, саҳми калони худро мегузоранд. 
Аз фурсат истифода намуда, ба шумо боз бо як пешниҳоди дигар муроҷиат намудан мехоҳам: аз соли оянда эътиборан дар арафаи ҷашни 8 Март беҳтарин намояндагони ин соҳаро аз ҳар як минтақаи мамлакат дунафарӣ бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонем. 
Муҳтарам иштирокдорони вохӯрӣ!
Дар тӯли солҳои зиёд дар низоми таълими мамлакат яке аз мушкилоти ҷиддӣ маҳдудияти квота барои қабул ба муассисаҳои таълими олӣ буд. Барои мисол, ҳанӯз 2-3 сол пеш аз ин муассисаҳои таълими олӣ дар маҷмӯъ ҳар сол на бештар аз 60-70 ҳазор нафар, яъне фақат 9 фоизи хатмкунандагонро қабул мекарданд. 
Бинобар ин мо дар соҳа ислоҳоти доманфарохро шурӯъ намудем. Соли гузашта бори аввал барои таълим ба муассисаҳои таълими олӣ 150 ҳазор донишҷӯ қабул гардид. Фарогирии хатмкунандагон бо маълумоти олӣ ба 20 фоиз расид. 
Бешубҳа, ба чунин дастовардҳо ноил гардидан осон нест. Мустаҳкам намудани пойгоҳҳои моддиву техникӣ, таълимиву методии мактабҳои олии таълимӣ, афзоиши шабакаи онҳо, зиёд намудани таркиби профессорону муаллимон зарур буда, барои баланд бардоштани дараҷаи касбии муаллимон ва кормандони илмӣ маблағи зиёд ва имконоти нав ногузир аст. Аммо, сарфи назар аз мушкилот, ба хотири ояндаи фарзандонамон мо албатта ин корро идома медиҳем. Фарогирии хатмкунандагони мактабҳоро бо таълими олӣ соли 2020 мо камаш то 25 фоиз мерасонем, дар оянда бошад, то 50-60 фоиз хоҳад расид. 
Бо мақсади баланд бардоштани дараҷаи илмӣ ва мадании занон, бо ҷойҳои муносиби кор таъмин намудани онҳо соли ҷорӣ дар муассисаҳои таълими олӣ квотаҳои қабул барои духтарон ба таври алоҳида ҷорӣ мегардад. Ин низ барои мо комилан таҷрибаи нав аст. Чунки  зан, ки молики дониши чуқур, маълумоти олӣ бошад, дар оила, дар кор ва дар ҷамъият низ барои ҳалли ҳар гуна масъала бинобар ҷаҳонбинии васеъ малакаи илмӣ ва маънавии худ муносибат менамояд.
Ҳамин тариқ, барои он ки фарзандонамон чун шахсиятҳои солим, мутаносиб, содиқи Ватани худ ба воя расанд, мо пеш аз ҳама бояд барои занон имконоти васеъро барои касб намудани дониш ва пешаи замонавӣ ба вуҷуд орем. 
Агар мо дар оянда тарбия намудани Хоразмӣ, Фарғонӣ, Бухорӣ, Улуғбек, Навоиҳоро хоҳем, дар навбати аввал модарони ояндаи солим, аз ҳар ҷиҳат соҳибмаълумот, молики сифатҳои баланди ахлоқиро ба воя расонем. 
Соли ҷориро мо дар мамлакат Соли рушди илм, маърифат ва иқтисодиёти рақамӣ эълон намуда, Барномаи дахлдори давлатӣ қабул гаштааст. Зимни таҳияи ин барнома пеш аз ҳама хоҳиш ва эҳтиёҷи занони муҳтарамро ба инобат гирифтем. Дар татбиқи вазифаҳои калони дар наздамон қарордошта  мо ба онҳо ва инчунин тамоми халқамон, дониш, таҷриба, зарфияти интеллектуалии онҳо такя менамоем. 
Занон беҳтар аз ҳама набзи ҳаёти ҷамъиятро эҳсос намуда, мураккабтарин мушкилоти оила, маҳалла ва роҳи ҳалли онҳоро медонанд. Бо меҳру шафқат, масъулияти баланд ва меҳнатдӯстии  худ онҳо барои ҳамаи мо чун намуна мегарданд.
Мо кори худро дар бобати пешниҳод ва таъин намудани занони молики дониши амиқ ва малакаи баланд ба вазифаҳои масъулиятнок дар соҳаҳои идораи давлат ва ҷамъият, вазорат ва идораҳо идома медиҳем. 
Ин масъала зери назорати шахсии Президент хоҳад буд. 
Бонувони муҳтарам!
Тавре ки маълум аст, дар мамлакатамон коҳиш додани қашшоқӣ аз вазифаҳои муҳимтарин муайян гаштааст ва дар ин самт чорабиниҳои доманфарох ба амал татбиқ мегарданд. 
Мо бояд як ҳақиқатро дарк намоем: барои кам кардани дараҷаи қашшоқӣ дар навбати аввал дараҷаи бекориро паст бояд кард. Барои ин аҳолиро ба касбҳои замонавӣ омӯзонда, саводнокии иқтисодӣ ва молиявии одамонро баланд бардошта, дар онҳо, хусусан занон, кӯшишро барои соҳибкорӣ бедор бояд кард. 
Мо таҷрибаи ҷаҳониро аз ҳар ҷиҳат омӯхта, ҳамкории байналхалқиро дар ин соҳа ривоҷ медиҳем. Дар ҳамкорӣ бо чунин ташкилотҳои бонуфузи байналхалқӣ, мисли СММ, Бонки ҷаҳонӣ, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дигар давлатҳо барои ба амал татбиқ намудани барнома бар зидди қашшоқӣ, инкишофи соҳибкорӣ ва тиҷорати хурд ба қимати умумии 700 миллион доллар дар соли ҷорӣ дар назар дошта шудааст. 
Ҳоли ҳозир зери роҳбарии Федератсияи иттифоқи касабаи Ӯзбекистон гурӯҳи кории ҷумҳурӣ ташкил ёфтааст, ки он аз минтақаҳои мамлакат боздид намуда, дар ҳар кадомаш аҳволи заноне, ки дар шароити мураккаб зиндагӣ мекунанд, таҳлил менамояд.
Ин гурӯҳ барномаи таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои занону духтарон, ҳифзи иҷтимоии онҳо, мадад ва дастгирии ҳамаҷонибаро аз лиҳози ҳар як маҳалла таҳия менамояд ва иҷрои онҳоро ташкил мекунад. 
«Телефони боварӣ»-и гурӯҳи корӣ, ба забони имрӯза бигӯем, «call-сентр»-и гурӯҳи корӣ фаъолияти худро шурӯъ намуд, ки он тамоми шабонарӯз муроҷиати занонро қабул менамояд.
Акнун занон рақами кӯтоҳи «1211»-ро гирифта, аз тамоми шаҳру деҳот, дуртарин авул метавонанд бевосита ба ин марказ муроҷиат намоянд, ки ин худ идомаи мулоқот бо халқ мебошад. 
Ҳамватанони муҳтарам!
Тавре ки маълум аст дар мамлакатамон ба татбиқи донишомӯзӣ, иқтидор ва истеъдоди занон, муносиб қадр намудани меҳнати онҳо эътибори алоҳида нигаронда мешавад. Ҳар сол 28 нафар духтарони Ӯзбекистон бо мукофоти давлатии ба номи шоираи бузург Зулфия сарфароз мегарданд.
То ҳол 311 нафар ҳамватанони ҷавони мо соҳиби ин мукофот гардиданд. Соли ҷорӣ боз 28 нафар духтарони соҳибистеъдод сафи онҳоро зиёд менамоянд. Боварӣ дорам, ки бо меҳнати пурсамар, истеъдоди дурахшон, беҳтарин сифатҳои инсонии худ онҳо барои ҳама ҳамсинҳои худ намуна мегарданд.
Дар ин рӯзҳо 287 нафар занон, ки дар соҳаи муҳофизати модар ва кӯдак, тарбияи ҷавонон дар рӯҳи ватанпарварӣ фаъолият доранд, бо нишони сарисинагии «Мӯътабар аёл» сарфароз гардонда шуданд.
Аз фурсат истифода намуда, иҷозат бидиҳед, ки онҳоро бо чунин баҳои баланди ҷамъият табрик намоям.
Дар арафаи 8 Март бинобар Фармони Президент барои саҳми муносиб ба инкишофи мамлакат, баланд бардоштани некуаҳволии халқ, тарбияи насли солим ва мутаносиб ривоҷёфта, мустаҳкамсозии пояи оила ва ҷамъият гурӯҳи занони Ӯзбекистон бо унвонҳои ифтихорӣ, орден ва медалҳо сарфароз гардонда шуданд.
Ман аз он комилан қаноатманд ҳастам, ки дар ҳузури шумо ба ин занони олиҷаноб ва инчунин ба соҳибони Мукофоти давлатии ба номи Зулфия мукофотҳои баландро супорам.
Дӯстони муҳтарам!
Барои занони муҳтарам ва ғамхорамон ба вуҷуд овардани шароити муносиб, ин нафақат вазифаи якумдараҷа, балки пеш аз ҳама қарзи муҳимтарини инсонии роҳбарони ҳама дараҷаҳо мебошад. 
Ҳамаи мо – Президент ва аъзои ҳукумат, вазирон ва ҳокимон, депутатҳо ва сенаторон ӯҳдадор ҳастем, ки ин қарзи олиро бо кори амалӣ собит намоем, то ки онҳо натиҷаҳои мушаххас бахшанд. 
Занони муҳтарам!
Дар ин ҷашни зебо, тамоми таманноҳои нек ва самимии халқро сарҷамъ намуда, гуфтан мехоҳам: мо беҳад аз шумо барои меҳнати шуҷоатнок дар роҳи ба вуҷуд овардани Ӯзбекистони нав миннатдорем. 
Мо аз шумо барои он ки бо потенсиали баланди маънавӣ ва интеллектуалӣ, ғамхории беғараз, меҳри беҳадди қалби худ дар ҳифзи сулҳ ва мусолиҳа дар сарзамини зебоямон саҳми беназир мегузоред, миннатдорем. 
Бори  дигар шуморо бо ҷашни зебои 8 Март самимона табрик намуда, барои ҳамаатон сулҳ, осудагӣ, тансиҳатӣ ва бузургтарин бахти заминӣ – хушбахтии хонаводагиро таманно менамоям.
Барои эътиборатон ташаккур.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: