СИЁҲДОНАРО НАБОЯД ХУДСАРОНА ИСТЕЪМОЛ КАРД

Чи хеле ки Имом Муслим ва Имом Бухорӣ дар яке аз ҳадисҳо ривоят кардаанд: «Пайғамбарамон Муҳаммад (с.а.в) гуфтаанд, ки дар сиёҳдона ба ғайр аз марг шифои ҳамаи бемориҳо мавҷуд аст».

Чи хеле ки Имом Муслим ва Имом Бухорӣ дар яке аз ҳадисҳо ривоят кардаанд: «Пайғамбарамон Муҳаммад (с.а.в) гуфтаанд, ки дар сиёҳдона ба ғайр аз марг шифои ҳамаи бемориҳо мавҷуд аст».
Шояд аз ин сабаб бошад, ҳоло аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ роликҳое бахшида ба равғани сиёҳдона, ки дар худамон ва ё хориҷи кишвар истеҳсол шудааст, бештар пахш мешаванд.
Дар вилоятҳои Тошканд, Самарқанд ва Сурхондарё ду намуди маҳаллии сиёҳдона ба сифати растании дорувор ва зиравор рӯёнида мешавад. Ғайр аз ин, ду намуди ёбоии он низ мавҷуд аст.
Дар табобати халқ аз дамхурдаи тухмии сиёҳдона ба дарди меъда, гулӯ, милк, дил, камхобӣ истифода мебаранд. Солҳои пеш сиёҳдонаро дар бемории зардча, зотилҷамъ, бронхит, (зиққи нафас), астмаи бронх, беҳузурии дил истифода мебурданд. Табибон дар он ақида буданд, ки сиёҳдона луҳобҳоеро, ки дар организми инсон ҷамъ шуда, сабаби пайдоиши бемориҳои зиёд мегардад, хориҷ мекунад.
Ибни Сино дар замони худ ба дарди сар, фалаҷи раги асаби рӯй, катаракта (оби марворид), глаукома барин касалиҳои чашмро бо сиёҳдона шифо бахшидааст. Назар ба маълумотҳои Ибни Сино сиёҳдона дар нестшавии доғи сафед, хол ва озах кӯмак мерасонад, барои ин сиёҳдонаи ба шакли орд овардашуда ба нисбати 1:10 бо вазелин ё равғани ҳайвонот ҳамроҳ карда, ҳамчун марҳам ба пӯст молида мешавад.
Аз сиёҳдона дар табобати Ҳинди қадим ба сифати қувватдиҳанда, дар табобати Тибет бошад, дар бемориҳои ҷигар ва меъда истифода мебурданд. 
Тибби имрӯза шифобахшии сиёҳдонаро дар ба як маром овардани фаъолияти дил, астмаи бронх исбот намудааст. Вай хусусияти таъсири манфӣ расондан ба бактерия ва систаро низ дорад.
Истифодаи сиёҳдона эҳтиёткориро талаб мекунад. Ба бачаҳое, ки аз гиҷа (паразит) азият мекашанд, барои бартараф кардани он моеъи сиёҳдона ва асал дода мешавад, аммо истеъмоли он набояд аз даҳ рӯз гузарад. Муддати истеъмоли такрории он баъди бист рӯз тавсия мешавад. Сиёҳдона ба бачаҳо ба миқдори мош ва ба калонсолон ба миқдори нахӯд тавсия мешавад, ки истеъмоли зиёди он ба меъда ва рӯдаи организм таъсири номатлуб мерасонад.
Гипотоник (пастшавии фишори хун) ва занони ҳомила аз истеъмоли сиёҳдона бояд тамоман даст кашанд.
Сиёҳдона дар ҷисми инсон хусусияти ҷамъшавиро дорад. Аз ин сабаб, дар китоби «Қонуни тиб»-и Ибни Сино (ҷилди якум, саҳ. 273) чунин омадааст: «Табибон гуфтаанд, ки истеъмоли зиёди сиёҳдона сабаби марги инсон мегардад».
Агар сиёҳдона ба шакли хока оварда шавад, барои доштани хусусияти дорувории он бояд базудӣ бо асал омехта карда шавад. Асали баҳорӣ азбаски нармтар аст, сиёҳдона дар он хуб омехта мешавад ва ҳазми он осон мегардад.
Тавре ки зикр шуд, истеъмоли зиёди он  зарар аст, аз ин сабаб, дар ин бобат набояд худсарӣ кард. Бахусус, дар истеъмоли дона ва равғани сиёҳдона, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ё воситаҳои ахбори оммавӣ тарғиб мешаванд, бо мутахассиси соҳа, ки синну сол, мизоҷ ва ҳолати беморро хуб меомӯзад ва аз рӯйи ташхиси муайян тавсия медиҳад, бояд маслиҳат кард.  
Боз сабаби дигари бе тавсияи шифокор истеъмол накардани капсулаи сиёҳдона дар он аст, ки он дар шароити ишқории меъда не, баръакс дар шароити туршии рӯдаҳо ҳазм мешавад, ки ин ба ҳолати вазнин овардани бемор мерасонад.

А.  СОАТОВ,
М.  СОАТОВА,
дорушиносон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: