Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 6 март бо мушовир оид ба масъалаҳои рушди иқтисодӣ, идоракунии самарабахш ва ҳамкории байналмилалӣ Сума Чакрабарти мулоқот анҷом дод.
Раванди татбиқи Стратегияи "Ӯзбекистон-2030" ва Барномаи давлатии татбиқи он дар соли ҷорӣ баррасӣ гардида, масъалаҳои фаъолгардонии кор дар доираи раванди музокира оид ба узвияти Ӯзбекистон ба СУС, аз ҷумла ба талаботи ташкилот ҳамоҳанг кардани пойгоҳи меъёриву ҳуқуқии миллӣ баррасӣ шуданд.
Зарурати идомаи тадбирҳои мушаххаси амалӣ оид ба лоиҳаҳои таъминоти оби нӯшокӣ, беҳбуди инфрасохтори мактабҳо, пешгирии бемории саратон, баланд бардоштани сифат ва таъмини рақобат дар хизмати давлатӣ таъкид гардид.
Мавзӯи алоҳидаи мулоқот баланд бардоштани ҷозибадории сармоягузории Ӯзбекистон, аз ҷумла ба воситаи пурзӯр намудани кафолатҳои ҳифзи ҳуқуқи сармоягузорон гардид. Дар ин замина мушовир механизмҳои мушаххаси ҳалли баҳсҳои тиҷоратиро бо дарназардошти таҷрибаи беҳтарини байналмилалӣ пешниҳод намуд.