— мегӯяд парвардаи хонаи бачагон Муҳриддин Норқӯзиев
— мегӯяд парвардаи хонаи бачагон Муҳриддин Норқӯзиев
Ҷавони 19-сола Муҳриддин Норқӯзиев дар хонаи меҳрубонии рақами 123, воқеъ дар шаҳри Қӯқанд тарбия ёфтааст. Вай дар мактаб хеле хуб таҳсил намудааст ва аз ҷавонони дидадарои ин хонаи меҳрубонӣ муаррифӣ шудааст.
– Вақте ки барои имтиҳонсупорӣ ба мактаби олӣ тайёрӣ медид, Муҳриддин Норқӯзиев бехабар аз он ки соҳиби имтиёзҳои фаровон аст, ин нуктаро дар варақааш қайд накардааст. Ҳуҷҷатҳои худро ба Донишгоҳи давлатии нақлиёти Тошканд супурдааст ва 157 хол ба даст овардааст. Бо ин холҳои бадастовардааш бар асоси шартнома ба ин донишгоҳ қабул шудааст.
Шермуҳаммад Деҳқонов низ аз тарбиятгирандагони хонаи меҳрубонӣ аст ва ба ҳайси блогнавис ба масъалаҳои иҷтимоӣ, хоссатан сарнавишти ҷавононе сару кор дорад, ки дар хонаҳои меҳрубонӣ тарбия дидаанду ба камол расидаанд.
– Муҳриддин Норқӯзиев аз зумраи ҷавононе мебошад, ки ба касе чизе нагуфтааст ва бар асоси шартнома таҳсил дар ин донишгоҳро шурӯъ намудааст. Вале миқдори маблағи шартнома 11 миллион сӯмро ташкил мекунад. Бидуни шак, барои ҷавоне, ки касе надорад, партохти ин пул мушкилот эҷод мекунад. Муҳриддин ба ман муроҷиат кард, ки аз ин бӯҳрон чӣ гуна наҷот ёбад. Ба вай гуфтам, ки бо ин масъала ба қабули ҳокими вилоятамон Хайрулло Бозоров медароем,– изҳор кард Шермуҳаммад Деҳқонов.
– Дар “Хонаи соҳибкорон”-и вилоят ҳар ҳафта рӯзи душанбе Хайрулло Бозоров муроҷиатчиёнро қабул мекунад,– мегӯяд Шермуҳаммад Деҳқонов.
Дарвоқеъ, нуктаи муҳиме, ки зимни мулоқоти ҳоким бо муроҷиаткунанда ба мушоҳида мерасад, тамкину таҳаммул ва бидуни саросемагӣ шунидани ҳарфҳои муроҷиаткунандагон мебошад. Ба гуфтаи Деҳқонов пеш аз он ки масъалаи Муҳриддин Норқӯзиевро дар ҳузури Хайрулло Бозоров матраҳ кунанд, ду нафар тарбиятгирандагони собиқи хонаи меҳрубонии рақами 1-уми шаҳри Марғелон Раҷаб Қамчибоев ва Василий Похожихро ҳокими вилоят ба наздаш хонд.
– Баъди ин мулоқот Бозоров ваъда дод, ки барои баргузории тӯйи арӯсии Василий кӯмаки молӣ мерасонад. Вай амр намуд, ки аз ҳисоби маблағи имдодӣ ба Раҷаб ду миллион сӯм кӯмаки моддӣ ихтисос ёбад.
Бар асоси номаи ҳокими вилоят, ки ба унвони маъмурияти Донишгоҳи давлатии нақлиёти Тошканд ироа шудааст, деканат Муҳриддин Норқӯзиевро ба шумори донишҷӯёне шомил намудааст ва вайро огаҳ кардааст, ки баъди таътили зимистона таҳсилашро идома диҳад.
Ногуфта намонад, ки қабл аз сафар барои идомаи таҳсил ҳокими вилояти Фарғона ба Муҳриддин Норқӯзиев сару либоси гарм, шиму костюм, воситаҳои гигиенӣ ва қаламу дафтар низ харидорӣ кардааст.
Ба гуфтаи Шермуҳаммад Деҳқонов ҷавонони аз хонаҳои меҳрубонӣ фориғшуда то ёфтани сару калоба ва ишғоли ягон ҷойи кор ба кӯмакҳои моддиву равонӣ ниёз доранд. Инро ҳокимияти вилояти Фарғона хеле ба хубӣ эҳсос намудааст. Ба гуфтаи блогнавис Президент ва Ҳукумати ҷумҳурӣ дар солҳои охир ҷиҳати расонидани чунин кӯмакҳои моливу равонӣ ба фориғшудагон ва тарбиятгирандагони хонаҳои меҳрубонӣ ғамхориҳои зиёд мекунанд.
– Дар арафаи соли нави 2021 як гурӯҳ тарбиятгирандагони хонаҳои меҳрубонӣ ба ҳокимияти вилоят даъват карда шуданд. Барои онҳо туҳфаҳои зиёд тақдим гардид. Хурсандии онҳо ҳадду канор надошт. Ҳамчунин бо саъй ва эҳтимоми Хайрулло Бозоров бо бархе аз ин ҷавонон суҳбату мулоқотҳои самимӣ баргузор гардид. Чанде муқаддам ҳокимияти шаҳри Фарғона низ дар пайравӣ ба ҳокимияти вилоят корҳои шоён ба анҷом расонид, – исрор варзид Шермуҳаммад Деҳқонов.
Соли гузашта як гурӯҳ тарбиятгирандагони собиқи хонаҳои меҳрубонӣ соҳиби хонаҳои худ шуданд. Вай мегӯяд, ки иҷрои чунин кори неку савоб дар соли нави 2021 низ барномарезӣ шудааст. Интизор меравад, ки бо анҷоми корҳои сохтмонӣ боз як гурӯҳи калони собиқ тарбиятгирандагони хонаҳои меҳрубонии шаҳрҳои Фарғона, Марғелон ва Қӯқанд дар хонаҳои худ маросими бурёкӯбон барпо мекунанд.
– Шумо ба ҳайси собиқ дастпарвари хонаи меҳрубонӣ ва блогнавис машғули таҳқиқи масъалаҳое ҳастед, ки маҳз таъмини ҳамтоёни шумо бо манзил, ҷойи кор ва идомаи таҳсилот дар макотиби олӣ мебошад. Дар айни ҳол вазъиятро чӣ гуна баррасӣ мекунед?
– Дар вилоятамон корҳои неку савоби зиёд анҷом дода мешаванд, ки бешубҳа, боиси сарфарозиҳои ҳамтоёни ман гаштаанд. Худи ман низ соҳиби манзили дуҳуҷраӣ ҳастам ва ҳоло дар Донишгоҳи ҳуқуқшиносии Тошканд ғоибона таҳсил мекунам. Ба ман борҳо кӯмакҳои молӣ расонидаанд. Хеле ифтихор мекунам, ки шаҳрванди чунин кишвар мебошам, ки мо барин ятимону сағирон низ мавриди таваҷҷӯҳ қарор дорем.
– Дирӯз боз чанд нафар аз тарбиятгирандагони собиқи хонаҳои меҳрубонӣ ба қабули ҳокими вилоят омаданд. Муроҷиатҳо аз тарафи Хайрулло Бозоров бо камоли майл шунида шуд. Умедворем, ки ин муроҷиатҳо низ ба зудӣ ҳаллу фасл хоҳанд шуд, – гуфт Деҳқонов.
Қобил ба ёдоварист, ки ҳокими вилоят Хайрулло Бозоров рақами хусусии шабакаи телеграми худро аз тариқи телевизиони вилоят ба мардум эълон кардааст ва ҳар шахси дилхоҳ метавонад ба ӯ аз тариқи ин шабака муроҷиат кунад ва дар ҳаллу фасли мушкилоташ кӯмак хоҳад.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.
Вилояти ФАРҒОНА.