Пойдории адолат ва қонун пойдевори мустаҳками давлатдорӣ аст.
Барои таъмин сохтани пойдории адолат ва қонун бошад ҳокимияти суд мавқеи ҳалкунанда дорад. Бинобар ҳамин ҳам солҳои охир барои таъмин сохтани самаранокии фаъолияти сохтори суд, такмил додани ҷараён ва тартиби интихоб кардан ва ба мансаб гузоштани судяҳо, бинобар ҳама гуна парванда қарори қонунӣ, асоснок ва одилона баровардан тадбирҳои маҷмӯӣ амалӣ мешаванд.
Чунончи, ба низоми фаъолияти суд технологияҳои ахбору коммуникатсионӣ васеъ ҷорӣ шуданд, барои интихоб кардан ва ба вазифа гузоштани судяҳо, ҳамчунин барои низоми интихоби кушод, ошкоро ва муқобилро ба роҳ мондан Шӯрои олии судяҳо таъсис дода шуд. Бо такя ба таҷрибаи пешқадами давлатҳои хориҷӣ бори аввал амалиёти бидуни муддат таъин кардан ба вазифаи судя ҷорӣ гардид. Дар натитҷаи ба амал ҷорӣ намудани корҳои мазкур дараҷаи ҳифзи ҳуқуқҳои инсон дар ҷараёни суди одил ба зинаи нав бардошта шуд.
Мавриди таъкид аст, ки баҳри мустаҳкам сохтани асоси ҳуқуқии корҳои соҳа Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи судҳо» қабул гардид. Дар ҳуҷҷати мазкур тартиби интихоб ва таъин кардани судяҳо, мақоми судяҳо, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои онҳо, ҳамчунин ҳифзи моддӣ ва иҷтимоии судяҳову аъзои оилаи онҳо мустаҳкам карда шуд.
Барилова мувофиқи меъёрҳои дар қонун сабтшуда талаботе, ки нисбати номзадҳо ба мансаби судя ва онҳое, ки ба мансаби судяҳо таъин мешаванд, ба меъёрҳои мавҷуда мувофиқ карда шуданд. Тартиби таъин (интихоб) кардани судяҳо, раисони суд ва муовинони суд муайян карда шуд. Низоми асосҳои боздоштани ваколати судяҳо, аз байн бардоштани ин ваколатҳо беш аз пеш мушаххас гардид.
Фармони ба наздикӣ имзокардаи Президент «Дар бораи чораҳои иловагӣ бобати беш аз пеш васеъ кардани имконияти суди одил ва афзудани самаранокии фаъолияти судҳо» низ барои ба зинаи нав бардоштани корҳои соҳа аҳамияти махсус дорад.
Бо ҳуҷҷати мазкур стратегияи кӯтоҳмуддати аз ҷиҳати сифат ба зинаи нав бардоштани сохтори суд, ки барои солҳои 2023-2026 пешбинӣ шудааст, тасдиқ гардид.
Дар стратегия бинобар ғояи «Барои қадри инсон» барои ташаккул додани сохтори суди одил ва фаъолияти онро ба манфиати халқ, ҳифзи самарабахши қадри инсон нигаронидан, аз тариқи қарорҳои суди одил, аз ҷумла, барои мустаҳкам намудани эътимоди соҳибкорон ба сохтори суд, пурра рақамикунонидани фаъолияти судҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои интеллекти сунъӣ, беҳтар кардани мубодилаи маълумоти электронии байниидоравӣ, дар маҷлисҳои суд васеъ кардани имконияти иштирок аз тариқи масофа вазифаҳои устувори таъмин кардани суди одил дониста шуданд.
Ҳамчунин таъмин сохтани иҷрои қатъии қарорҳои суд, дар ин бобат зиёд кардани масъулияти мақомоти давлатӣ ва ҳокимияти маҳаллӣ, аз тариқи ташаккул додани маданияти баланди муомилаи кормандони суд ва судяҳо таъмин сохтани ҳисси ризоияти ҳар як шаҳрванд ва тадбиркоре, ки ба суд муроҷиат кардааст, таъмин сохтани таҳкими воқеии ҳокимияти суд, зиёд кардани самаранокии фаъолияти судҳо ва беҳтар намудани сифати суди одил низ дар назар дошта шудаанд.
Минбаъд барои дахолат кардан ба ҳаллу фасли парвандаҳои суд ва барои иҷро накардани ҳуҷҷатҳои суд чораҳои ҷавобгарӣ пурзӯртар карда мешаванд. Ҳамчунин механизмҳои таъсирбахше, ки ба таъмин сохтани иҷрои ҳуҷҷатҳои суд нигаронида шудаанд, ҷорӣ мегарданд.
Бояд зикр кард, ки ҳоли ҳозир аз ҷониби Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис лоиҳаи қонун дар бораи таъсис додани институти санҷиши қонунмандӣ, асоснокӣ ва адолатнокии қарорҳои суд дар хониши дуюм тайёр карда мешавад.
Дар Фармон ба мақсади таъмин кардани мустақилии воқеии судяҳо сабт шудааст, ки ҳама гуна дахолат ба кори онҳо сазовори ҷазои қатъӣ мегардад, барои бехавф кор кардани судяҳо аз ҷониби давлат тамоми имкониятҳо фароҳам оварда мешаванд. Аз ҷумла, коркарди механизмҳои самарабахши пешгирии ҳолатҳои беҳурмат сохтани судҳо, барои ин пурзӯр намудани чораҳои ҷавобгарии маъмурӣ ва муайян кардани ҷавобгарии ҷиноӣ, барои дахолат кардан ба корҳои суд ва иҷро накардани ҳуҷҷатҳои суд пурқувват намудани чорабиниҳои ҷавобгарӣ, ҳамчунин ҷорӣ кардани механизмҳое, ки ба таъсирбахш шудани иҷрои ҳуҷҷатҳои суд нигаронида шудаанд, коркард мешаванд, ҳар як ҷиноят баъди ҷамъбасти парванда аз тариқи расонаҳои ахбори оммавӣ ба ҷомеа маълум карда хоҳад шуд.
Аз ҳама муҳимаш, мувофиқи Фармон дар асоси садорати таҳлили қонунгузории соҳаи суду ҳуқуқ Департаменти таҳлил кардани қонунгузории соҳаи суди одил ташкил карда мешавад. Департаменти мазкур бобати беш аз пеш такмил додани қонунгузории соҳаи фаъолияти суд, ҳамчунин мунтазам таҳлил кардани муаммоҳои суди одил, қонунгузории соҳаи суду ҳуқуқ, амалиёти суд ва низоми коргузории суд таклифҳо кор карда мебарояд, самаранокии суди одилро дар асоси таҷрибаи пешқадами хориҷӣ ва анъанаҳои замонавӣ таҳлил мекунад.
Баробари ин бобати беҳтар кардани мавқеи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар рейтинг ва индексҳои байналхалқӣ бинобар соҳаи суди одил чораҳои мунтазам ва муттасил меандешад, ҳамчунин дар соҳаи таъмин сохтани мустақилии судҳои шаҳрвандӣ, ҷиноӣ, иқтисодӣ ва қонунгузории маъмурӣ бобати таъмин сохтани мустақилии судҳо омӯхтани равандҳои аз ҷониби умум эътирофшудаи ҳуқуқҳои байналхалқӣ ва меъёрҳои он, ба қонунгузории миллӣ мувофиқ кардани онҳо пешниҳодҳо кор карда мебарояд. Умуман, агар бо як сухан ифода кунем, баробари ба амал татбиқ намудани вазифаҳое, ки дар фармон нишон дода шудаанд, корҳои рақамикунонии фаъолияти судҳо васеътар мешавад, чораҳои сари вақт ва бо сифат дида баромадани парвандаҳо дар судҳо амалӣ мегарданд. Аз ҳама асосиаш мустақилии ҳақиқии судҳо таъмин шуда, эътимоди аҳолӣ ба суди одил меафзояд, дар ҷамъият пойдории қонун таъмин мегардад, қонунмандӣ мустаҳкам мешавад.
Даврон АРИПОВ,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Мажлис.