РОҲИ ҶАНГИИ ТАНКЧӢ

Пайдост, ки кам касон аз сафари роҳҳои дуру пурхатар сиҳату саломат бармегарданд.

Фарзанди диловари Самарқанд, афсари Армияи Сурх Аҳад Очилов, ки ҳоло 99-сола аст, ба шарофати меҳрубонии Худованд қариб 10 сол борҳо бо аҷал рӯ ба рӯ шуда, боз ба зодгоҳаш – деҳаи Арабхонаи ноҳияи Самарқанд бо сари баланд, ҳамчун қаҳрамон баргашт ва ҳоло гашти пирӣ меронад.
Дар ҳаёти сарбоз, лейтенанти калон, Омӯзгори шоистаи ҷумҳурӣ Аҳадбобо лаҳзаҳои пуртаҳлука кам набуданд, ки мо муште аз он хирворро рӯйи коғаз овардем.
 
АСКАРИ ПОЙЛУЧ

Бародарон, ба модари ватан вафо
 кунем,
Агар, ки сар талаб кунад, ба вай 
фидо кунем.
(Абулқосим ЛОҲУТӢ.)

Баҳори гулрези соли 1942 буд. Лолаву себаргаҳо дамида, ба кас кайфияти аҷиб мебахшиданд. Ҷавони қавипайкар бо шиддату ғайрат ҷӯя мекашид, ки ҳарчи зудтар картошка корида, аз ҳосилаш ҳам хоҷагии ҷамоатии собиқ «Москва», ҳам оиларо баҳраманд созад.
Ҳамин вақт аз куҷое ду нафар пайдо шуда, ба ҳолу ҷонаш намонда, ӯро ба комиссариати ҳарбӣ бурданд. Ҷавонмард на пойафзор дошту на сарпӯш.
– Ту Аҳад Очилов? – пурсид марди низомӣ ва ҷавоби қаноатбахш гирифта амр дод, ки зуд ба истгоҳи роҳи оҳан равад, қатора тайёр аст.
– Истед, ман пойлучам, – гуфт ҷавони ҳайратзада, – охир боз падару модарамро бояд огоҳ созам.
– Ҳеҷ гап не, – бепарво даст афшонд сардор, – мо хабар медиҳем.
Баъди як шабонарӯз поезд ба пойтахти Туркманистон расид. Дар Ашқобод даъватшудагон саф ороста, ба майдони машқгоҳи ҳарбӣ рафтанд. Баъди ҳаммом ҳама либоси ҳарбӣ пӯшиданд ва ҷамъомади таъҷилӣ ба вуқӯъ пайваст. Марди қоматбаланде фаҳмонд, ки фашистони лаин аҳдшиканона сарҳадро убур карда, ба хоки муқаддаси Ватани мо ҳамла овардаанд. Мардум аз фишори душман ба ҷон расидааст. Шумо, шербачаҳо, бояд танкрониро омӯзеду душманро аз хоки мо дур кунед.
Аҳад ва дигар ҷавонмардони самарқандӣ нафаҳмиданд, ки шаш моҳ чӣ хел гузашт. Аммо, аллакай онҳо на танҳо танку мошин рондан, инчунин аз аслиҳаҳои гуногуни оташфишонӣ истифода бурданро омӯхта буданд. Ниҳоят рӯзи гусел фаро расид ва сардори омӯзишгоҳ ба хатмкунандагон гуфт, ки аскари сурх бояд ба манфиатҳои олии инсоният – сулҳ, озодӣ хизмат кунад. Бовар дорам, ки шумо бо ҷасорату мардонагӣ ғалабаро дар лонаи душман – Берлин пешвоз мегиред! Сафаратон бехатар бод!
ЛАҲЗАҲОИ ДИЛОВАРӢ

Ҳар лаҳзаи умр қаҳрамонӣ бояд,
Бо маънии том зиндагонӣ бояд.
(Усмон ШАРИФЗОДА.)

Танкистҳо баҳри Касбиро гузашта, ба Боку, сипас ба шаҳри Маздак омаданд. Баъди ба ҷойи таъиншуда расидан, онҳо дар муддати кӯтоҳ ба муҳити нав одат карда, ба иҷрои супоришҳои гуногуни ҳарбӣ пардохтанд. Экипажи аскари қаторӣ Аҳад Очилов бо мошини зиреҳпӯш сарбозони пиёдаро таҳти ҳимоя гирифта, пеш мерафт ва паноҳгоҳу истеҳкоми душманро убур карда, ба онҳо роҳ мекушод. Танкҳои дигар оташ мегирифтанд, ё аз чархҳои занҷирӣ ҷудо мешуданд, вале хушбахтона зиреҳпӯши Аҳад Очилов амон буд, мавқеи муносиб пайдо карда, оташ мекушод ва техникаи душманро аз кор мебаровард. 
Ҳамин тариқ, ӯ бо танк роҳҳои пурхатару пурдаҳшати Украина ва Венгрияро убур карда, то шаҳри Кечкимет расид, ки аз Будапешт чанд фарсах дуртар буд. Кӯчаҳо танг, хонаҳо хароб ва ғавчӯбҳои оҳанини бисёре доштанд. Аскарони пиёда ғавчӯбҳоро гирифта, ба мошинҳои зиреҳпӯш роҳ мекушоданд, то пешсаф бошанд. 
Дар рӯ ба рӯйи бинои калисо танки вай оташ гирифт ва экипаж худро ба замин партофтанд, ки дар ҳамин вақт тири душман ба пойи ронанда расид. Аҳад Очилов зуд ӯро ба китф гирифта, ба паси бино гузашт. Командири полк генерал Коневский ӯро назди худ хонд ва ба боми калисо ишора карда, гуфт, ки душман аскарҳои моро аз он ҷо ба нишон мегирад.
– Лейтенант ба ту супориш, – нуқтаи оташфишонии душманро нобуд кун.
Аҳад Очилов аз пайи иҷрои вазифа шуд. Вай ба бино даромаду эҳтиёткорона зина ба зина боло баромад. Дар ҳақиқат, аскари немис сурудхонон ҷониби аскарони мо оташ мекушод. Аҳад ӯро безарар кард. Оташ қатъ гардид. Ӯ ба назди командир баргашта, хабар дод, ки супориш иҷро шуд.
Коневский ба ёрдамчиаш фармуд, ки исму насаби қаҳрамонро навишта, ба мукофот пешбарӣ кунад. Сипас, аз сарбоз пурсид, ки оё ҷароҳат бардоштааст?
Очилов каллапӯши худро гирифта, ҷойи ҷароҳатро нишон дод.
Командир амр дод, ки ҷароҳатро табобат кунанд.
Ӯро ба нақлиёти боркаш, ки вазифаи «ёрии таъҷилӣ»-ро иҷро мекард, савор карданд, мошин ба ҳаракат даромад. Баъди каме мошин, ҳангоми аз шафати дарахтзор гузаштан зери борони тир монда, аз ҳаракат бозистод, зеро ронанда захм бардошта буд. Аҳади зирак худ ба паси фармони мошин нишаст.
ТЕҒИ ҶОНБАХШ

Некии кас зи кори ӯ пайдост,
Соли нек аз баҳори ӯ пайдост.
(Камолиддин БИНОӢ.)

Ҳамин, ки мошин ба манзил расид, чанд нафар ба кумаки ҷабрдидагон расиданд. Табиб ҷароҳати сарбози самарқандиро дида, гуфт, ки зуд ҷарроҳӣ лозим.
Аҳад Очилов баъди 27 рӯзи табобат боз ба фронт равона шуд. Ба вай танк ва ҳайати нав доданд. Ин дафъа ӯ нашъаи ғалабаро дар остонаи Берлин чашид. Генерали қисм ӯро ба адюдантӣ қабул кард ва лейтенанти калон то соли 1950 дар Олмон монд. Вақте ки ӯ ба зодгоҳ баргашт,  модараш вафот карда, падараш бо азобу душворӣ умр ба сар мебурд.
Хушбахтона, раиси хоҷагии ҷамоатии «Москва» Алӣ Алиев – шахси дурандеш маблағи кории собиқи ӯро, ки 800 сӯм будааст, ёфта дод ва барои бунёди оила як халта гандум бахшид. 

РӮҲИ БЕШИКАСТ

Дили пок, дасти ҳалолу нияти холис ба некбахтон насиб мекунад. Аҳад Очилов бо салоҳдиди падар ба Зубайда Очилова ақди никоҳ баст. Сипас ба омӯзишгоҳи муаллимтайёркунӣ дохил шуда, онро бомуваффақият хатм намуд. Баъди гирифтани дипломи омӯзишгоҳ зиёда аз 50 сол дар мактаби зодгоҳ ба фарзандони деҳаи Арабхона аз забони модарӣ ва адабиёт сабақ дод. Ҳоло дар маҳалла оилае нест, ки ӯ ба бобою бибӣ, падару модар ё фарзанду наберагонаш таълиму тарбия надода бошад.
Аз ҳама муҳимаш, шаш нафар фарзандро хуб ба камол расонд. Духтараш Зулайхо аз паси падар рафта, муаллимиро пеша кард. Низомиддин ҳарбӣ буд, вале чун додараш Искандар нобаҳангом аз олам гузашт. Садриддину Увайсӣ ва Нодира тадбиркоранд. Алҳол беш аз 50 набераву абера ва ду чабера дар атрофи бобои дуогӯй парвонаанд.

НАСИҲАТ ГӮШ КУН ҶОНО...

Насиҳат гӯш кун, ҷоно, ки аз ҷон
 дӯсттар доранд,
Ҷавонони саодатманд панди пири 
доноро.
(Ҳофизи ШЕРОЗӢ.)

Дар арафаи рӯзи Хотира ва қадр хонадони иштирокдори Ҷанги дуюми ҷаҳон Аҳадбобо Очилов ниҳоят серодам аст. Чанде пеш мо бо супориши рӯзнома меҳмони хонадони ӯ будем, ки ҳокимони вилоят ва ноҳияи Самарқанд бо вакилони ташкилотҳои гуногун барои супоридани туҳфаи хотиравӣ, мукофотпулӣ ва табрикномаи сарвари давлатамон ба он ҷо ташриф оварда буданд.
Суҳбати дилнишину самимӣ дар атрофи як пиёла чой бо ин пирамарди ҷангдида хеле хотирмон буд.
– Ман аз Президенти муҳтарамамон Шавкат Мирзиёев сипосгузорам. Мо – иштирокдорони ҷанг ва ақибгоҳ ҳамеша аз диққату эътибори эшон бархурдорем, – мегӯяд Аҳадбобо. – Ман ҳам дар маъракаи раъйпурсӣ иштирок кардам ва ба ҷонибдории Сарқонуни навшуда овоз додам. Бовар кунед, ки ҳар рӯз шифокорон ва дигар шахсони масъул, амини деҳа Равшанҷон Раҳмонов аз аҳволам хабар мегиранд ё худ занг зада саломатиамро мепурсанд.
Ҳар рӯз рӯйи ҷойнамоз дар ҳаққи Президент, мардумамон дуои хайр карда, аз Парвардигор илтиҷо мекунам, ки осмонамонро соф, рӯзгорамонро фаровон, ҳаётамонро осоишта дорад.
Мо низ таманно кардем, ки соли дигар дар 100-умин солгарди ӯ иштирок кунем.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: