КАЛИМАҲОИ ВОМӢ, ХУСУСИЯТ ВА САБАБҲОИ ВОРИДШАВИИ ОНҲО

Таркиби луғавии забон бойигарии луғавии забон буда, дар он калимаҳои зиёде захира карда шудаанд.

 Яке аз қисмҳои муҳими таркиби луғавии забон калимаҳои вомӣ мебошанд. Воридшавии калимаҳои вомӣ ҳодисаи мураккаби забонист.
Зарурати истифодаи калимаҳои вомӣ танҳо ба хусусияти сирф забонӣ марбут набуда, балки ба омилҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, тиҷоратӣ, илмию фарҳангӣ, муҳити ҷуғрофӣ, билингвизм ва амсоли инҳо низ вобаста аст. Яке аз омилҳои асосии воридшавии калимаҳои вомӣ эҳтиёҷоти дохилии забон мебошад. Дар натиҷаи тараққиёти рӯзафзуни техника, инкишофи илму фан ва навгониҳое, ки дар ҳаёти соҳибзабонон воқеъ мегарданд, бисёр ашёву чизҳои тоза ба тоза ва воқеаву ҳодисаҳои нав ба нав ба вуҷуд меоянд, ки барои ифодаи номи онҳо ба калимаву истилоҳҳо эҳтиёҷ пайдо мешавад. Барои таъмини эҳтиёҷ баробари калимаҳои аслӣ калимаҳои вомӣ низ мавриди истеъмол қарор мегиранд.
Забони тоҷикӣ бо сабабҳои зерин ба воридшавии калимаҳои вомӣ роҳ додааст: а) барои таъмини эҳтиёҷи номдиҳии чизҳо ва ҳодисаву воқеаҳои нав, б) бо талаби тамоюли кутоҳбаёнӣ; в) бо мақсади риояи услубиёт. Ба гурӯҳи калимаҳои вомӣ калимаҳои аз забонҳои дигар бевосита ё бавосита воридшуда мансубанд. Дар таркиби луғавии забони тоҷикӣ калимаҳои аз забонҳои гуногун воридшуда ба назар мерасанд. Масалан, калимаҳои аз забони юнонӣ (алмос, сим (нуқра), марворид, писта, зумуррад, лаган, наргис, калид, лангар, пиёла...), лотинӣ (қайсар, истабил, эсербол), ҳиндӣ (ош, бабр, карбос, кофур, шағол, чангол, ҷӯгӣ, нилуфар, ҳалоҳил...), хитойӣ (чой, чинӣ) ва амсоли инҳо, ки дар забони тоҷикӣ ҷой доранд, зиёд нестанд. Вале, теъдоди калимаҳои аз забонҳои арабӣ, туркӣ (ӯзбекӣ) ва русӣ воридшуда хеле зиёданд.
Сабаби дигари воридшавии калимаҳои вомӣ ба касолати ҳодисаи сермаъноӣ алоқаманд аст. Масалан, солҳои бистуми асри ХХ (баъди табаддулоти сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ) калимаи «мудир» барои ифодаи мафҳумҳои ректор, проректор, директор, муҳаррир истеъмол мешуд. Ҳоло калимаи «мудир» маъниҳои мазкурро ифода намекунанд.
Ҳамаи калимаҳое, ки аз забони ғайр ба забони вомгир ворид мешаванд, дар ҳукми калимаҳои вомӣ нестанд. Барои он, ки калимаҳои забони бегона ба калимаҳои вомӣ мансубият пайдо кунанд, зарур аст, ки ҳодисаи забонии азхудшавиро паси сар кунанд, яъне серистеъмол бошанд, фаҳмо, хушхон, равон гарданд.
Калимаҳои вомиро аз варваризму экзотизмҳо ва унсурҳои тасодуфӣ фарқ бояд кард. Варваризм гӯён калимаҳои сохташон вайронро, ки ба қолаби калимаҳои забон номувофиқ ва унсурҳои бегоназабони азхуднашударо гӯянд, ки таносуби «гӯянда — шунаванда»-ро халалдор месозад. Масалан, ба ҷойи салом — «чао», ба ҷойи ташаккур – «окей» гуфтан ва амсоли инҳо.
Экзотизмҳо калимаҳое мебошанд, ки номи парранда, набототу ҳайвоноти ягон кишвари дур ё либос, хӯрок, одат ва тарзи зиндагонии баъзе халқҳоро ифода мекунад: мадемаузел, сенёр, фрау, фрейман,ҷентелмен... Монанди ҳамин, воҳидҳои луғавии «ханкал» ва «харчо» (номи таомҳои мардуми Қафқоз) ё калимаи «лорд» (унвони олии дворянӣ дар Англия) низ аз зумраи экзотизмҳо мебошанд.
Унсурҳои тасодуфӣ калима ё ибораҳои бегоназабонест, ки ба забони адабӣ дохил нашуда бегонагиашонро нигоҳ медоранд, вале баъзан монанди экзотизму варваризмҳо бо мақсади услубӣ дар асарҳои бадеӣ мавриди истифода қарор мегиранд. Дараҷа ва доираи истеъмоли унсурҳои тасодуфӣ хеле маҳдуд аст. Масалан, истифодаи калимаи «мерси» (ба ҷойи ташаккур) ва «браво» (ба ҷои офарин) унсури тасодуфӣ мебошад. 
Яке аз масъалаҳои умдаи марбути калимаҳои вомӣ фасоҳати забон мебошад. Ба калимаҳои вомӣ зарур аст, ки боиси душворфаҳмӣ ва пайдоиши муродифҳои бемавқеъ нагарданд. Масоили калимаҳои вомӣ ва фасоҳати забон асоси дигаре низ дорад, ки он аз муҷазбаёнӣ бармеояд. «Бисёр дону андаке гӯй», «Шаф-шаф нагӯ, шафтолу гӯй» барин нуктаҳо беҳуда пайдо нашудаанд.Онҳо майли инсонро ба кутоҳбаёнӣ ва ифодаи муҷаз ҳидоят менамоянд.
Калимаи вомиро бо тарҷумаи таҳтуллафзӣ (калка) айнияти маҳз донистан дуруст нест. Дар забон баъзе калимаҳое мавҷуданд, ки дар натиҷаи айнан ё мазмунан тақлидкунон тарҷума кардани калимаҳои забони бегона ба вуҷуд омадаанд. Дар забони тоҷикӣ калимаҳои бо роҳи калка аз забонҳои арабӣ, русӣ ва ӯзбекӣ пайдошуда ба назар мерасанд. Хусусан калимаҳои марбути забони русӣ зиёданд. Масалан, калимаҳои «худтанқидкунӣ» ва «худхизматрасонӣ» дар натиҷаи ба қолаби калимаҳои русӣ тақлид карда айнан тарҷума кардани калимаҳои русии «самокритика» ва «самообслуживание» ба вуҷуд омадаанд. Монанди ҳамин, калимаҳои «бозсозӣ», «худмуайянкунӣ»,«фавқуссадо» калкаи калимаҳои русии «перестройка», «самоопределение» ва «сверхзвуковой» мебошанд. Калка дорои хелҳои зерин аст:
1. Калкаи луғавӣ — калимаҳое, ки дар натиҷаи ба калимаҳои забони дигар тақлид карда айнан тарҷума кардан ба вуҷуд омадаанд: идоракунӣ (управления), даҳа (декада), байналхалқӣ (международний), моҳпаймо (лунаход)...
2. Калкаи маъноӣ (семантикӣ) — калкаҳое, ки дар асоси тарҷумаи маъноӣ пайдо щудаанд: огоҳӣ (предупреждение), танбеҳ (выговор), синф (класс)...
3. Калкаи наҳвӣ — калкаҳое, ки дар асоси қолиби наҳвии забонҳои дигар ба вуҷуд омадаанд: аскари сурх, мудофиаи гражданӣ, боғчаи бачагона, вазорати маориф ва монанди инҳо.
4. Калкаи фразеологӣ — калкаҳое, ки дар натиҷаи айнан тарҷума кардани ифодаҳои маҷозӣ ва воҳидҳои фразеологӣ ба вуҷуд омадаанд: забони зинда (живой язык), нур болои нур (нуран алонур), ба доно як ишорат кифоя (алақилу якфиҳи ишорат), қути лоямут шудан ва ғайра.
Ҳамин тавр, калимаи забонҳои дигар ба забони вомгир бо ду роҳ ворид мешаванд: а) бо роҳи нусхабардорӣ — калка, б) бо роҳи вомгирӣ (калимаҳои вомӣ). Ҳам калка ва ҳам калимаҳои вомӣ дар заминаи калимаи забонҳои хориҷӣ ба вуҷуд меоянд. Фарқи калка аз калимаҳои вомӣ дар он аст, ки маънои калимаи забони бегона бо тарҷумаи калима ва воситаҳои дастурии забони дигар ифода меёбад. Масалан, «небоскрёб» – осмонхарош...

Малик КАБИРОВ,
устоди Донишкадаи давлатии омӯзгории 
Чирчиқи
вилояти Тошканд, номзади илмҳои филологӣ, дотсент.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: