МОҲИ РАМАЗОН МУБОРАК БОД!

Имсол баробари фарорасии фасли нозанини баҳори гулбезу гулрез моҳи шарифи Рамазон ҳам омад.

Барои аз фазлу аҳкоми чунин айёми муқаддас, бештару хубтар баҳраманд кардани рӯзномахонон мо бо имом-хатиби вилояти Самарқанд Ҳоҷӣ Зайниддин Эшонқулов ҳамсуҳбат шудем.
– Ассалому алайкум домуллои муҳтарам! Аввало иҷозат фармоед, аз номи кормандону муштариёни рӯзномаамон Шумо ва тамоми аҳли исломи кишвари азизамонро бо моҳи шарифи Рамазон табрик гуфта, тамоми хушиҳои зиндагиро таманно намоем.
– Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим, бисёр ташаккуру сипос, аммо баъд бо чашмдошти ба саодати ду дунё соҳиб шудани бандаҳояш ба Аллоҳи таоло ҳамду сано бодо! 
Воқеан калимаи «рӯза» ба лафзи арабӣ «сиём» буда, маънои луғавии он парҳез кардан, нигоҳ доштани нафсро дорад. Дар истилоҳи шариат «аз субҳи содиқ то фурӯ рафтани Офтоб» аз хӯрдан, нӯшидан, худро нигоҳ дошта, бештар амалҳои некро иҷро кардан аст. Аз ҳама муҳимаш, шахси рӯзадор бояд тақводор, яъне бо ирода, парҳезкор, савобталаб, худотарс, ҳақиқатнигор ва қалбаш мусаффо бошад.
Агар хоҳед, ки сабуру батоқат бошед, гуноҳҳоятон мағфират гардад, ҳатман рӯза доред. Боз як гап. Вақтҳои охир табибон собит кардаанд, ки бо гуруснагӣ кас метавонад ба дардҳои худ даво ёбад. 
Таъкид кардан ҷоиз аст, ки рӯзадорӣ дар дигар динҳо низ ҳаст, вале бо тартибу қоидаи дигар.
Фаромӯш накунем, ки ҳамаи амалҳои инсон барои худаш буда, рӯзадориаш барои Парвардигор аст. Дар ҳадиси қудсӣ омадааст: «Аллоҳи таъоло фармуд: «Ҳамаи амалҳои фарзанди одам барои худаш, танҳо рӯзадориаш барои ман аст ва мукофоти онро Худам медиҳам».
Пайғамбарамон (с.а.в.) доир ба фазилатҳои рӯза ва чӣ гуна рафтор кардани рӯзадор чунин фармудаанд:
1. Рӯза шахси рӯзадорро аз корҳои бад, гуноҳ содир кардан, бемориҳо ва муҳимаш, аз ба дӯзах афтодан нигоҳ медорад. Аз даҳони рӯзадор суханҳои бемаънӣ, беҳуда, ношоям, ҳақорат намебарояд. Агар ягон одам бо ӯ ҷанг карданӣ ё дашном доданӣ шавад, вай бояд «ман одами рӯзадорам» гӯяд. Чунин рафтор ва гуфтор одоби баланд ва олиҷаноб аст.
Барои рӯзадор ду хурсандӣ ҳаст. Нахуст ӯ ҳангоми ифтор мамнун, сониян ба Офаридгор қариб мешавад. 
– Домуллои мӯҳтарам, аз Ойиша розияллоҳу анҳо ривоят мекунанд, ки Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи васаллам дар даҳаи охирини моҳи Рамазон миёнро маҳкам баста, шабзиндадорӣ карда, инчунин занони хонадонро ба ибодат даъват намуда, фазилатҳои ҳамон шабҳои моҳи Рамазон ва ба хусус шаби Қадрро таъкид кардаанд...
– Ҳақ асту рост. Зеро маҳз дар рӯзи 27-уми Рамазон, дар шаби Қадр китоби муқаддаси мо Қуръони карим нозил шудааст. Агар дар ҳамон шаб одамон бедор нишаста, бо тиловати оятҳои Қуръон, намозхонӣ, тавбаву тазаррӯъ, дуохонӣ машғул шаванд, аҷру савоби он ба ибодати ҳазор моҳ баробарро соҳиб мегардад.
– Гоҳо шоҳиди он мешавем, ки баъзе шахсон ба хотири гузаштагони хеш ифтор ташкил мекунанд ва рӯйи дастархон ғайр аз шири мурғ ҳама чизро мегузоранд...
– Мушоҳидаи шумо дуруст аст. Исрофгарӣ, худситоӣ дар дини мубини мо амалҳои макрӯҳанд. Мо дар амрҳои маъруфи хеш таъкид мекунем, ки ифтор ташкил кардан, як намуди хайру эҳсон аст, на худнамоӣ. Агар ҷойи исрофгарӣ ба шахсони камбисот, муҳтоҷ, ногиро дасти ёрӣ дароз кунем, аҷру савоби бештар мегирем. Фитри рӯзаро бояд ба мискину бечорагон дод, ки  миқдори он ба қимати қариб ду кило гандум аст.
– Дар зиёрати ҳаҷ «ҳаҷҷи бадал», яъне ба ҷойи дигар шахс ҳаҷ кардан мавҷуд аст. Оё ба ҷойи каси дигар рӯза доштан мумкин аст?
– Намоз ва рӯза ибодати шахсист ва аз тарафи дигарон адо карда намешавад. Шариат барои шахсоне, ки рӯза дошта наметавонанд, фидядиҳиро ҷорӣ кардааст.
– Магар ғайр аз моҳи шарифи Рамазон дар дигар вақту фасл рӯза доштан мумкин аст?
– Албатта, мумкин. Масалан, дар моҳи муҳаррам рӯзи Ашӯро ҳаст, ки маънояш «рӯзи даҳум» мебошад. Расулуллоҳ (с.а.в.) дар ҳамин сана рӯза доштанро амр кардаанд. Инчунин, рӯзаи моҳҳои раҷаб, шаъбон, шаввол ҳаст. Дар ҳар моҳ се рӯз рӯзадорӣ низ ҳаст.
Аз фурсат истифода бурда, ба муштариёни рӯзнома сиҳҳативу саломатӣ, иродаи матин ва иҷобат шудани амалҳои некашонро таманно дорам.

Суҳбаторо 
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Самарқанд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: