РОБИТАҲОИ ДӮСТИИ ДУ ХАЛҚ СОЛ АЗ СОЛ МУСТАҲКАМ МЕГАРДАД

Мо – як гурӯҳ аҳли адабу фарҳанг, намояндагони иттиҳодияи ҳунармандон ва идораҳои маҳаллии сайёҳӣ, котибони матбуоти идораҳои мухталиф, хабарнигорони воситаҳои ахбори оммавӣ, журналистони расонаҳо ва блогнависон таҳти раёсати муовини ҳокими вилояти Фарғона Хуршедҷон Аҳмедов ба вилояти Суғд ташриф овардем.

 Дар посгоҳи марзии «Андархон», ки ноҳияи Бешариқи вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон ва шаҳри Конибодоми вилояти Суғди Тоҷикистонро васл менамояд, моро зери садои дафу доира ва карнаю сурнай хеле гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Дар ҷараёни сафари худ мо аз иншоотҳои таърихӣ ва меъмории шаҳри Хуҷанд, гулгашту хиёбонҳои он, осорхонаҳо, Қалъаи қадимии Хуҷанд ва амсоли он боздид намудем. Тамошои Қалъаи Хуҷанд дар аъзои гурӯҳи мо таассуроти хеле амиқ боқӣ гузошт. Даромадгоҳ ва деворҳои қалъаи хеле харобгашта маҳз бар асари ҷангу даргириҳои шадид бо ишғолгарони дохиливу аҷнабӣ ба ин гуна ҳолат афтода, ҳамон намои худро то кунун барқарор нигаҳ доштааст. Ин қалъа дар охири асри XX қисман барқарор шудааст. Инчунин ашёи хеле ғании Осорхонаи кишваршиносии вилояти Суғд зиндагии гузаштаи мардуми ин қисмати Тоҷикистонро пеши назар хеле равшану возеҳ ҷилвагар намуданд.
Боздид аз Осорхонаи таърихиву кишваршиносии вилояти Суғд, хусусан, суҳбату мулоқот бо мардуми меҳмондӯсту меҳмоннавозаш қобили таҳсин мебошад. Роҳбаладон барои мо бар асоси маълумотҳои аз маъхазҳои бостоншиносӣ ҳосилшуда таърихи куҳанқалъаи Хуҷандро дубора зинда сохтанд. 
Тамошои Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, ки ашёи онро ба теъдоди якуним ҳазор арзёбӣ намуданд, баёнгари он мебошад, ки қаҳрамонҳои гузаштаи тоҷикону ӯзбекон муштарак мебошанд. Зеро онҳо ин сарзамини бостониро баробар ва паҳлӯи ҳам аз душмани ғаддор ҳифз намудаанд. Қаҳрамониҳои Спитамен, ки бар зидди Искандари Макдунӣ ҷангидааст, ҷасорати беназири Темурмалик, ки алайҳи ишғолгарони муғул вориди набард шудааст, Исмоили Сомонӣ, ки давлати худро то ба манотиқи аз Бухоро хеле дур низ ташкил кардааст, сиккаҳои тиллоии давраи Сомониён, ки гуфта мешавад, қимати хеле гаронро соҳибанд, аз зумраи ҳамин ашёҳои нодиру диданбобанд.
Камоли Хуҷандӣ дар таърихи адабиёти форс-тоҷик мавқеи хосеро ишғол мекунад. Хушбахтона, дар Ӯзбекистон аз тарафи як идда шоирон шеъру ғазалҳои ӯ аз тоҷикӣ ба ӯзбекӣ тарҷума шудаанд. Пеш аз он ки дар пояи муҷассамаи ӯ дастаҷамъона акс гирем, вориди осорхонаи ӯ шудем. Аз сар то охири ашёи ин осорхона ба ҳаёт ва фаъолияти ин шахсияти маъруфи олами адабу фарҳанги форсӣ бахшида шуда буд. Мутаассифона, вай як қисми ҳаёташро бо сахтиҳо дар ғурбат ба сар бурдааст. Ин сатрҳоро хондаму баданамро як эҳсоси дурушт фаро гирифт: «Шайх Камоли Хуҷандӣ ҳангоми тохтутози Тӯхтамишхон ҳамроҳ бо дигар асирону ғаниматҳо ба шаҳри Сарой бурда шуд ва чаҳор (ё ёздаҳ) сол дар он шаҳр монд. Асорату ғурбатро бо ёди Табрезу дӯстони табрезияш ба сар бурд ва ниҳоят дубора ба Табрез баргашт.  Камоли Хуҷандӣ соли 1401 дар Табрез даргузашт ва дар боғаш ба хок супорида шуд». 
Бешубҳа, чунин сарнавишти адибони номдор дар ҳамон давра ба як ҳолати маъмулӣ табдил ёфта буд, ки Камоли Хуҷандӣ низ аз он дар канор намондааст.  
Ин сафари худро банда сафари пур аз меҳру муҳаббат ва самимияту қадршиносии ду халқ унвон намудам. Зеро он бори дигар собит намуд, ки ӯзбекону тоҷикон аз қадим дар як бому ҳаво зиставу пастиву баландиҳои зиндагиро якҷо паси сар намудаанд.  
Гузашта аз ин, мо аз истиқболи гарми мизбонони вилояти Суғд хеле ба ваҷд омадем. Ҳар як ҷо, ки барои хӯрдани таом ё суҳбат менишастем, фазои базлагӯӣ ва шеъру ғазалхонӣ моро дар канор мепарварид. Дар поёни сафар садоратҳои туризми ду вилояти ҳамҷавор Ёддошти тафоҳум ба имзо расонданд. Бар асоси ин ёддошт минбаъд идораҳои сайёҳӣ ва туроператорҳои ду вилоят ҳамкориҳояшонро беш аз пеш тавсеа хоҳанд бахшид. Мо бо як олам таассуроти наҷиб ба Фарғона баргаштем.
Ногуфта намонад, ки дар панҷ соли охир теъдоди бештари сайёҳоне, ки ба вилояти мо ташриф овардаанд, ба сокинони вилояти Суғди Тоҷикистон рост меояд.

Гулноз ТӮХТАСИНОВА,
журналист.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: