МО НИЗ КАМАРБАСТА

Роҳбари давлатамон дар ҷамъомади видеоселекторӣ, ки 11-уми октябри соли равон баргузор гардид, ба масъалаҳои бунёди «Макони сабз» ва ташкили мавсими тирамоҳии ниҳолшинонӣ аҳамияти ҷиддӣ доданро таъкид намуд.

Чанде пеш Муроҷиатномаи  фаъолони маҳалла, собиқадорон, зиёиён, занон ва духтарон, ҷавонони вилояти Самарқанд ба аҳли мардум эълон гардид. Дар он таъкид шудааст, ки мо, собиқадорони меҳнат дар ҳоли садоқат ба арзишҳои миллӣ, ба тарзи ҳамоҳанг ба анъанаҳои некамон чун шинондани ниҳол ва барпо кардани боғу гулгаштҳо бо роҳи ҳашар, сабзазор кардани атрофи хонаву макони зист ташаббус нишон дода, аз худ боғу роғ гузорем. Мо медонем, ки намунаи шахсӣ, панду насиҳат лозим. Мо дар доираи лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» штаби махсус ташкил карда, аҳду паймон кардем, ки дар  заминҳои бекор, соҳилҳои рӯду ҷӯйҳо беш аз 400 ҳазор бех ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда ва сояафкану манзаравӣ шинонем.
Боиси таваҷҷуҳ аст, ки ҷавонону собиқадорон ғояи олиҷаноби «Дар Ӯзбекистони Нав – макони сабз якҷоя хушбахтона зиндагӣ кунем!»-ро дастгирӣ карда, ба бунёди боғу гулгаштҳо камари ҳиммат бастаанд. Боиси хушнудист, ки бо роҳи ҳашар, аллакай, беш аз 120 ҳазор бех ниҳоли гуногун макони худро ёфтаанд. 
 
Равшан ИСРОИЛОВ,
собиқадори меҳнат, 
аъзои Шӯрои «Нурониён»-и 
ноҳияи Самарқанд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: