САВДОИ МОШИН

(Ҳикоя)

Профессор Мавлон Амон баногоҳ дар хона эълон кард, ки «Мерседес»-и кӯҳнаи худро мефурӯшад.
Занаш эътироз кард:
– Бору бисотамон ҳамин як мошин аст, нафурӯшед. Нафақаамон ба рӯзгор мерасад. Ба чизе зор нестем.
– Аммо ин набераписарамон мошинро мешӯям гуфта, маро фиреб карда, ба кӯчаи сермошин бароварда истодааст. То мошиншӯйхона роҳ анчекак. Худо нахоста ягон фалокат нашавад мегӯям,– гуфт профессор.
– Пир шудем, мошин ҳар замон даркор мешавад,– гуфт занаш,– аммо баъди ин гапи шумо дар дили ман ҳам алав афтид, охир ин набераамон ҳоло наврас аст ва ҳуқуқи мошин рондан надорад.
 – Ғам нахӯр,– гуфт Мавлон Амон,– кӯчаву роҳҳо пур аз таксӣ. Роҳкирояшон – арзон.
Баъди он ки кампираш розӣ шуд, профессор бо дили пур «Мерседес»-и нимдоштро, ки як писари амрикоияш пулашро додааст, ба мошинбозор бурд. Мошинбозор берун аз шаҳр дар як дашти калон будааст. Ин ҷо пеш ахлотхонаи шаҳр буд ва роҳбарон барои нест кардани он бисёр андешида қарор доданд, ки болои ахлотро бетонпӯш карда ба мошинбозор табдил диҳанд.
Мавлон Амон, вақте ки аз баландӣ ба майдони мошинбозор сарозер мешуд, дид, ки теъдоди мошинҳо аз саршумори мардуми Самарқанд бештар аст. Баъди ворид шудан ба бозор фаҳмид, ки харидор яктою мошин садто, аммо даллолҳо, ҷаллобҳо беҳисоб.
Мошини ӯ дар майдони тамғаҳои хориҷӣ ва мошинҳои коллексиявӣ ҷой гирифт. Дар паҳлӯи «Москвич»-и бисёр нагаштагӣ, яъне коллексионӣ. Яъне ба ин майдон барои харидани мошин асосан сарватмандон медаромадаанд. Профессор аз равоншиносӣ низ дарс медод ва зуд фаҳмид, ки ин ҷо фанду фиреби зиёдест. Қувваи шунавоии хуб дошт ва шунид, ки яке аз даллолҳо телефонӣ ба кадоме маълумот медиҳад: як кас мерси шашсадӣ овард, аз афташ профессор барин, ман як бор баромадашро аз телевизор дида будам. Инҳо бозор чист намедонанд, ба ними нарх харидан мумкин. Шербачаҳоро ба кор андозед.
Сонӣ даллолу ҷаллобҳои маккор яке паси дигар омада «мерседес»-ро он қадар ба замини сиёҳ заданд, ки профессор, бо вуҷуди равоншинос буданаш, қариб буд бовар кунад. Хулласи калом, мошини беҳтарини бозорро «банкаи чорчархаи кӯҳна, сазовори металлолом» номиданд. 
Профессор аз ин ҳол хеле зиқ шуд. Мошинро дар нияти баровардан буд, ки як бонуи зебои хушлибос пайдо шуд, дар гӯшҳо гӯшворҳои алмосӣ, панҷаҳо пури зевар.
– Муаллим, чӣ мехаред? – гуфт он бону.
– Ээ... Фаттона ин туӣ? – қариб нашинохтам,– гуфт профессор.
– Ҳама некиҳотон дар дилам,– гуфт Фаттона. – Охир шумо ба мани камсавод доим «се» монда, диплом гирифта додед. Сонӣ боз дар ҳокимият кор ёфта додед. Раҳмат ба шумо. Ман аз шумо қарздор.
– Дар ёдам нест, ман ҳеч гоҳ аз донишҷӯйи бадхон пул намегирифтам.
– Медонам, малимҷон, барои ҳамин бору бисотатон ҳамин мошинкӯҳна.
– Ту ҳоло дар куҷо кор мекунӣ?
– Ба як фирмаи бой гузаштам. Ба номаш котиба. Дар амал маъшуқаи шеф. Яъне зани дуюм. Хонешба якта нон барад, манба дута метияд.
Мавлон Амон ба рӯйи ин ҷавонзан зеҳн монда дид, ки чеҳрааш ҳама аз сурхию сафедӣ иборат, абрӯйи табииро пурра тарошида болотар бо сиёҳқалам абрӯи нав кашидагӣ, мижгонҳо низ аз ҳад зиёд, маснӯӣ барин. Лабҳо варамида дорад. Хуллас аз ҳусни табиӣ чизе намондааст.
– Ба ту чӣ шуд, духтарам, ин қадар рангу бор кардаӣ? – ногоҳ аз даҳони муаллим баромад ин суханҳо.
– Замон замони реклама, муаллимҷон, реклама накунам, шавҳарам аз пушти таннозҳо метозад. Ҳоло ба ин даллолу ҷаллобҳо пул дода мошинатона реклама кунонед, зуд ба фурӯш меравад.
– Ин ҷо тахмин ким-чӣ хел фиребгарӣ будагӣ барин, – гуфт профессор, – мошини маро агар худат харӣ, бурд мекунӣ.
Ҳамин вақт даллоле наздик омада гуфт: «Э, Фаттонахон, ин шумоед? Нашинохтам, бой мешавед. Чӣ хелаш даркор, зуд савдо карда ба нисфи нархаш харида медиҳем.
– Ин ҷо ду мошин истодааст. – «Москвич» ва «Мерседес». Кадомаш нағз?
– Албатта «Москвич» беҳтар. Редкий экземпляр. «Москвич»-ро як-ду сол нигоҳ медоред, лекин савор намешавед, баъд ба коллексионерҳо даҳ баробар зиёд аз нархи худаш мефурӯшед.
– «Мерседес» мошини беҳтарини ҷаҳон, – гуфт Мавлон Амон, – ин хел мошин кӯҳнашавӣ надорад. «Мерседес»  – аспи ҷав хӯрдагӣ, «Москвич» – хари хасхӯрдагӣ!
– Аз аспи пир хари ҷавон беҳтар аст, – гуфт Фаттона ва «Москвич»-ро харида савор шуда рафт.
Баъд як харидори сарватманд пайдо шуда гуфт: – Бед, бе ҳамин даллолҳои маккор худамон мувофиқа мекунем. Аз нархи «Мерседес»-и нави магазин ҳазор доллар кам. Розиед шумо?
– Неъ! – гуфт профессор, – ман акнун қимати ҳақиқии ин аспамро фаҳмидам. Ба ин асп мисли он ки ба кампирам одат кардаам, дил бастаам. 
Ӯ ба «Мерседес» савор шуда бо суръати тез ба ҳавлиаш расид, мошинро ба гараж дароварда, қулф кард ва калидро ба занаш дода гуфт: – Инро пинҳон кун!
– Мардак, харидор пайдо нашуд? – пурсид занаш.
– Ман онҳоеро, ки ба ман хидмат кардаанд, намефурӯшам! – гуфт Мавлон Амон.
Занаш наздик омаду аз рӯи шавҳараш бӯсид.
Мавлон Амон бо як оҳанги пур аз дард гуфт: – То вақте ки мо бо мошину хонаҳои боҳашаму тӯйҳои осмонкаф обрӯ гирифтан мехоҳем, одам намешавем.То вақте ки чунин аст, инсонҳои донишманд, ҳалолкор обрӯ ёфта наметавонанд. Ин дар мошинбозор ба ман бештар аён шуд.
Адаш ИСТАД

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: