Ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Бобоҳоҷӣ»-и ноҳияи Пешкӯ аз чор деҳа: Боқимиришкор, Шоваре, Бобоҳоҷӣ, Танируд иборат буда, 4910 нафар аҳолӣ, 905-то хонадон, 1228-то оила дорад ва ҳамаи сокинони ҳудуд тоҷиконанд.
Вақте ки мо ба ин ҷо омадем, раиси маҳалла, омӯзгори тарбияи ҷисмонии собиқи мактаби деҳа Баҳром Кенҷаев дар кабинети корӣ ба ҷамъомади селектории ҳокими вилоят омодагӣ медид. Ҳамин тариқа ёвари ҳоким Шералӣ Ҷӯраев, фаъоли бонувон Насиба Холова ва роҳбалади ҷавонон Абдуҷамил Шодиев дар кабинетҳои кории худ саргарми машғулияте буданд. Азбаски то саршавии ҷамъомади селекторӣ якчанд дақиқа вақт буд, суҳбати мо бо раис Б.Кенҷаев самаранок гузашт.
– Имрӯз дар ҳудуди мо як мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №18, се муассисаи таълими томактабии давлатӣ, як боғчаи оилавӣ фаъолият дошта, ба мардум се ошхона, даҳ дукон, се корхонаи дӯзандагӣ, се нуқтаи хидмати техникӣ, панҷ сартарошхона хидмат мерасонад, – гуфт вай.
– Боиси хушнудист, ки ба қарибӣ 5 километр роҳҳои даруни деҳаҳоямон бетонфарш ва асфалтпӯш гардиданд. Ҳоло навбат ба таъмир ва асфалтпӯшкунии роҳи асосиамон расидааст. Ҷараёни кор дар арафаи оғозёбист. Дар маҳалла овардани оби ошомиданӣ низ ба нақша даромадааст, – илова намуд ӯ.
Аз суханони фаъоли бонувони маҳалла Насиба Холова аён гардид, ки 2641 нафари аҳолии маҳалларо занон ва духтарон ташкил мекунанд. 161 нафари онҳо шомили «Дафтари бонувон» гаштаанд.
– Азбаски дар ҳудуд ба масъалаи хонакории бонувон эътибори ҷудогона дода шудааст, байни онҳо бекорон нестанд, – гуфт мусоҳибам.
– Дар маҳалла ҷавонони то синни 30-сола 2281 нафаранд, – ба суҳбат ҳамроҳ шуд роҳбалади ҷавонон Абдуҷалил Шодиев. – Аксарияти онҳо бо машғулият фаро гирифта шудаанд. Ҳарчанд дар ҳудуд ҷойҳои корӣ пайдо кардан мумкин аст, бо вуҷуди ин 264 нафар ҷавонони мо аз Русия кор ёфтаанд. Табиист, ки ҷавонон варзишро дӯст медоранд. Аз ин рӯ чор варзишгоҳ ба хидмати онҳо гузошта шудааст.
Беҳуда нест, ки ҳамдеҳаамон Шавкат Тӯраев дар мусобиқаи байни ҳарбиён оид ба муҳорибаи дастӣ ва сангбардорӣ чемпиони ҷаҳон гардид, – бо ифтихор таъкид намуд Абдуҷалил.
– Солҳои охир сазовори мукофоти давлатии «Мард ӯғлон» гаштани ду нафар хатмкунандаи мактаби рақами 18-уми деҳаамон Ҷаҳонгир Норбоев ва Анварбек Саъдуллоевро шояд худатон медонед... Ногуфта намонад, ҳоло дар «Дафтари ҷавонон» 12 нафар намояндагони ҳудудамон боқӣ мондаанд, – илова намуд вай.
Гуфтан ҷоиз аст, ки дар ҳудуд ёздаҳ хоҷагии фермерии ғаллаю пахтакорӣ фаъолият доранд. Қисми зиёди онҳо нақшаи шартномавии ба давлат супоридани пахтаро бомуваффақият ба сомон расондаанд.
Ҷамъомади селекторӣ ба воситаи компутер оғоз ёфту мо бо масъулони маҳалла хайрухуш намудем.
Амрулло АВЕЗОВ,
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.