Тибқи Конвенсияи СММ оиди мубориза ба биёбоншавӣ то соли 2050, аз чор се ҳиссаи аҳолии ҷаҳон метавонад аз хушксолӣ осеб бинад.
Дар асоси тадқиқоти Пажӯҳишгоҳи ҷаҳонии захираҳои табиӣ ва ташкилоти Economist Intelligence Unit-и Бритониёи Кабир кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ӯзбекистон аз шумори 33 кишваре ҳастанд, ки то соли 2040 ба норасоии об рӯ ба рӯ хоҳанд шуд.
Ҷолиби диққат аст, ки беш аз 80 фоизи оби Осиёи Марказӣ барои обёрии кишоварзӣ сарф мегардад. Президенти Ӯзбекистон дар чорабиниҳои сатҳи байналхалқӣ ва аз минбарҳои баланд як қатор пешниҳодҳоеро ба миён мегузорад, ки ба ҳалли муштараки масъалаи норасоии об ва мушкилоти экологӣ нигаронида шудаанд.
Аз панҷ се самти афзалиятноки Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» деҳот мебошад, ки сарфи захираҳои об ва ҳифзи муҳити зистро дар бар мегирад. Аз ҷумла, лоиҳаи стратегия ба 25 фоиз баланд бардоштани самаранокии истифодаи об, таъмин сохтани тамоми майдонҳои кишт бо технологияи сарфаи об, инчунин гузарондани 50 фоизи шабакаҳои обёрии дохилӣ барои қатъ намудани системаи обёрӣ нигаронида шудааст.
Дар баробари ин, барномаи ҳафтсолаи тадбирҳои аз хок ба бетон гузарондани каналҳо бо роҳи васеъ ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадами хориҷӣ дар системаи обтақсимкунӣ тартиб дода мешавад.
Пӯшида нест, ки қисми зиёди обе, ки дар кишоварзии мамлакати мо истифода мешавад, тавассути кишварҳои ҳамсоя меояд. Аз ин рӯ, дар стратегия идомаи ҳамкории фаъоли мутақобилан судманд дар самти истифодаи муштараки захираи об ва иншооти байнидавлатии об пешбинӣ шудааст.
Дар баробари ин, ба таъмини баҳрабардории оқилонаи захираи об дар кишоварзӣ эътибори ҷиддӣ дода мешавад.
Аз ҷумла, аз ҳисоби ҷорӣ намудани технологияи обёрии қатрагӣ ва 20 фоиз кам кардани миқдори об ба ҳар гектар замини обӣ ҳосилнокии истифодаи он баланд мешавад. Аз ҳисоби беҳтар намудани ҳолати мелиоративӣ аз замини бо як метри мукааб обёрикардашуда, ба маблағи 3,7 доллари ИМА фоида ба даст меояд.
То соли 2030 афзоиши ҳаҷми сармоягузории хусусӣ тавассути ҷорӣ намудани иншооти автоматикунонидашуда идоракунии на камтар аз 100 иншооти бузурги хоҷагии об, ҷалби бахши хусусӣ ба соҳаи ирригатсия ва ба таври васеъ ҷорӣ намудани шарикии давлатӣ ва бахши хусусӣ пешбинӣ шудааст.
Дар маҷмӯъ, дар доираи стратегияи рушди кишвари мо барои ҳафт соли оянда ба таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти озуқаи арзон ва хушсифат тавассути саривақт бартараф намудани оқибатҳои ноустувории ҷаҳонии экологӣ ва беҳбуди вазъи экологӣ ба самаранокии хоҷагии қишлоқ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.
Олтиной МАМИРОВА,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис. (ӮзА).