ҶАМЪОМАД ДАР ИТТИҲОДИ НАВИСАНДАГОНИ ӮЗБЕКИСТОН

Дар Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон ҷамъомади навбатии Шӯрои адабиёти тоҷик баргузор гардид. Чорабиниро мушовири раиси Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон Салим Ашӯров кушод ва ҷиҳати равобити адабиёти ӯзбек ва тоҷик, ки вақтҳои охир хеле мустаҳкам шудааст, ҳарф зад.

Оиди корҳое, ки марбут ба адабиёти тоҷик дар давоми соли 2023 ба амал бароварда шуданд, раиси Шӯрои адабиёти тоҷик дар ҳузури Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон Х. Ҳамидов ҳисобот дод. Вай гуфт ин давра барои адибоне, ки дар риштаҳои назму наср табъ месанҷанд ва ба забони модариашон асарҳо меофаранд, бобарор буд. Якчанд китоб аз тариқи нашриётҳои гуногун рӯйи чоп диданд.
Дар бораи наср ва публитсистикаи адибони тоҷики ӯзбекистонӣ шоир, мудири шуъбаи адабиёт ва ҳунари рӯзномаамон Абдулло Субҳон, оиди шеърият ва тарҷума шоир ва ношир Асадулло Шукуров, марбут ба алоқаҳои фарҳангӣ байни халқҳои тоҷик ва ӯзбек рӯзноманигор Шоқаҳҳор Салимов маърӯза хонданд. 
Дар доираи чорабинӣ рӯнамоии китоби шеърҳои Муҳаммад Шодӣ, ки бо унвони «Ояти сабз» аз ҷониби нашриёти «Адабиёт» таҳти кумаки молиявии Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон рӯйи чоп дидааст, баргузор гардид. Ҳамчунин китоби нави шоир Расулбеки Аҳмадзод «Фарди фардо», ки нашриёти «Шафоат нур файз» аз чоп баровардааст ва «Куллиёт»-и шоир Абдулло Раҳмон муаррифӣ гашт. Гуфта шуд ҳикояҳои насрнависони ӯзбек дар шакли китоби алоҳида дар арафаи чоп аст, ки онҳоро нависанда Юнуси Имомназар ба тоҷикӣ баргардондааст.
Дар ҷамъомад намояндагон аз Маркази мадании тоҷикони ҷумҳурӣ ва шуъбаҳои вилоятии он иштирок карданд.

(Мухбири худамон).     

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: