МО ТОҶИКЕМ, АММО ЗАБОНАМОН ФОРСӢ БУДУ ҲАСТ

Инҷониб дар он андешаам, ки тоҷикон бо порсигӯёни дунё — тоҷикони Афғонистон, эрониён, қисмате аз покистониёну ҳиндустониён адабиёти муштарак доранд.

Ва ин адабиёт бо як забон офарида шудааст, ки тӯли беш аз ҳазор сол онро порсӣ ё форсӣ номидаанд, на тоҷикӣ. Гоҳо ин забонро дарӣ низ номидаанд, ки ба фикрам, форсии дарборӣ аст. Дарӣ, яъне забоне, ки ибтидо дар дарбори шоҳону амирон ба сифати забони расмӣ ба кор бурда мешуд. Форсии дарӣ (дарборӣ), мисле ки имрӯз забони меъёр (адабӣ) аз забони гуфтугӯии омма фарқ мекунад, аз форсии мардуми қаторӣ фарқ дошт. Инак, чанд мисол доир ба корбурди вожаҳои «порсӣ», «форсӣ» ва «дарӣ» ба сифати забон дар осори пешинагон:
Дид маро гирифта лаб оташи 
порсӣ зи таб,
Нутқи ман оби тозиён бурда
 ба нуктаи дарӣ.
(ҲОҚОНӢ)
***
Дариву тозиву туркӣ бигӯяд,
Ба алфозе, ки занг аз дил бишӯяд.
(Фахриддини ГУРГОНӢ)
***
Зи шеъри дилкаши Ҳофиз касе 
бувад огоҳ, 
Ки лутфи табъу сухан гуфтани 
дарӣ донад.
(ҲОФИЗ)
***
Басе ранҷ бурдам дар ин соли сӣ,
Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ.
(ФИРДАВСӢ)
***
Туркони порсигӯ бахшандагони 
умранд,
Соқӣ, бидеҳ башорат риндони 
порсоро.
(ҲОФИЗ)
***
«... Ва бад-ин вилоят омад ва номи ӯ 
Шопур буд ва «пур» ба забони форсӣ 
писар бошад».
(«Таърихи  Наршахӣ»)
Классикони адабиёти форс-тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Умари Хайём, Носири Хусрав, Саноӣ, Ҷалолуддин Балхии Румӣ, Аттори Нишопурӣ, Саъдии Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Убайди Зоконӣ, Хусрави Деҳлавӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Калими Кошонӣ, Соиби Табрезӣ, Сайидои Насафӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил ва даҳҳо тани дигар, ки ба тамоми форсигӯёни дунё мутааллиқанд, забони осорашонро форсӣ номидаанд, таълифоташон низ бо хати форсӣ сурат гирифтааст. Чаро хат ва алифбои форсӣ, на алифбои арабиасоси форсӣ? Зеро дар ташаккул ва такомули ин хат аҷдоди мо низ ширкат ҷустаанд: зеру забарашро гузоштаанд, ҳарфҳои худро ворид кардаанд...
Дар ибтидои садаи ХХ, баъди табаддулоти сиёсии болшевикон ва «табартақсим»-и сарҳадҳо кор ранги дигар гирифт. Номи забони тоҷикон ва алифбояшон метавон гуфт, ки ғайриихтиёри онҳо, дигар карда шуд. Қавми тамаддунофаре, ки беш аз ҳазор сол хату алифбои худро дошт, аввал алифбои лотинӣ, сипас кирилиро қабул кард. На танҳо номи забони тоҷикон, балки номи забони бародарони ҳамдину ҳамҷавори онҳо: қазоқон, ӯзбекон, туркману қирғизҳо низ бо иртибот ба номи қавмашон тағйир дода шуд. Дар сарчашмаҳои таърихии то табаддулоти давлатии ибтидои садаи ХХ, мисле ки кас ба ибораи «забони тоҷикӣ» рӯ ба рӯ намеояд, ба ибораҳои «забони қазоқӣ», «забони ӯзбекӣ», «забони туркманӣ» ё «забони қирғизӣ» низ дучор намешавад.
Баъзеҳо бар онанд, ки дар сари ин корҳо устод Садриддин Айнӣ қарор дошт. Фикр мекунам, ки дар ин ҷараёни бунёдсӯз майлу иродаи аллома Айнӣ нақше надошт. Яъне, бо дархости боло бе иштироки устод Айнӣ ҳам, номи забон ва хати тоҷикон дигар карда мешуд. Агар кор бино ба майлу иродаи ин ҷоннисори қавм (миллат), ки то охири умр осори хешро бо хати форсӣ навиштааст, сурат мегирифт, ҳаргиз ӯ ба дигар шудани номи забон ва алифбои тоҷик розӣ намешуд ва ҷараёни содакунии забон низ оғоз намеёфт. Як пеши назар оред: сатҳи забондонии кӯдак аз сатҳи забондонии модар дар зинаи поён қарор дорад. Модар ба кӯдаки хеш як ҳарфу ду ҳарф омӯхта ӯро, бо мурури вақт, то ба сатҳи забондонии худ боло мебарад. Вале худро ҳеч гоҳ то ба сатҳи кӯдак поён намебарад. Забони муқтадири форсӣ забони меъёри  модарии мост. Мо — кӯдакон бояд як ҳарфу ду ҳарф омӯхта худро то ба сатҳи ӯ боло барем.
Таҷрибаи давлатдории шӯравӣ собит намуд, ки болшевикон дар тӯли кору фаъолияти хеш дар мавриди буридани дарахте дастаи табарро аз худи ҳамон дарахт гирифтаанд, яъне аз чеҳраҳои фарҳангӣ ва тӯдакашони ин ё он қавм, барои расидан ба аҳдофи худ, сӯиистифода кардаанд. Вагарна чаро дар он солҳои муҳлик баҳсу мунозираи забони тоҷик нахуст на дар матбуоти тоҷик, балки дар матбуоти русӣ сурат гирифтааст?
Дар ин хусус устод Айнӣ дар мақолаи хеш «Забони тоҷикӣ» чунин изҳори ақида кардааст: «Имрӯзҳо дар бораи чӣ будани забони тоҷикӣ мунозира ва гуфтугузор меравад. Азбаски бештарини ин мунозираҳо дар матбуоти русӣ гузориш ёфта истодааст, мо нависандагони тоҷик, ки забони худро базӯр медонем, — чӣ ҷойи забони русӣ, — аз рӯҳи ин мунозираҳо ва аз чӣ будани фикри ҳар кадом мунозиракунандагон бехабарем. Бинобар ин, ҳар чизе, ки ман дар ин бобат дар ин мақола менависам, танҳо иборат аз баён кардани фикри худам буда, нисбат ба фикри рафиқоне, ки дар матбуоти русӣ қаламронӣ кардаанд ва мекунанд, чӣ будани назарамонро то фаҳмидани муддаои онҳо мавқуф мемонам». (Садриддин Айнӣ «Ахгари инқилоб», саҳ. 105).
Дар бисёр сарчашмаҳои таърихӣ (дар ин ҷо, ба хотири ба дарозо накашидани навишта аз овардани мисолҳо худдорӣ менамоем) вожаи тоҷик ба сифати қавм (миллат) мавриди истифода қарор гирифтааст.  Вале забони тоҷикро, то табаддулоти сиёсии болшевикон — ибтидои садаи ХХ форсӣ номидаанд, на тоҷикӣ. Шарқшиносони дунё низ забони моро форсӣ қаламдод кардаанд. Мусташриқи маҷорӣ (венгер) Ҳерман Вамберӣ, ки чанде дар Эрон ва Осиёи Марказӣ доир ба забон тадқиқот анҷом додааст, дар таълифоти хеш — «Таърихи Бухоро ё худ Мовароуннаҳр», аз ҷумла, овардааст: «Лаҳҷаи форсии Осиёи Миёна, ки бо вай тоҷикон ҳарф мезананд, то имрӯз аз ҷониби донишмандони забони форсӣ мавриди тадқиқ қарор нагирифтааст. 
Дар ин лаҳҷа, аз ҷиҳати луғат ва ҷиҳати эъроб (дуруст талаффуз кардану навиштан) бисёр хосиятҳо ҳастанд, ки услуби Фирдавсиро ба ёд меоранд, дар ин лаҳҷа замирҳо (ҷонишин) ва феълҳо назар ба лаҳҷаи ҳозираи Эрон ба таъсири забони бегона камтар дода шудааст...». (Мусташриқ ба Эрон ва Осиёи Марказӣ соли 1823 сафар карда буд).
Дар ин ҷо бояд сари як масъала таваққуф намоем. Дерест, ки нохайрхоҳони тоҷик як ақидаи бепояву бемояро нисбати тоҷикон дар марзи зеҳнҳо мекоранд. Бино ба фикри онҳо, гӯё дар Осиёи Марказӣ қавме бо номи тоҷик вуҷуд надорад. Ва онҳое, ки худро тоҷик меҳисобанд, дар асл туркҳоеанд, ки ба таъсири мадрасаҳо забони худро гум кардаанд. Ё тоҷик арабзодаест, ки дар Аҷам бузург шудааст...
Ба ин фикрҳои ботил шояд онҳое, ки таърихи халқи худро намедонанд, бовар кунанд.
Яке аз сиёсатмадорони садаи ХХ немис гуфта будааст: «Агар халқро аз таърихаш маҳрум гардонӣ, аввал ба издиҳом, сипас, рафта-рафта ба подае табдил меёбад, ки ба осонӣ метавон идора кард». Тоҷикони Осиёи Марказӣ бояд имрӯз ба ин суол ҷавоб гӯянд, ки оё таърихи худро медонанд?  
Фикр мекунам, дастандаркорони он рӯзгор дар масъалаи содакунии забони форсии Мовароуннаҳр хеле зиёдаравӣ кардаанд. Ин ҷараён ба бисёр вожаҳои ноби форсӣ тамғаи архаистӣ зад ва онҳо аз истифода баромаданд. Ин кор ба аз байн рафтани саршир ва боқӣ мондани шири бешираи забони форсии Фарорӯд оварда расонд. Дигар шудани номи забон ва расмулхати бобоӣ табаре буд, ки барои аз решааш ҷудо кардан ба танаи дарахти сершоху барг ва пурбори фарҳанги мо зада шуд.
Дуршавӣ аз решаҳои худ ба он оварда расонд, ки тоҷик ба умқи осори назмию насрии аҷдодаш намерафтагӣ шуд. Муаррихон ва мусташриқони дунё бар онанд, ки забони форсӣ нахуст дар Бухорою Самарқанд ва Балх ташаккул ёфта, баъд ба соири кишварҳои ҷаҳон густариш ёфтааст. Вале имрӯз сатҳи забондонии тоҷикони Ӯзбекистону Тоҷикистон, дар муқоиса бо сатҳи забондонии ҳамзабонони хориҷии худ, хеле поин рафтааст.
Тавассути расонаҳои ахбори оммавӣ ва гуфтугузори мардум мебинем, ки имрӯз дар маҳдудаи Тоҷикистон забони форсӣ (тоҷикӣ) як андоза рушд кардааст. Фикр мекунам, ба забони форсӣ (тоҷикӣ) дода шудани мақоми давлатӣ дар ин кишвар, талабу пофишории роҳбари ин мамлакат ва баргузории чорабиниҳои гуногун, мисли озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ» ва дигар озмунҳои зиндагисоз ба рушди он мусоидат менамоянд.
Чандест, ки дар матбуоти даврии тоҷик баҳси ба расмулхати бобоӣ гузаштан ё нагузаштан идома дорад. Дар ин баҳс олимон, шоирон ва нависандагони саршиноси тоҷик ширкат меҷӯянд. Инҷониб аз баромаду гузоришҳо натиҷа гирифтам, ки ҳаштод дар сади аҳли илму адаб ва зиёиёни тоҷик ҷонибдори ба расмулхати бобоӣ гузаштан мебошанд. Суди алифбои бобоӣ ба мардум шояд беш аз он аст, ки камина меандешам. Аз дидгоҳи инҷониб агар ин хат ҷорӣ карда шавад:
1. Насли имрӯз аз дастхатҳои ниёгон, бевосита, яъне бе баргардонидан ба хати кирилӣ, баҳра бурда метавонад.
2. Дар натиҷаи дастёбӣ ба матбуоти ҳамзабонони хориҷӣ доираи ҷаҳонбинии насли ҷавон беш аз пеш вусъат пайдо мекунад ва сатҳи забондониаш низ баланд мешавад.
3. Эрон дар табъу нашри китоб ва тарҷумаи осори адибони саршиноси ҷаҳон аз давлатҳои пешрафта маҳсуб меёбад. Дар  ин кишвар адабиёти соҳавӣ низ зиёд ба дасти нашр мерасад. Аз ин хазина бо роҳи харид ва бознашр метавон баҳра бурд.
4. Шоирони саршиноси тоҷик натиҷа гирифтаанд, ки яке аз сабабҳои сактагии вазнӣ дар шеърашон савод баровардани онҳо бо хати кирилӣ будааст. Онҳо дар он андешаанд, ки хати форсӣ ин ишколро бартараф месозад.
Дар гузаштаи дуру наздик дар шеъри камистеъдодтарин шоирони тоҷик сактагии вазнӣ ва забонӣ пайдо намекунед. Фикр мекунам, ин ҳам ба шарофати хати форсист.
Баъзеҳо бо назардошти он, ки як ҳарф дорои чаҳор шакл аст, нуқтаҳояш зиёданд, зеру забар дорад, фикр мекунанд, савод баровардани аҳолӣ, аз ҷумла насли ҷавон, бо хати форсӣ душвор аст. Ба онҳое, ки чунин ақида доранд, суол доданием, ки чаро дар тӯли беш аз ҳазор сол ин хат барои аҷдоди мо мушкилие эҷод накард? Ё чаро чиноиёну ҷопониҳо, ки ҳар хаташон чанд шаклу намуд дорад (пешрафти техникиву иқтисодии ин мамлакатҳо мавзӯи алоҳида аст), аз мушкилии омӯзиши он наменоланд? 
Тамоми шоирони классики мо, ки оламиён аз хазинаи маънавиашон баҳра бурдаанду мебаранд, бо ҳамин «хати мушкил» савод баровардаанд. Ана ҳамин «хати мушкил» насли ҷавони Афғонистону Эронро нисбат ба насли ҷавони мо пешрафтатар кардааст. Як мисоли зинда, ки ба ҷавонони Афғонистону Эрон бастагӣ дорад. Чандест, ки  камина шеър машқ мекунам. Иттифоқ афтодааст, ки рӯзгоре дар ҳузури ҷавонони эронию афғонистонӣ чанд шеъргунаамро бихонам. Инҷониб аз хондан лаззат мебурдаму онҳо аз дарки шеър. Фикр мекунед, ки онҳо ба дунболҳои тасвирҳои шумо мегарданд. Аммо дар аудиторияи тоҷик ин лаззат камтар аст... Иллат дар чист? Фикр мекунам, иллат дар механизми таълими забон ва сатҳи пасти забондонии ҷавонони мост. Кӯдакони аҷдоди дуру наздики мо китоби муқаддаси мусалмонон — Қуръонро дар даҳсолагӣ ҳифз намудаанд. Аммо имрӯз дар тӯли даҳ сол ба фарзандони мо ҳифзи вожаҳои як забони муқтадир гаронӣ мекунад... 
Ҳоло дар мактабҳои таълими ҳамагонии Тоҷикистон алифбои ниёгон, ба сифати фанни алоҳида, таълим дода мешавад. Дар мактабҳои тоҷикии Ӯзбекистон низ пеш аз Истиқлолият омӯзонда мешуд, аммо ҳоло омӯзонда намешавад. Фикр мекунам, ин хат бояд амиқ омӯзонда шавад. Дар ҳар ду ҷумҳурӣ бояд тавре омӯзонда шавад, ки хатмкунандагон ҳамаи намудҳои ин хатро бароҳат хонда тавонанд. Ин фикру андешаҳои шахсии камина буд. Метавонанд дигарон бипазиранд ё напазиранд. Хостам ҳамқавмон бидонанд, ки доир ба ин мавзӯъ нуқтаи назари банда чист.  

Абдулло СУБҲОН. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: