РИСОЛАИ АРЗИШМАНД

Мовароуннаҳри қадим аз сарзаминҳое маҳсуб мешавад, ки тасаввуф дар он ҷо ба вуҷуд омада, вусъат пайдо кардааст.

 Тасаввуфи то қарни XII дар Осиёи Марказӣ рушд карда ба равнақи минбаъдаи он таҳкурсӣ ҳозир намуд.
Тадқиқоти илмии «Сарчашмаи тасаввуфи Мовароуннаҳр: ташаккул ва таснифи таълимоти тасаввуф (Асрҳои VIII-XI)» бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи омодагӣ ба 915-солагии таваллуди Хоҷа Абдухолиқи Ғиждувонӣ, ҳамчунин, 700-солагии таваллуди Хоҷа Баҳоуддини Нақшбанд ва ба муносибати аз ҷониби Соз-мони ҳамкории исломӣ соли 2020 Пойтахти маданияти олами ислом эълон шудани Бухоро» китоби олими ҷавон Комилҷон Раҳимов дар нашриёти «Дониш»-и шаҳри Душанбе аз чоп баромад. Мутарҷимони китоб Парвиз Иззатуллоев, Тоҷибой Икромов, муҳаррир Абдуллоҳ Субҳон мебошанд.
Дар рисолаи мазкур давраи тотариқатии тасаввуфи Осиёи Марказӣ, ғояҳои асосии ин давр, намояндагони бузург ва хусусиятҳои муҳими он, ҷойгоҳи асарҳои «Шарҳ-ат-Таъарруф»-и Мустамлӣ дар байни манбаъҳои тасаввуф, аҳамияти асари «Китоб-ат-таъарруф»-и Калободӣ ба сифати  осори фундаменталӣ оиди тасаввуф ва таъсири он ба манбаъҳои тасаввуфи баъдина тадқиқ карда шудааст.
Чуноне ки директори Институти шарқшиносии ба номи Абӯрайҳони Берунӣ, доктори илмҳои таърих, профессор Баҳром Абдуҳалимов таъкид кардааст, тасаввуфшиноси ҷавони ӯзбекистонӣ Комилҷон Раҳимов асари ҷолиберо таълиф намуда, ба ин восита ба пур кардани холигоҳи таҳқиқот дар ин самт кӯшидааст. Ва он як намунаи хуби дастоварди як нафар тасаввуфшиноси муосир дар таҳқиқи мероси муштараки ирфонӣ мебошад.
«Дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи илмӣ рӯйи чопро дидани асари Комилҷон Раҳимов аз тарафи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кори муҳим буда, ошноӣ бо дастовардҳои олимони ҳар ду кишвари бародарро бештар менамояд ва барои таҳкими дӯстию бародарии олимони ду халқ хидмат хоҳад кард»,– менависад муҳаррири илмии рисола, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Кароматулло Олимов.
 
Махфират 
МАМАҶОНОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик». 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: