МАРДИ РОҲ

Оре, дуруст аст, ки то коре аз касе бор орад, он кас бояд ҷаҳондидаву корозмуда ва рӯзбеҳу доно бошад.

Аз инҷост, ки дар ин айёми моҳи шарифи Рамазон хайру саховат боз ҳам некӯтару пурсавобтар аст. Чӣ андар осори ниёгон ва чӣ дар баргузидаҳои донишварони ҳар давру замон одатҳои хубу писандида маъқул дониста шудаанд, ҳарчанд ки на ҳама кас аз ин ганҷинаи пурбаҳо баҳрадор аст. Инак, ана дар ҳамин шабонарӯзи айёми шариф ҳастанд оқилу раҳҷӯёне, ки то бар муроди дили худ бирасанд, аз пайи он мешитобанд ё то ба касе кумак карда бошанд ва ё лоақал дилеро шод гардонда бошанд. 
Рустам  Абдурасулов соҳибкор, ҷонишини раиси Маркази миллии тоҷикони шаҳри Чирчиқ “Суғдиён” аст. Ҷавони дидадарост. Ба қарибӣ маҳз ба хотири ҳамбастагии чанд тан омӯзгорони Донишкадаи омӯзгории Чирчиқ суҳбати аҳли маънӣ барпо гардид. Маҳз ба туфайли ана ҳамин сарҷамъӣ чанде омӯзгорону устодони ин маърифатгоҳ бо ҳам шинос шуданд. Банда, ки низ дар ин маҳфил ҳузур доштам, бо чанд тан аз мардони шариф, устодони факултаҳои таълими ибтидоӣ ва шуъбаи томактабии донишкада ошно гаштам. Дар суҳбат устоди донишкада, номзади фанҳои филологӣ Малик Кабиров чанде аз ғазалиёти тозаи хешро барои ҳозирон қироат намуд. Устоди собиқадори факултаи методикаи таълими ибтидоӣ Алиҷон Каримҷонов низ ба завқ омад ва аз рубоиёти Умари Хайём хонда, ҳусни нишастро тозагӣ бахшид. Муаллими калони кафедраи донишкада Ойбек Абдураҳмонов бошад, аз ҳикматҳои нодири Пушкину Толстой, Гоголу Некрасов тарҷимаҳо овард.
Рустам соли 1973 дар шаҳри Душанбе ба дунё меояд. Мактаби рақами 54-уми шаҳрро бо баҳоҳои аъло хатм намуда, соли 1992 ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дохил мешавад. Наврасӣ ва ҷавониаш дар Душанбешаҳр сипарӣ мегардад. Бо тақозои тақдир аҳли оилаи онҳо дар соли 1994 ба шаҳри Чирчиқи Ӯзбекистон меояд. Давоми таҳсилро дар Институти роҳҳои автомобилии Тошканд идома дода, онро дар соли 1997 бомуваффақият хатм мекунад. Азбаски ҷавони дидадаро ва дилёб аст, зуд дар байни дӯстон маҳбубият пайдо менамояд. Ибтидои фаъолияташро дар коргоҳи Механизатсияи сохтмони Чирчиқ оғоз мекунад. Дертар тибқи тахассуси худ корро дар заводи асфалту бетони шаҳр ба сифати раҳбар идома медиҳад. Аз соли 1999 дар Ҷамъияти саҳҳомии масъулияташ маҳдуди “Пайванд”  фаъолият мебарад. Дар айни ҳол директори Ҷамъияти саҳҳомии масъулияташ маҳдуди “Садбаргтранс” мебошад. Шахсан худаш маҳз барои пешбурди корҳои ташкилии марказ якчанд миллион сӯм ҷудо кардааст. Чун ҳамеша деги саховаташ пур аз анвоъи хӯрданист, вай ба наздикӣ боз ба олиҳимматие даст зад, ки на ҳар як ҷавонмард аз ӯҳдаи ҳамин гуна кори хайр баромада метавонад. Бо мақсади хайри моҳи шариф 10 дона маҷаллаи “Дурдонаи Шарқ”, 5-дона китоби Олим Панҷизода “Тӯфони шабнам” ва 100 дона рӯзномаи “Ховар”-ро ба донишҷӯёни факултаҳои суханшиносиву таълими ибтидоӣ ройгон туҳфа намуд. Ба як маънӣ онро беҳтарин хайр ва садақоти рамазонӣ шумурдан мумкин аст. Саъдии бузургвор барҳақ фармудааст: 
Чу инсонро набошад фазлу эҳсон,
Чӣ фарқ аз одамӣ то нақши девор?
Ба даст овардани дунё ҳунар нест,
Якеро гар тавонӣ дил ба даст ор!
Дарёи тинати Рустам бо хӯву хислатҳои наҷибу некӯ сероб аст. Бахусус, ин камолоти вай дар ҷашни Наврӯз боз бараълотар аён гардид. Таҷлили он хеле бошукӯҳ ва пурмӯҳтаво гузашт. Мисли ҳарвақта дар қатори меҳмонони дигар ба он омӯзгорони донишкадаву донишҷӯёни гурӯҳҳои тоҷикии факултаҳои он даъват шуда буданд. Ин ҷашни хотирмон ба воситаи барномаҳои тоҷикии телевизиони ҷумҳурӣ – «Рангинкамон» намоиш ҳам дода шуд. 
Ёдам ҳаст, боре имоме мавриди амри маъруф бо мамнуният иброз дошт,ки Худованд ба дӯстдоштатарини худ ҳам аз ҷинси писар ва ҳам аз ҷинси духтар фарзанд ато менамояд. Ва илоҳо ҳамин хел ҳам бошад. Воқеан, Рустам дар оилаи табақаи зиёӣ ба дунё омадааст ва худи вай аз ин ифтихор мекунад. Чанд сол қабл аз ин падараш аз бемории дарозмуддати рӯдаву меъда аз олам чашм пӯшида буд. Модари 73-солааш ҳоли ҳозир ҳам дар яке аз беморхонаҳои Чирчиқ ба ҳайси акушер-гинеколог кор мебарад. Вай бо завқ ба забон мегирад, ки модараш зиёда аз чиҳил сол, чӣ дар  Душанбе ва чӣ дар Чирчиқ дар як вазифа кор кардааст. Худи Рустам соҳиби ду фарзанд аст. Духтараш Таҳмина донишҷӯйи курси савуми шуъбаи дорусозии Донишкадаи тиббии Тошканд мебошад. Писараш Шоҳрухҷон маълумоти олӣ дорад. Алҳол дар паҳлӯи падар бо корҳои тадбиркорӣ шуғл меварзад. Ҳар кас, ки Рустамро бинад, ҳеҷ гумон намекунад, ки вай дар ин синну сол соҳиби набера аст...  
Ба қарибӣ бо Рустам дар ҷойи кораш вохӯрдам. Болои мизи кориаш анбӯҳи зиёди коғазҳоро дида, тариқи нимшӯхиву нимҷиддӣ пурсидам, ки  инҳо чист.
– Ако, агар дар ин бора гап занам, вақти зиёди шуморо мегирам, вале ҳамин қадар кифоя аст, ки ана ин китоби Конститутсия мебошад. Ман дар ҳамин синну сол аҳд кардам, ки айнан Сарқонунро бо тамоми ҷузъҳояш омӯзам. Саъдии бузургвор фармудааст:
Нон аз барои кунҷи ибодат гирифтаанд,
Соҳибдилон, на кунҷи ибодат барои нон. 
Бале, ҳақ аст! Дар ин рӯзҳои бахайри моҳи шариф ҳама гуна олиҳимматиро ибодат донистан мумкин аст. Ҳабиби мо ният дорад, ки дар оянда барои дӯстони худ дасти муборакашро дарозтар намояд, то дили онҳоро шод гардонад. Ва доиман шукргузорӣ мекунад, ки кори хайре барои касе анҷом додааст. 

Ҳ. СУЛТОНЗОДА,
хабарнигори ҷамоатии «Овози тоҷик». 

Вилояти ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: