ОМОДАГИРӢ БА ҶАШНВОРАИ «САДОИ ОЛАМ»

18-20 июли соли равон дар шаҳри Хонободи вилояти Андиҷон ҷашнвораи байналмилалии санъати эстрадӣ баргузор мегардад.

 Барои роҳандозии ин ҷашнвора тамоми корҳои омодагирӣ ба фарҷом расидаанд. Ҷашнвора бар асоси қарори Сарвари давлат  аз 2 феврали соли 2022 ва таҳти унвони «Садои олам» ба вуқӯъ мепайвандад. 
– Президент моро муваззаф намудааст, ки ҷашнвораи байналмилалии санъати эстрадиро дар сатҳи баланд баргузор кунем ва дар ин кор роҳбариро ҳокими вилоятамон Шӯҳратбек Абдураҳмонов бар дӯш дорад. Дар ҷашнвора  аз кишварҳои зиёди Осиёву Аврупо ва Амрико, мисли Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Латвия, Лаҳистон, Чехия, Булғористон, Сербия, Гурҷистон, Бошқирдистон ва боз ҳудуди даҳ кишвари дигар овозхонони санъати эстрада ва навозандагони мусиқии созӣ ширкат хоҳанд кард, – гуфт мудири котибияти ҳокимияти вилояти Андиҷон Элёрбек Холмирзоев.
Маълум шуд, ки дастандаркорони ҷашнвора ҷиҳати таъмини шароити созгор барои меҳмонони он тамоми чораҳоро пиёда менамоянд. Ба гуфтаи онҳо овозхонону навозандагон бо ҷои зист  ва се маҳал хӯроки гарм таъмин карда мешаванд, инчунин ҷиҳати ҳифзу таъмини бехатарии онҳо, фароҳам овардани шароити тамрин ва амсоли он тамоми тадобир дида шудааст. 
Ҷашнвораи байналмилалии эстрада дар Боғи истироҳат ва фароғати шаҳри Хонобод баргузор мегардад. Барои ин саҳнаи васеъ сохта шудааст, ки бо ҳамаи сомони зарурӣ ва таҷҳизот муҷаҳҳаз мебошад. Инчунин маросими пӯшиши ҷашнвора низ маҳз дар ҳамин ҷо барпо мешавад.
– Аз Тоҷикистони ҳамҷавор низ ташрифи як идда ситораҳои эстрадаи миллӣ мадди назар мебошад, ки дар кишвари мо мухлисони худро доранд. Воқеияти ҳол баёнгари он аст, ки мардуми ҷумҳурӣ ҳамеша аз ҳузури овозхонҳои тоҷик лаззат мебаранд ва ин бор низ чунин хоҳад шуд, – гуфт намояндаи Вазорати фарҳанг ва туризми ҷумҳурӣ Фаррух Юнусов.  
Бо мақсади қабул ва роҳнамоии меҳмонони хориҷие, ки ба ҷашнвора ташриф меоранд, гурӯҳҳои тарҷумонӣ ва волонтёрҳо ҷалб карда шудаанд. Онҳо шогирдони Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Андиҷон мебошанд ва аз 50 нафар иборатанд. 
Ногуфта намонад, ки Девони Вазирон, Вазорати фарҳанг ва туризм, ҳокимияти вилояти Андиҷон аз ташкилкунандагони  ин чорабинии васеъмиқёси фарҳангӣ муаррифӣ шудаанд.
 
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти АНДИҶОН.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: