ТОЗАГӢ – ГАРАВИ САЛОМАТӢ

Агар чангу ғубор намешуд, одам ҳазор сол умр медид, ҳанӯз ҳазор сол муқаддам пешгӯӣ карда буд ҳакими бузург Абӯалӣ ибни Сино.

 Ин гуфтаи табиби ҳозиқ ва ҳакими бузург водор месозад, ки мо ба тозагӣ бештар риоя намоем, атрофу акнофамонро поку тамиз нигаҳ дорем. Зеро аксар маризиҳо аз нопокӣ сар мезананд.

Мебинем, ки дар атрофи ошхонаҳои шаҳр партовҳо зиёданд, бӯйи нохуши пӯсту  пасмондаҳои сабзавоте, ки барои таом истифода шудааст, ба атроф паҳн мегардад. Ё худ зарфҳои холии полиэтилении обҳои ташнагишикан, хоса рӯзҳои гармои тобистон ба ҳар куҷо афканда мешаванд, дар натиҷа атроф пур аз партовҳову ғализиҳо мегардад. Ин ба нотозагии муҳити атроф оварда мерасонад. Боре садорати экология ва ҳифзи муҳити атрофи вилоят ҳашар гузаронд ва ходимон дар як маҳалли истироҳатии домани кӯҳсор корҳои тозакуниро анҷом доданд. Дар натиҷа даҳҳо тонна партовҳо ҷамъоварӣ шуданд. 
Мегӯянд, ки фариштаҳо ба макони тозаву озода меоянд. Дини мубини мо ҳам ба тозагиву покии  рӯҳу бадан ва ҷойи зист ҳидоят месозад.
Борҳо дар назди муассисаҳои таълимӣ, табобатӣ ва ғайра ба набудани дастшӯякҳои оддӣ гувоҳ шудаем. 
Дар як сайри наврӯзии назди варзишгоҳи мактаб тақрибан ҳазор одам ҷамъ омада, барои онҳо хони зиёфат густурда шуда буд. Аммо бинобар набудани дастшӯяк ҳама аз кӯча даст нашуста, назди хон нишастанд... 
Ба чунин манзараҳо бисёр дучор меоем. Чаро мо таъбири машҳури «тозагӣ – гарави саломатӣ»-ро  фаромӯш кардаему ба он кам риоя мекунем?!

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: