ТАЪМИНИ АДОЛАТ ДАР ҶАМЪИЯТ — ВАЗИФАИ УСТУВОР

Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Қозимҷон КОМИЛОВ ба хабарнигори ӮзА дар бораи ислоҳоти низоми суду ҳуқуқи кишвар, суди одил ва корҳое, ки барои таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии инсон анҷом дода мешаванд, нақл кард.

Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Қозимҷон КОМИЛОВ ба хабарнигори ӮзА дар бораи ислоҳоти низоми суду ҳуқуқи кишвар, суди одил ва корҳое, ки барои таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии инсон анҷом дода мешаванд, нақл кард.
— Дар ҳақиқат, адолат дар байни ҳама неъматҳое, ки ба инсон дода мешаванд, афзалият дорад. Аз ин рӯ, инсон дар ҳама ҳолатҳо ба адолат такя мекунад, мекӯшад, ки  ба ҳаёт дар асоси ин меъёр баҳо диҳад. Адолат барои мо натанҳо эҳтиёҷоти табиӣ, балки маънавӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Дар ҳама гуна ҷомеа ва давлат эътимод ба адолат, хуллас, боварӣ ба суд ва суди одил нақши муҳим дорад.
Агар мо барои ба даст овардани адолати судӣ аз нуқтаи назари таъмини риояи бечуну чарои қонунҳо нигарем, нақш ва аҳамияти суд ва суди одил дар ин самт равшан аён мегардад. Роҳбари давлат принсипҳои «На мардум бояд ба мақомоти давлатӣ, балки мақомоти давлатӣ ба халқ хизмат кунанд», «Афзалияти асосӣ – манфиатҳои инсон аст», «Давлат ва ислоҳот бояд ба манфиатҳои инсон хизмат кунанд»-ро бесабаб пеш нагузошт.
Аз ин рӯ, дар Конститутсияи Ӯзбекистон ва Стратегияи амалиёт, ки дар асоси он таҳия шудааст, инсон, ҳуқуқ, озодӣ ва таъмини манфиатҳои қонунии онҳо асосӣ муайян шудааст. Ин ғоя асоси ислоҳоти муназзам — сиёсати давлати Ӯзбекистони нав мебошад.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки арзиши инсон бо дараҷаи таъмини ҳуқуқҳои ӯ, иҷрои қонунҳо дар ин самт, татбиқи дуруст ва одилонаи онҳо муайян карда мешавад. Ҳамаи ин маънои таъмини адолатро дорад.
Тавре ки Президент Шавкат Мирзиёев дар Муроҷиатномаи  худ ба Олий Маҷлис қайд кард, муҳимтарин вазифаҳо барои ояндаи наздик ин, пеш аз ҳама, мустақилияти комили судҳо мебошад.
Дар ҷамъомади видеоселекторӣ, ки 30 июни соли равон бо мақсади муҳокимаи вазифаҳои таъмини суди одил ва мубориза бо коррупсия баргузор шуд, Президент андешаи худро оид ба системаи судӣ изҳор намуда, таъкид кард: «Ҳар касе, ки ба идораи суд меояд, бояд бо боварӣ изҳор кунад, ки дар Ӯзбекистон  адолат тантана мекунад. Ин талаботи Президент аст! ”
Дар тӯли се соли охир зиёда аз 20 қонун, фармон ва қарорҳо оид ба ин масъалаҳо қабул шуданд. Дар натиҷаи ислоҳот аз ҷониби судҳо бори аввал нисбати 2 273 шаҳрванд ҳукми сафедкунанда бароварда шуданд.
Нисбат ба зиёда аз 3,5 ҳазор ҷавонписарону ҷавондухтароне, ки надониста ба ҷиноят даст задаанд, ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ татбиқ карда нашуда, маҳаллаҳо ва ҷомеа барои онҳо кафил шуданд. Барои вайрон кардани ҳуқуқи инсон 60 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҷавобгарӣ кашида шуд. Чунин тағйиротҳо эътимоди одамонро ба адолат  мустаҳкам мекунанд.
Бо мақсади таъмини устувории адолат ва қонун судяҳо ҳукмҳои сафедкунанда мебароранд ва ин бешубҳа, дастоварди бузурги низоми суду ҳуқуқ мебошад.
Биёед, боз ба рақамҳо рӯ оварем. Дар соли 2019 судҳои ҷиноятӣ 28 846 парвандаро нисбати 36 845 шахс баррасӣ карданд. 859 нафари онҳо сафед карда шуда, ба 19 278 нафар ҷазои ба аз озодӣ маҳкум намудан марбутнабуда муайян карда шуданд.
1368 нафар шартӣ  маҳкум карда шуданд. Ба туфайли фаъолияти самарабахши институти оштӣ 7329 шаҳрванд аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шуданд. Соли гузашта аз ҷониби коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноии Суди олӣ 1486 парванда нисбати 1788 нафар бо тартиби назорат баррасӣ гардид. Қарорҳои судҳои поёнӣ нисбати 1037 нафар бекор карда ва қарорҳои суд нисбати 581 нафар иваз карда шуданд.
Судҳои оид ба парвандаҳои шаҳрвандӣ 188282 парвандаро баррасӣ намуда, 162327 қарор баровардаанд. Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои шаҳрвандӣ бо тартиби назорат 1024 парвандаро баррасӣ карда, қарорҳои баровардаи судҳои зинаи аввалро бекор кард ва 117 қарори судро тағйир дод.
Судҳои иқтисодӣ 197291 парвандаро баррасӣ карданд ва дар бораи ба фоидаи даъвогарон ситонидани 11,7 триллион сӯм  қарорҳои суд қабул карда шуд. Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои иқтисодии Суди олӣ 675 ариза ва эътирозро бо тартиби назоратӣ баррасӣ кард. 345 қарори судҳои зинаи аввал бекор карда шуд, 115 қарори суд тағйир дода шуд.
Дар ин давра  судҳои маъмурӣ 16256 парвандаҳои ба муносибатҳои умумӣ-ҳуқуқӣ алоқамандро баррасӣ карданд. Дар натиҷа ҳуқуқи 11142 шаҳрванд ва шахсони ҳуқуқӣ барқарор карда шуданд. Ҳамзамон аз ҷониби судҳои маъмурӣ оид ба ҳуқуқвайронкуниҳо, ки дар Кодекси ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ шудааст,  412807 парвандаи нисбати  495106 нафар кушодашуда баррасӣ гардиданд.
Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои маъмурии Суди олӣ 3754 ариза ва эътирозро бо тартиби назоратӣ баррасӣ кард. Аз инҳо, 704 парванда дар асоси маводҳо мавриди омӯзиш қарор гирифта, 380 қарор бекор, 58 қарори судҳои зинаи аввал иваз карда шуданд.
Аз 925781 парвандае, ки Суди олӣ баррасӣ кардааст,  оид ба 2960 ҳуҷҷатҳои судии судҳои зинаи аввал тибқи қонун ҳамоҳанг карда шудаанд. Яъне, дар ин ҳолатҳо афзалияти қонун — адолат таъмин карда шудааст. Зеро қабули қарори нодуруст ҳатто дар яке аз парвандаҳои баррасишавандаи суд таҳдид ба сарнавишти ҳадди аққал як шахс, вайрон кардани принсипи адолат дар ин ҳолат аст.
Ва инро бояд судяҳои ҳамаи судҳои низом амиқ дарк намоянд. Таҳлили хатогиҳо, ки гоҳо дар ҳаҷми ҳама парвандаҳои баррасишуда ночиз ба назар мерасад, мавҷудияти як қатор омилҳоро нишон медиҳад, ки ба таъмини пурраи адолат, ташаккули ҳисси эътимод ба суд дар байни аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонанд.
Омили якум бо амалияи истифодаи ҳуқуқ дар фаъолияти судҳо, беҳтар гардондани қонунбарорӣ дар ин самт алоқаманд аст. Аз ин рӯ, зарурат ба қонунҳои мустақими татбиқшаванда вуҷуд дорад.  Масалан, дар парвандаҳое, ки судҳои иқтисодӣ баррасӣ мекунанд, қисми зиёди муноқишаҳо ба фаъолияти соҳибкорӣ, муносибатҳои шартномавӣ алоқаманданд,  дар ҳаллу фасли чунин низоъҳо эҳтиёҷ ба ҳуҷҷатҳои системавии қонунгузорӣ эҳсос мегарданд.
Масалан, вобаста ба соҳаи соҳибкорӣ ва сектори хусусӣ зиёда аз 14 ҳазор санадҳои қонунгузорӣ қабул шуданд. Аксари онҳо санадҳои зерқонунӣ ё санадҳои идоравӣ мебошанд, ки шумораи зиёди принсипҳои ба тартиб даровардани онҳоро нишон медиҳанд, истифодаи қоидаҳои зиёдатӣ ба адолат халал мерасонанд. Дар ин самт, ба ҷои кафолати мустақими ҳуқуқҳои соҳибкорон, судҳо бояд парвандаҳоро дар асоси санадҳои зерқонунӣ, ки иҷрои қонунҳо ва санадҳои меъёрии мақомоти давлатиро таъмин мекунанд, баррасӣ кунанд.
Омили дуюм ин ба дигаргунсозиҳои замонавӣ, талаботи замон  мутобиқ шуда натавонистани судяҳои ҷудогона  мебошад. Дар ҳамин ҳол, судяҳо барои таъмини адолат, суди одил, афзалияти қонун масъуланд ва аз ин рӯ, маънавияти судяҳо бояд дар сатҳи зарурӣ бошад. Барои ин бояд дар  болои худ кор кардан, ҳамқадами давр будан вазифаи муҳими рӯз аст.
Судяҳо бояд моҳияти маънавиятро хуб дарк кунанд. Бартарии ҳаёт ва фаъолияти онҳо бояд ҳалолӣ, покӣ бошад. Ин натиҷаи чашмдошт хоҳад дод. Тавре ки дар Муроҷиатнома омадааст, «мубориза бо фасод, адолатро таъмин кунед» ба гуфтан осон аст.  Сабақҳои гузашта нишон медиҳанд, ки ба кадом ташкилот ваколати  мубориза бо фасод вогузор карда шавад, ҳамаи риштаҳои ин иллат бо ҳамин ташкилот пайваст мегардад.
Ва ин ташкилот на бо мубориза алайҳи фасод, балки таъбир ҷоиз бошад,  бо идоракунӣ ва ба тартиб даровардани он машғул мешавад. Ва пеши роҳи инро ҳеҷ чиз, ба ҷуз василаи ягона — «ваксинаи ростқавлӣ» гирифта наметавонад. Яъне, ростқавлӣ бояд дар зеҳни инсон бошад.
Мо дар бораи «ваксинаи ростқавлӣ» сухан гуфта, шахси дорои рӯҳияи баландро дар назар дорем. Дар фаъолияти судҳо бояд масъалаи гузарондани «ваксинаи ростқавлӣ», яъне баланд бардоштани маънавият вазифаи аввалиндараҷа гардад.
Аз ин рӯ, бояд ба як қатор самтҳои муҳим ва вазифаҳои мушаххасе, ки дар Барномаи давлатии татбиқи Стратегияи амалиёт дар “Соли рушди илм, маърифат ва иқтисодиёти рақамӣ” пешбинӣ шудаанд, эътибори алоҳида дода шавад.
Хусусан, дар Барномаи давлатӣ тартиби аз ҷониби прокурор талаб кардани парвандаҳо аз суд, ки бинобар онҳо ҳукмҳо, қарорҳо, таъинот ё қарорҳои суд танҳо бо мавҷуд будани муроҷиати тарафҳо (ба истиснои прокурор) эътибори қонунӣ пайдо мекунад, ислоҳсозии дараҷаи аризаи норизоӣ ва кассатсиониро ҷиҳати васеъ гардондани дастрасӣ ба адолат пешбинӣ шудааст. 
Бекор кардани институти коргузорӣ ба тартиби назорат,  декриминализатсияи намудҳои ҷиноят дар соҳаи соҳибкорӣ, ки барои ҷамъият хавфнок нест, муайян шудааст. Дар ҷамъомади видеоселекторӣ сарвари давлат дар бораи зарурати татбиқи таъхирнопазири вазифаҳо дар ин самт сухан гуфт. Ба шахсони масъул супурда шуд, ки системаи судиро дар асоси таҷрибаи пешқадам ва стандартҳои байналмилалӣ аз рӯи принсипи «Як суд – як поя» баррасӣ кунанд.
Аз ин рӯ, ҳоло таҷрибаи судии баррасии назоратии парвандаҳо, ки кӯҳна шудааст ва номи он, ки  ба моҳияти суди одил мувофиқат намекунад, пурра қатъ карда мешавад.
Президент Шавкат Мирзиёев инчунин пешниҳодеро дар бораи аз байн бурдани тамоми омилҳое, ки ба қарори одилонаи суд таъсир мерасонанд, аз ҷумла ҳуқуқи эътироз овардани раиси Суди олӣ ва Прокурори генералӣ ба миён  гузошт. Палатаҳои парлумон ин пешниҳодро баррасӣ мекунанд.
Қобили зикр аст, ки ба ҳаёти судҳо татбиқ намудани технологияҳои рақамӣ самаранокии корро баланд бардошт. Вазифаи дар Суди олӣ то охири соли ҷорӣ ба кор даровардани маҷмӯи низоми иттилоотии «Адолат» гузошта шуд.
Ин имкон медиҳад, ки ба суд дар шакли электронӣ муроҷиат кунед, ҳолати  муроҷиатҳоро дар тартиби онлайн назорат намоед, ба тарафҳо маълумот дар шакли электронӣ фиристода шавад. Имсол судҳо бо системаи видеоконфронс пурра фаро гирифта мешаванд.
То охири соли ҷорӣ тартиби ҳатмии сабти овозии маҷлисҳои суд ҷорӣ карда мешавад. Бо муттаҳид кардани системаҳои иттилоотии судҳо, вазоратҳо ва идораҳо то 1 апрели соли 2021 мубодилаи маълумот пурра ба системаи рақамӣ гузаронида мешавад.
Роҳбари давлат инчунин масъалаи фароҳам овардан шароитро ба сокинони баъзе ноҳияву шаҳрҳо ҳангоми муроҷиат намудан ба суд ба миён гузошт. Масалан, дар Ургут, ки яке аз минтақаҳои сераҳолӣ мебошад, (500 ҳазор аҳолӣ, 102 маҳалла), суди шаҳрвандӣ вуҷуд надорад, аз ин рӯ, шаҳрвандон маҷбур мешаванд, 80 километр роҳ тай намуда, ба суди ноҳиявии Тайлоқ раванд. Аз ин рӯ, оид ба муносибгардонии судҳо ва фаъолияти онҳо супоришот дода шуд.
Ҳамаи ин ба баланд бардоштани самаранокии ислоҳот, ки ба принсипи афзалияти манфиатҳои инсон асос ёфтааст, мусоидат мекунад.

Суҳбатнигор 
Нурилло НАСРИЕВ,
мухбири ӮзА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: