Дар ҷумҳурӣ бори аввал низоми суғуртаи давлатии тиббӣ ба сифати озмоиш ҷорӣ карда шуд.
Дар вилояти Сирдарё хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ бино ба тартиби муқарраршуда ба роҳ монда шуд.
Корҳои марбут ба низоми суғуртаи давлатии тиббӣ муҳокима карда шуд. Вақтҳои охир бобати боз ҳам баланд бардоштани сифати хидмати тиббӣ ба аҳолӣ, на ба низоми тиббӣ наздик кардани аҳолӣ, балки низоми тиббиро ба аҳолӣ наздик кардан корҳои васеъмиқёс ба амал бароварда мешавад. Бо ин мақсад дар кишварамон усули нави хидматрасонии тиббии намунавӣ, ки дар бисёре аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон татбиқ шудааст, бобати дар кишвар низ ҷорӣ кардани корҳои марбут ба низоми суғуртаи давлатии тиббӣ ба аҳолӣ дар доираи пакетҳои намунавӣ ва кафолатнок хидмат расондан шурӯъ шуданд.
Дар семинаре, ки дар Сирдарё бо ташаббуси Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, Вазорати тандурустӣ, фонди суғуртаи давлатии тиббӣ доир ба мавзӯи «Модели нави хидматрасонии тиббӣ ва ҷорӣ намудани механизмҳои суғуртаи давлатии тиббӣ» баргузор шуд, бисёр масъалаҳои низоми суғуртаи давлатии тиббӣ муҳокима гардид.
Иштирокдорон дар поликлиникаи оилавии рақами 4-уми тобеи идораи тандурустии вилояти Сирдарё, ки дар иттиҳодияи тиббии шаҳри Гулистон воқеъ аст, бо намудҳои хидмати тиббӣ, ки дар асоси механизми нав, ба амал бароварда мешавад, аз наздик ошно шуданд.
Дар маҷлиси васеъ, ки дар хонаи қабули ҳокимияти вилояти Сирдарё баргузор шуд, аз рӯи масъалаҳои механизми ҷорӣ намудани суғуртаи давлатии тиббӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Шуҳрат СУЯРОВ,
мухбири ӮзА.