Ширкати ҳавопаймоии Qeshm Air парвозҳои мустақимро аз Теҳрон ва Тошканд оғоз мекунад

Ширкати ҳавопаймоии эронии Qeshm Air парвозҳои мустақимро байни Теҳрону Тошканд оғоз мекунад. Нахустин парвози мунтазами мусофирбарӣ 9 август дар масири Теҳрон-Тошканд-Теҳрон дар назар аст.

Қарор аст, парвозҳо дар ҳавопаймоҳои бароҳати Airbus A320 ҳафтае як маротиба - рӯзҳои чоршанбе анҷом дода шаванд.

Барои маълумот: Qeshm Air ширкати ҳавопаймоии эронӣ, қароргоҳаш дар Теҳрон буда, соли 1993 таъсис ёфта, парвозҳои мунтазами мусофирбарҳои дохилӣ ва байналмилалӣ ва ҳамчунин парвозҳои чартериро анҷом медиҳад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: