30 августи соли 2006 дар оилаи истиқоматкунандагони деҳаи Оқпӯлоди ноҳияи Олот корманди бонк Зуфар Имомов ва омӯзгори синфҳои ибтидоӣ Назира Умарова хурсандӣ рух дод.
30 августи соли 2006 дар оилаи истиқоматкунандагони деҳаи Оқпӯлоди ноҳияи Олот корманди бонк Зуфар Имомов ва омӯзгори синфҳои ибтидоӣ Назира Умарова хурсандӣ рух дод. Фарзанди аввалин – писар ба дунё омад. Барои падару модари хушбахт зиёдтар аз ин шодмонӣ нест. Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ беҳуда нагуфтааст:
Ҳеҷ неъмат беҳтар аз
фарзанд нест,
Ҷуз ба ҷон фарзандро
пайванд нест,
Ҳосил аз фарзанд гардад,
коми мард,
Зинда бо фарзанд монад,
номи мард.
Волидони сарбаланд ба ҳосили умри худ Анварбек ном ниҳоданд. Кадом падар ё модар инсони комил, пешқадами замон, номбардори халқу ватани хеш шуда ба воя расидани фарзандашро орзу намекунад?! Волидони қаҳрамони мақолаи мо низ аз ояндаи фаррухписари худ умеди калон доштанд ва дар айни замон онҳо хуб медонистанд:
Бе азми дурусту саъйи комил,
Касро нашавад, мурод ҳосил.
Яъне, танҳо таълиму тарбияи саривақтӣ ва пай дар пай метавонад инсонро ба мақсад расонад. Он солҳо овозаи мактаб-интернати ихтисосонидашудаи ноҳияи Қарокӯл маълуму машҳур гашта буд. Модари мушфиқи омӯзгор сабақомӯзии писарашро аз рӯзҳои аввали ба мактаби рақами 25-уми деҳа рафтанаш назорат кард. Вай орзу дошт, ки «нури дида»-аш баъди хатми синфи чорум таҳсилро дар таълимгоҳи машҳури Қарокӯл идома диҳад. Бо ин мақсад ӯ Анварро назди хешовандашон – омӯзгори математикаи мактаб-интернати Қарокӯл Рӯзимурод Рӯзимуродов гирифта бурд. Баъди санҷиш омӯзгор соҳибиқтидор будани шогирди ояндаашро донист ва розӣ шуд, ки бо вай машғулияти иловагӣ гузарад. Ҳамин тариқа, А. Раҳматов нимаи аввали рӯз барои сабақомӯзӣ ба мактаб мерафту нимаи дуюми рӯз ба назди Р. Рӯзимуродов. Шабзиндадориҳо, заҳматҳои пай дар пай бесамар намонданд. Анварҷон аз имтиҳонҳо бо муваффақият гузашта, ба шогирдии мактаби ихтисосонидашудаи математикаи Қарокӯл қабул шуд. Азбаски вай таҳкурсии эътимодбахши илмӣ дошт, супоришҳои ҳаррӯзаро саривақт иҷро карда, ба дигарон намунаи ибрат мешуд. Муаллими фан Р. Рӯзимуродов бошад, баҳри такмилёбии дониши ӯ пайваста саъй мекард. Ҷараёни таълиму тарбия дар мактаб-интернат (ҳоло Мактаби байналхалқии математикаи Қарокӯл) аз дигар таълимгоҳҳо фарқ дорад. Ин ҷо машғулиятҳои асосӣ соатҳои 8.00-14.30 ва давраи иҷрои супоришҳо (вазифаи хонагӣ) соатҳои 14.30-18.30 сурат мегирад. Вақти хоб аз соати 22.30 то 6.00 аст. Истифодаи бошуурона аз вақт имконият медиҳад, ки талабагони ин мактаб бо таълими дуруст ва комёбиҳои ғайриоддиашон шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кунанд.
Гуфтан ҷоиз аст, ки соли таҳсили поёнёфта дар синфҳои 7-11 460 нафар талабагони боиқтидор таҳсил гирифтанд. Ба онҳо 52 нафар омӯзгорони фидоӣ машғулият гузаштанд. 70 фоизи устодон дорои дараҷаи тоифаи олӣ, 11 нафарашон соҳиби нишони сарисинагии «Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон», 3 нафари дигар соҳиби мукофоти давлатӣ мебошанд. Шогирдони Мактаби байналхалқии математикаи Қарокӯл то имрӯз дар озмунҳои гуногуни ватанию байналхалқӣ бо муваффақият иштирок намуда, бештар аз 20 медали тилло, 20 нуқра, 15 биринҷӣ ба даст дароварданд. Се нафар талабагон аз ҷумла, хатмкунандагони синфи ХI Исмоилов Дониёр ва Остонова Севара соҳиби мукофотҳои давлатии «Мард ӯғлон» ва ба номи Зулфия гардиданд. Боиси ифтихор аст, ки дар вилоятҳои Навоӣ, Сирдарё ва ноҳияҳои Чирчиқи Поёну Оҳангарон шуъбаҳои мактаби мо фаъолият доранд. Ҳамин қабил бахшҳо дар вилояти Фарғона низ омодаи кор аст. Соли хониши нав ҷараёни таълиму тарбияи Мактаби байналхалқии математикаи Қарокӯл дар бинои нав – коллеҷи собиқ, ки пурра аз таъмир баромад, оғоз меёбад, – гуфт ба мо ҷонишини директори таълимгоҳ оид ба корҳои таълиму тарбия Ғайрат Қулиев.
Ҳамин тариқ, аввалин комёбии бузурги А. Раҳматов ҳангоми талабаи синфи 7 буданаш соли 2019 дар шаҳри Дурбани Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ дар озмуни байналхалқии фанни математика lMC - 2019 зоҳир гардид. Вай дар мусобиқаҳои инфродӣ соҳиби медали тиллоӣ шуда, дар ҳайати командаи мамлакат медали биринҷӣ ва ҷомро ба даст даровард. Худи ҳамон сол дар озмуни «Лабораторияи омодасозии соҳибистеъдодҳо» (фанҳои физика, математика, кимиё) соҳиби медали нуқра гардид. Ӯ моҳи октябри соли гузашта дар марҳилаи ҷумҳуриявии озмуни «SEAMO» ғолиб баромада, боз соҳиби медали тиллоӣ шуд. Соли ҷорӣ низ барои Анварбек бобарор омад. Вай дар «Озмуни Қӯқанд» бо муваффақият иштирок карда соҳиби автомобили «Нексия» гардид. 30 июн – Рӯзи ҷавонони Ӯзбекистон имсол дар хотираи ҷавони илмдӯст, хонандаи синфи IХ-и Мактаби байналхалқии математикаи Қарокӯл Анварбек Раҳматов нақши абадӣ гузошт. Вай барои комёбиҳояш дар соҳаи илм, саҳми муносибаш ба рушди Ватан, барпо кардани Ӯзбекистони нав ва боло бардоштани нуфузи мамлакат дар арсаи байналхалқӣ бо Мукофоти давлатии «Мард ӯғлон» тақдир ёфт. Ин ифодаи навбатии дар мамлакати мо ба меъёри оддӣ табдилёбии дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони соҳибистеъдод мебошад.
Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.