ТАЪРИХИ ЯК СУРАТ

Яке аз мӯъҷизаҳои Иттиҳоди Шӯравии собиқ – Дӯстии халқҳо, пайваста бо ин – дӯстӣ ва ҳамбастагии адабиётҳои миллӣ буд.

Соли 1934 Иттифоқи нависандагони СССР ташкил ёфт ва дар ҳайати он адибон – намояндагони беш аз 20 халқу миллат дохил шуданд. Дар солҳои 80-уми асри ХХ адади аъзоёни Иттифоқи нависандагони СССР беш аз  ҳашту ним ҳазор нафар ва намояндагони беш аз 50 халқу миллат буданд.
Аз солҳои 40-уми  асри ХХ – ҳанӯз пеш аз оғози Ҷанги дуюми ҷаҳон гузаронидани  даҳаҳои  адабиёт ва санъати  ҷумҳуриҳои Иттифоқ дар Маскав ба ҳукми анъана даромада, аз ҷумла  солҳои 1948 ва 1958 дар Маскав ду маротиба даҳрӯзаи адабиёт ва санъати тоҷик, инчунин даҳрӯзаи  адабиёт ва санъти дигар ҷумҳуриҳо гузаронида шуда буд.
Дар яке аз ин даҳрӯзаҳои адабиёт ва санъати ҷумҳуриҳои миллӣ дар Маскав,  ки дар  нимаи дуюми солҳои 50 гузашта буд, қарор дода шуд, ки чунин даҳрӯзаҳо дар ҷумҳуриҳои миллӣ низ гузаронида шаванд, то халқҳои дигар низ  бо дастовардҳои  адабиёт ва санъати халқҳои бародар шинос шаванд. Зеро ба ҳамин муносибат асарҳои адибон ба забонҳои якдигар тарҷума ва нашр ҳам  мешуданд.
Дар партави ҳамин қарордод  соли 1959 нахуст Даҳрӯзаи адабиёт ва санъати тоҷик дар Ӯзбекистон баргузор шуд.  Ҳайати намояндагони адабиёт ва санъати тоҷик баъди  дар Тошканд ба тарзи тантанавӣ кушода шудани Даҳрӯза ба Самарқанд омаданд. 26 ноябри соли 1959 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии  Самарқанд ба  номи Алишер Навоӣ, ки  ҳамон солҳо  толори бузурги фаъолони Самарқанд ба шумор мерафт,  нахустин вохӯрии мардуми Самарқанд бо намояндагони адабиёт ва санъати тоҷик ба вуқӯъ   пайваст.  
Он вақт донишҷӯйи  шӯъбаи шабонаи факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд будам ва  рӯзона дар  нашриёти донишгоҳ кор мекардам.  Насибам гардид, ки дар чунин вохӯрии пуршукӯҳи фарҳангӣ иштирок намоям ва баромади  адибону олимон ва аҳли фарҳанги Тоҷикистонро аз забони худашон шунавам.  Мана ин дубайтии машҳури шоири шаҳири тоҷик Боқӣ Раҳимзода бори аввал аз  забони худи шоир дар ҳамон анҷуман садо дода буд:
Фарқи ҳама мардумони дигар осон,
Лек,  мо бо ҳам чунон шуда наздик.
Бинанда чунин савол орад ба миён:
– Эй ҷӯра, бигӯ, ту ӯзбакӣ ё тоҷик?
Баромади адиби маъруф Сотим Улуғзода дар бораи азалию абадӣ будани дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек, фарзанди як минтақа будани онҳо, қироати шеъри Файзулло Ансорӣ «Тоҷикам, тоҷики Самарқандам!»  аз забони худаш ва баромадҳои  дигар адибон ва олимони тоҷику ӯзбек дар бораи дӯстӣ ва рафоқати ин ду халқ хеле хотирмон буд.
Шоири ӯзбек Мақсуд Шайхзода низ ин шеъри дар таърифи Самарқанд гуфтаи худро дар ҳамин анҷуман хонда буд:
Самарқандлик дейилдиму – 
аҳдга вафо дегани,
Самарқандлик дейилдиму – 
ишлар бажо дегани.
Самарқандлик дейилдиму – 
тоза виждон дегани,
Самарқандлик дейилдиму – 
 чин инсон дегани!
Дар ҳамин ҷо  гурӯҳи калони иштирокчиёни  ин анҷумани пуршукӯҳи фарҳангӣ ба сурат афтода буданд, ки  нусхае аз он сурат аз ҷониби шоир Мардонқул Муҳаммадқулов, ки ҳамон вақт  мудири нашриёти Донишгоҳи давлатии Самарқанд буд,  ба ман тақдим  карда шудаааст ва он дар бойгонии камина ҳамчун як маводи арзандаи таърихӣ оиди дӯстӣ ва рафоқати халқҳои тоҷику ӯзбек  маҳфуз аст. Ҳоло аксари онҳое, ки дар ин сурат аз ҷониби суратгири маъруфи самарқандӣ  Алексей Кузменко, ки он солҳо суратгири махсуси ТАСС дар  Самарқанд буд,  аккосӣ шудаанд, дар байни мо нестанд. Лекин ёди неки онҳо   ҳамчун  пайвандгарони дӯстию рафоқати байни халқҳои тоҷик ва ӯзбек ҳамеша боқист.
Дар қатори якум нишастаанд: Инқилоб Одилова (котиби кумитаи ҳизби коммунистони вилояти Самарқанд), Юсупов (намояндаи Комитети Марказии Партияи Коммунистии Ӯзбекистон аз Тошканд), Файзулло Ансорӣ (шоири тоҷик),  Орзу Маҳмудов (котиби аввали комитети партиявии вилояти Самарқанд), Зулфия (шоираи ӯзбек), Сотим Улуғзода (нависандаи тоҷик), Боқӣ Раҳимзода (шоири тоҷик), Наҷимов (котиби Комитети Марказии  ПК Ӯзбекистон аз Тошканд), Муҳаммадӣ Ҳақбердиев (котиби аввали комитети партиявии шаҳри Самарқанд).  
Рост истодаанд: Алаутдинов (аз Тошканд), Ҳамдам Бердиёров (устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд),  Воҳид Абдуллоев (адабиётшинос, мудири кафедраи  Донишгоҳи давлатии Самарқанд), Муҳаммадҷон Умаров (корманди комитети партиявии вилояти Самарқанд), Аҳрор Тӯлаганов (ректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд),  Болта Ортиқов (адиби самарқандӣ), Пӯлод Толис (адиби тоҷик),  Ғаффор Мирзо (шоири тоҷик),  Мардонқул Муҳаммадқулов (шоири самарқандӣ),  Ҳакима Ҳасанова (шоираи самарқандӣ),  Исмоил Акрам (драманавис, раиси шуъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон), Душан Файзӣ (шоири самарқандӣ),  Аширмат (шоири Тоҷикистон),  Асқад Мухтор (нависандаи ӯзбек), Шуҳрат (адиби ӯзбек), Туроб Тӯла (шоири ӯзбек), Мақсуд Шайхзода (шоири ӯзбек), Раҳим Муқимов (адиб ва олими самарқандӣ), Аҳтамова (намояндаи ташкилоти ҳизбӣ).

Аслиддин ҚАМАРЗОДА, 
профессори Донишгоҳи байналхалқии технологии  Самарқанд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: