ФАРЗАНДИ ТУ ҲАСТЕМ, ӮЗБЕКИСТОНИ АЗИЗ!

Рӯзи дӯстии халқҳо, ки бо ташаббуси Президент Шавкат Мирзиёев дар кишварамон таъсис ёфт, дар Ӯзбекистони сермиллат ба таври васеъ, савияи олӣ ва рӯҳи баланд бори аввал таҷлил мегардад.

Рӯзи дӯстии халқҳо, ки бо ташаббуси Президент Шавкат Мирзиёев дар кишварамон таъсис ёфт, дар Ӯзбекистони сермиллат ба таври васеъ, савияи олӣ ва рӯҳи баланд бори аввал таҷлил мегардад.
Ба муносибати санаи мазкур, ки дар ҷумҳурии мо бори аввал қайд карда мешавад, мувофиқи фармони раҳбари давлат як қатор ҳамдиёронамон бо мукофотҳои олии Ватан – ордену медалҳо, нишонҳо мукофотонида шуданд.
Дар пойтахтамон бахшида ба супурдани ин мукофотҳо ба соҳибонашон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд. Дар он намояндагони вазорату идораҳои гуногуни мамлакат, созмонҳои ҷамъиятӣ, вакилони марказҳои маданию миллӣ, ҳамдиёроне, ки дар кишварамон барои мустаҳкам кардани дӯстии байни миллатҳо саҳми муносиб гузоштаанд, даъват карда шуданд. Дар мамлакат барои ба таври онлайн дар тамоми ҳудудҳо тамошо кардани ин ҷараён имконият фароҳам оварда шуд.
Номаи табрикии Президентамонро ба муносибати Рӯзи дӯстии халқҳо раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Танзила Норбоева хонда дод.
Диёри мо аз азал бо дӯстӣ, аҳлӣ, ҳамҷиҳатӣ, меҳру оқибат, муҳити саховат дар ҷаҳон ном баровардааст. Солҳои истиқлол ба ҳамгароии тарафайни байни миллатҳо ва мазҳабҳои динӣ, таъмин сохтани истиқрори иҷтимоӣ дар кишвар ба сифати сиёсати устувори давлат эътибор дода мешавад. Барои таъмин сохтани ҳуқуқ ва манфиатҳои тамоми миллат ва халқиятҳое, ки дар мамлакат буду бош доранд, таълим гирифтани онҳо, соҳиби касбу ҳунар шуданашон, баҳри ба амал татбиқ намудани кулли ҳуқуқҳои конститутсиявиашон имконият ва шароитҳои васеъ фароҳам оварда мешаванд.
Бо ташаббуси роҳбари давлат Шавкат Мирзиёев тӯли солҳои охир дар кишвари сермиллати мо ҳифзи манфиати кулли шаҳрвандон, ба тарзи нав ба роҳ мондани робитаҳои ҳамкорӣ бо давлатҳои хориҷӣ ва ҳамсоя, дар ин бобат такя кардан ба тамоилҳои ҳамсоягии нек, чун гавҳараки чашм ҳифз ва эҳтиёт кардани ҳамгароии байни миллатҳо эътибори махсус зоҳир мегардад.
Дар ҷараёни бунёди Ӯзбекистони нав масъалаи ҳифзи ҳамҷиҳатии байни миллатҳо дар Стратегияи амалиёт доир ба панҷ самти устувори рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Муроҷиатномаи Президент ба Олий Маҷлис ва халқи кишвар, дар маърӯзаҳои ӯ аз минбарҳои баланд таҷассум ёфтааст.
Мувофиқи фармони дахлдор дар назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Кумитаи муносибатҳои байнимиллӣ ва алоқаҳои дӯстӣ бо мамлакатҳои хориҷӣ ташкил карда шуд. Дар соҳаи муносибатҳои байнимиллӣ Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки нуқтаи назари ягонаи мақсадҳои сиёсати давлатӣ, раванд ва самтҳои асосии соҳаи мазкурро таҷассум менамоянд, нақши бузург дорад. Корҳои амалие, ки дар Ӯзбекистон барои мустаҳкам кардани дӯстии байнимиллӣ ва байнидинии мазҳабҳо, фароҳам овардани муҳити ваҳдат ва ҳамҷимҳатии тарафайн амалӣ мешаванд, дар миқёси байналхалқӣ низ баланд эътироф мегарданд.
...Оҳанги тантанавӣ садо медиҳад. Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Т.Норбоева ба вакилони марказҳои милливу маданӣ, ҳамдиёрони фидокорамон орден ва медалҳои Ватанро месупорад. Ҳамчунин нишони сарисинагии «Дӯстии халқҳо» супурда шуд.
– Ман аз он ки фарзанди Ӯзбекистони азиз мебошам, бағоят ифтихор дорам, – мегӯяд барандаи ордени «Фидокорона хизматлари учун», роҳбари маркази миллию мадании қирғизҳо Раҳматилла Ҷабборов. – Дар мамлакатамон зисту зиндагии осоиштаи вакилони тамоми миллат ва халқиятҳо, имконияти таълим гирифтани онҳо, шароитҳое, ки барои зоҳир кардани иқтидори онҳо фароҳам оварда шудаанд, ба мо эҳсоси мамнуният ва илҳом мебахшад.
Ҷашн идома меёбад. Сару либоси намояндагони миллат ва халқиятҳои мухталиф гуногун, лекин мақсаду мароми онҳо ягона – дидани рӯзгори орому осуда, пурфайзу фаровон, маъмуру пешрафтаи  Ӯзбекистони муборак аст!
Чорабинӣ бо барномаи калони консертии устодони санъат ва ҷавонони эҷодкор пуршукӯҳ ва завқбахш гузашт.
Дар чорабинии тантанавӣ мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Абдувоҳитов иштирок кард.

Назокат УСМОНОВА,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: