ТАРАДДУДИ ТИРАМОҲИИ ФЕРМЕРҲОИ САМАРҚАНД

Барои кишоварзони вилоят фасли тирамоҳ айёми заминагузорӣ барои ҳосили фаровони соли оянда аст.

 Бинобар ҳамин  дар ноҳияҳои Ҷомбой, Пахтачӣ, Самарқанд, Тайлоқ, Ургут, Оқдарё ва  ғайра кишти пиёз, лаблабу, сир, сабзии  сурх, ғалла муташаккилона идома дорад.


Масалан, дар  ноҳияи  Пахтачӣ дар 1 ҳазору 770 гектар замин  сирпиёз ва пиёз кишт гардидааст, ки фермерҳои «Султонобод  пахтакор», «Нодим Зиёваддин», «Шамсӣ  Назаров» пешқадамиро аз даст намедиҳанд. 
Инчунин дар  ноҳияи Оқдарё хоҷагии фермерии «Найманчӣ  Ҳамзабобо» аз  ҳар  лаҳзаи офтобӣ пурсамар истифода бурда, нақшаи  кишти  гандумро  иҷро намуданд. Дар  муддати кӯтоҳ  дар  560 гектар замин кишти  тухмиҳои  гуногуни навъи  тирамоҳии кишоварзӣ  ба  поён расид. 
Дар  минтақаи  Янгиариқи ноҳияи Самарқанд деҳқонону механизаторон бо кори хоҷагии қишлоқ машғул  ҳастанд. Ана барои чӣ онҳо дар вилоят аввалин  шуда маҳсулоти  худро ба бозори Самарқанд бароварда  истодаанд. 
– Барои  деҳқонӣ ва  боғбонӣ муддати  муайяни кор  ва  истироҳат  мавҷуд  нест, – мегӯяд  сарвари  хоҷагии фермерӣ Ҳоҷимурод  Бобомуродов, – ҳоло мо бо корҳои тирамоҳии «тӯқсонбостӣ» машғулем. Аксарияти  тухмӣ ба  замин  афтод ва  сабзидаанд. Хушбахтона обёрӣ  аз  осмон  шуд. Ин  маънои онро дорад, ки  ду-се маротиба борон  борид. Мо  нурии  минералӣ пошидем, ки   онҳо зуд ва бехато рӯйиданд.

Зоҳир  ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: