ФУРСАТИ НОЗАНИНИ ШЕЪР ДАР ХИЁБОНИ ДИЛИ ШОИР

(Дар ҳошияи китоби «Муғаннии ишқ»-и Илҳоми Насафӣ – Душанбе: «Адиб», соли 2023.)

Шеър зодаи ҳиссу тафаккур аст ва шоир ин андешаву эҳсосро ҳунармандона интишор медиҳад, нафарест, ки нигоҳи мутафовит аз дигарон дорад, метавонад ҳамин нигоҳи фарқкунандаро дар олами тахайюли хеш  ба тасвир кашад, аммо чунон ки Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона таъкид мекунад, «ҳуруфи дили худро ба забони шарифи ниёкон мавзун намудан ҳунари одиву маъмулӣ нест. Ин иқдом маҳорату ҷасорати  азим мехоҳад». 
Илҳоми Насафӣ аз ҷумлаи нафаронест, ки бо ҷасорат аз ин маҳорати хеш дарак дод ва имрӯз аз «машъалдорони забони тоҷикист, ки дар куҳаншаҳри пуровозаи Тирмиз» ба шеър ишқ меварзад. Шеъри Илҳоми Насафиро устоди сухани порсӣ Фарзона «маҳкаму қавибунёд» шинохта, ӯро «шоири муҳаққиқ на сухансози муқаллид» медонад ва таъкид дорад, ки «шеъри нағз мегӯяд».
Дар маҷмӯаи «Муғаннии ишқ» ғазалу рубоиву дубайтӣ ва фардбайтҳои шоир гирд оварда шудаанд. Аз ашъори гирдомадаи шоир маълум аст, ки ӯ ба қолабҳои суннатӣ муҳаббат дорад, аз изҳори муҳаббат лаззат мебарад ва ишқ барояш муқаддас аст. Дар китоб 150 ғазал ҷой дода шудааст ва фарогири паҳлуҳои гуногуни зиндагонӣ будани мавзӯи ғазалҳои шоир шоистаи таъкид аст. 
Аксари ғазалҳои Илҳоми Насафӣ дорои мавзӯи воҳиданд, дар онҳо ягонагиву якпорчагии дарунмоя таъмин шудааст. Васфу ситоиши Ватан, муҳаббати модар, ситоиши зан, ифтихор аз забони модарӣ ва гузаштагони хеш, тараннуми ишқу муҳаббат аз мавзӯъҳое мебошанд, ки дар ғазалиёти шоир бо камоли ҳунарварӣ васфу ситоиш шудаанд.
Шоир аз ҳубби Ватан, аз Истиқлол мегӯяд ва ҷони шоир аз ишқи Ватан табли шодӣ мезанад:
Мо фақат гӯем 
«Истиқлол»-у аз ҳубби 
Ватан,
Бӯйи истиқлоли миллат 
мекунад, девони мо.
Забони модарӣ ва гиромидошти он ифтихори ҳамешагии шоир аст, ки мегӯяд:
Мезанад ҷӯшу хурӯш аз 
шаҳраги хуни дилу...
...мағз-мағзи устухони 
ман забони модарӣ.
Гиромӣ донистани аҷдод аз рисолатҳои аслии ҳар миллату халқият аст ва дар ин росто шоирону нависандагон бештар муваззафанд, ки ҳамин ифтихорро бештар ба хонандагон интиқол бидиҳанд ва тарғибу ташвиқ созанд. Ба ин маънӣ шоир мегӯяд:
Мо зи шеъри Рӯдакӣ 
қадри сухан бишнохтем,
Гашт «ал-Қонун»-и Сино 
масдари дармони мо.
Шоир ба ин нукта, ки ишқ дарунмояи аслии ашъори ӯст, ишораи зебое кардааст:
 Мағз андар мағзи 
девонам пур аз ишқ 
асту бас,
 Ҷуз каломи ишқ чизеро 
намедонам, напурс. 
Ҳузури таркибҳои шоирона дар ашъори ҳар шоир бозгӯи ҳунар ва истеъдоди офарандагӣ аст. Тахайюл ва андешаву диди шоиронаи Илҳоми Насафӣ ибораву таркиботи зиёде офаридааст, ки аз маҳорат ва завқи баланди зебоишинохти муаллиф дарак медиҳанд ва чанд намунаеро чу муште аз хирвор меорем, ки «дили рӯзадор», «риштаи аҳду вафо», «мағз-мағзи устухонам», «хиёбонҳои дил», «чароғакҳои ишқ», «ҳиммати офтобӣ», «бисоти ҳиммат», «рози дили баҳор», «шабнами ҷон», «субҳи оҳарӣ», «фурӯғи нигаҳ», «фурсати нозанин», «анқои табъ», «суфраи шаб», «шишаи кибру ҳаво», «ғаввоси васл»,  «чакомаҳои намакин», «нақби сухан», «шишаҳои сукут», «навори хотир», «паймонаи ҷон», «тифли ашк», «сандуқи ҷон», «тарозуи амал», «кабӯтари нигоҳ», «варақи тозаи дил», «ҳамшаҳрии хуршед» аз ин шумор мебошанд.
Истифода аз санъатҳои бадеӣ аз ҷониби шоирон пеш аз ҳама, ба хотири ороиш ва муассирии муҳтаво роҳандозӣ мешавад. Илҳоми Насафӣ дар ашъори худ аз санъатҳои бадеӣ хеле фаровон истифода бурда, дар истифодаи аносири тасвирсози шеър ҳунари баланди эҷодкории худро ба намоиш гузоштааст. Истифодаи касрати ташбеҳу истиора, маҷозу ташхис, такрор, тазоду талмеҳ ва дигар санъатҳои бадеӣ нишонаи он аст, ки шоир аз санъатҳои шеърӣ огоҳии комил дорад.
Дар ғазалҳои шоир ҳар ду навъи асосии ташбеҳ – кушода ва пӯшида бисёр ба чашм мерасанд. Аммо нуктае, ки дар мавриди ташбеҳоти ғазалҳои шоир метавон таъкид кард, ин ибтикороту навовариҳои вай дар мавриди мазомини нави ташбеҳсозии мафҳумҳою ашё ба ҳисоб меравад, ки дар ҳар ду навъи ташбеҳ фаровон мушоҳида мешаванд. Ташбеҳоти навъи пӯшида дар ғазалҳои шоир қиёсан зеботару тозатар эҷод шуда, дар мазмунсозию образофаринӣ нақши бештар доранд:
Хатсайрҳои баставу
 маҳдудаҳои вақт,
Оре, парандаи ба қафас 
мустақар шудем.
***
Як лаҳза ҷудо буданам 
аз ёди ту сахт аст,
Чун соя ба дунболи ту, 
ҳамдӯши ту монам.
Истифодаи санъати бадеии тазод низ, ба хотири муассирии муҳтаво, аз мумтозии ҳунари шоир дарак медиҳад: 
Шуҳрату шони ту аз авҷи 
сабақхонии мост,
Чеҳрахандонии ту аз 
дидагирёнии мост.
Талмеҳ низ чун воситаи тасвири бадеӣ зинати дарунии ғазалҳои шоирро муҳайё сохтааст. Дар корбурди анвои васоити тасвир, аз ҷумла санъати бадеии талмеҳ дар бисёр мавридҳо аз истиқлоли фикрии шоир огоҳ мешавем. Талмеҳоти шоир суханашро пурмоя сохтаанд. 
Гаҳе Маҷнунаму гаҳ 
мисли Қорун,
Чӣ савдое, чӣ ҳолат 
дорам аз ишқ.
***
Чун Рустами дастон 
бувад, ё Юусуфи 
Канъон бувад,
Бошад агар 
Нӯшинравон, оҳанги 
рафтан мекунад.
Илҳоми Насафӣ муҳаббати хос ва ошноии зиёд бо адабиёти классикӣ дорад. Ин муҳаббат ба ашъори шоир бетаъсир намондааст. Таъсирпазирии  ашъори шоир аз адабиёти классикӣ навиштаҳои шоирро пуробуранг сохтааст ва ин пайвандро устод Фарзона низ таъкид намуда, қайд кардаанд, ки шеъри ӯ «аз ашъори Одамушшуаро Рӯдакиву Ҳакими Тӯсиву Пири Балхиву Ҳофизу Бедил ангезаҳои мунири рӯҳониву равонӣ бардоштааст ба ҳадде, ки  саросари шеъраш зарабони шеъри Мавлои Балху Ҳофизу Бедил садо медиҳад. Аммо ин падида тақлиди рӯбардор нест. 
Хурдтарин жанри шеъ-рӣ байт ё фард аст, ки он аз ду мисраъ иборат буда, ҷамъ онро муфрадот мегӯянд. Дар китоби «Муғаннии ишқ» ба фардбайтҳои зебову хотирмон рӯ ба рӯ меоем:
Агар ба сурхии ранги 
дилам нигоҳ кунӣ, 
Ҳазор манзараи 
инқилоб хоҳӣ дид.
***
Санг бар партави 
хуршед задан 
бехирадист,
Шамъ мемираду хуршед 
ҳамон мемонад.
Дар бахши «Чорзарби дил» мо бо рубоиёти шоир ошно мешавем, ки ҳамагӣ бо ҳунари баланд ороста шудаанд. Дар рубоӣ нисбатан мавзӯъгирии ӯ озод аст ва рубоиҳои шоир дар доираи анъанаҳои пешин суруда шудааст. Дар қисмати «Садбарги ишқ» накҳати дубайтиҳои шоир димоғи хонандаро муаттар ва табъи ӯро болида месозад.
Метавонем бигӯем, ки Илҳоми Насафӣ ба ҳайси як шоири ҳунарманд аз падидаҳои сабкӣ ба хубӣ истифода бурда, талош дорад, ки сухани хешро бигӯяд. Дар ин ҷода барояш тавфиқ ва комёбӣ таманно дорем.

Сурайё ҲАКИМОВА,
номзади илмҳои филологӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: