ТАҚДИМОТИ ЛОИҲАИ ТАКМИЛИ КАСБИ ОМӮЗГОРОН

Дар Тошканд бо ибтикори Агентии муассисаҳои таълимии президентӣ дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО ва Маркази тадқиқоти рушди байналмилалӣ маросими ифтитоҳи лоиҳаи модели гибридии “Мутобиқсозӣ ва тавсеа додани равишҳои такмили малакаи омӯзгорон” баргузор гардид.

Дар Тошканд бо ибтикори Агентии муассисаҳои таълимии президентӣ дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО ва Маркази тадқиқоти рушди байналмилалӣ маросими ифтитоҳи лоиҳаи модели гибридии “Мутобиқсозӣ ва тавсеа додани равишҳои такмили малакаи омӯзгорон” баргузор гардид.
Директори агентӣ Ҳилола Умарова дар ин маросим изҳор кард, ки ҳадафи асосии онҳо такмили касбу маҳорати омӯзгорон ба воситаи равишҳои нав мебошад ва самараи он хеле пурбор хоҳад буд.
– Дар айни ҳол дар тасарруфи агентӣ чаҳор мактаби президентӣ, нӯҳ мактаби эҷодӣ ва се мактаби ихтисосгардонидашуда фаъолият мекунанд. Мо бо истифода аз барномаи Маркази таълимии Кембриҷ ва барномаи хусусии агентӣ корҳои таълиму тарбияро дар ин мактабҳо роҳандозӣ мекунем. Пӯшида нест, ки муваффақияти ҳар як мактаб афзоиши талабаҳои иқтидорнок ва мавҷудияти омӯзгорони бомаҳорат мебошад, – гуфт Умарова.
Ба таври доимӣ такмили ихтисос намудани омӯзгорони мактабҳои президентӣ мусоидат менамояд, ки дараҷаи таълиму тарбия дар ин муассисаҳо беш аз пеш боло равад. 
Агар дарс барои кӯдакон шавқовар гузаронида шавад, ҳатман самараи нек ба бор хоҳад овард. Дарсҳои такмили ихтисос ба ду забон бурда мешавад: ӯзбекӣ ва англисӣ. Дар айни ҳол беш аз 15 нафар омӯзгорони соҳибтаҷриба ва 15 нафар коршиносони варзидаи хориҷӣ ба такмили касби омӯзгорони мактабҳои президентӣ машғул мебошанд.
Ба таъкиди ӯ ин дарсҳо дар назди агентӣ ройгон анҷом дода мешаванд ва аз он омӯзгорон метавонанд фаровон истифода кунанд. Имсол барои шомил шудан ба мактабҳои президентӣ ҳудуди яксаду даҳ ҳазор нафар наврасон даъвогарӣ карданд ва ин рақам нисбат ба солҳои қаблӣ ба як карат зиёд мебошад. Аз ин шумор 103 ҳазор нафар ба далели он ки ҳуҷҷатҳоро дар шакли дуруст тақдим намудаанд, ба имтиҳонҳо роҳ дода шуданд. Дар марҳилаи аввал беш аз 36 ҳазор даъвогарони мактабҳои президентӣ аз имтиҳонҳо гузаштанд. Аммо ҳанӯз натиҷаи марҳилаи дувуми имтиҳонҳо эълон нашудааст.
– Агентӣ, дар баробари ин, ба мактабҳои президентӣ интихоб намудани омӯзгоронро дар се марҳила ба роҳ мондааст, – мегӯяд Ҳилола Умарова.
Маълум шуд, ки дар ин платформа 105 нафар омӯзгорон иштирок кардаанд ва 93 нафари онҳо аз имтиҳону суҳбатҳо муваффақона гузашта, шомили кор шуданд. 
Раҳбари намояндагии ваколатхонаи ЮНЕСКО дар Тошканд Александрос Макаригакис иброз намуд, ки мо дар давраи технологияҳои рақамӣ зиндагӣ мекунем ва он бояд мусоидат намояд, ки дараҷаи маърифатнокӣ низ рӯ ба афзоиш оварад.
– Ман ба афкори Ҳилола Умарова мувофиқам, ки омӯзгорон ва мактаб дар ташаккули наслҳои наврас нақши муассиру созанда мебозанд. Аммо бидуни маҳорату малакаи лозима наметавон ба ҳадафҳои наҷиб расид ва дар таълиму тарбияи комили шогирдони худ муваффақ шуд. Дар айни ҳол чунин камбудӣ дар як қатор муассисаҳои таълимӣ эҳсос мегардад, – таъкид кард Макаригакис.
Ногуфта намонад, ки дар шакли гибрид баргузор намудани ин чорабинӣ боис гардид, ки дар кори он коршиносону мутахассисони зиёд аз дохил ва хориҷи кишвар иштирок кунанд ва дар робита ба такмили касбу маҳорати омӯзгорон фикрҳои ҷолиби худро баён намоянд.
Сардори шуъбаи селексия ва такмили касби омӯзгорони муассисаҳои таълими президентӣ Наргиза Қӯчқорова изҳор кард, ки такмили касб намудани омӯзгорон тибқи модели TDP@Scale барои Ӯзбекистон падидаи нав аст ва ба он бояд хеле моҳирона бархӯрд намуд.
– Кадрҳои омӯзгорӣ ба воситаи сайти edu.piima.uz, ки агентӣ роҳандозӣ кардааст, ба платформаи TDP@Scale пайваст шуда метавонанд ва имкони ширкат дар курсҳои модулии ҳар як фани алоҳидаро ба даст меоваранд, – тазаккур дод Қӯчқорова.  
Ногуфта намонад, ки 16-24 августи соли равон дар мактабҳои президентии шаҳрҳои Нуқус, Хева, Намангон ва Тошканд бар асоси ин лоиҳа бо сарварии мураббиёни дохилӣ ва хориҷӣ семинарҳои серӯзаи омӯзишӣ пиёда шудааст. Минбаъд чунин семинарҳо аз тариқи онлайн идома хоҳанд ёфт. 

Дилфуза СОБИРОВА,
котиби матбуоти Агентии муассисаҳои таълимии президентӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: