ҲОҶӢ НАРЗУЛЛОҶОН КӢ БУД?

Дар давраи аморати Бухоро устои ёвонӣ – Абдураҳим барои кор (шояд амалдорӣ) ба шаҳри Бухоро таклиф карда мешавад.

Саъдиё, марди накӯном намирад ҳаргиз,
Мурда он аст, ки номаш ба накӯӣ набаранд.
Саъдии ШЕРОЗӢ.

Дар давраи аморати Бухоро устои ёвонӣ – Абдураҳим барои кор (шояд амалдорӣ) ба шаҳри Бухоро таклиф карда мешавад. Он гоҳ қисми марказӣ ва ҷанубии Тоҷикистони имрӯза ба аморат итоат мекард ва он Бухорои Шарқӣ номида мешуд. Ҳукмдорони Ҳисор, Балҷувон, Қӯрғонтеппа, Дарвоз, Қаротегин бекҳои амир маҳсуб меёфтанд. Усто Абдураҳим дар Бухоро бо писари хонадони баобрӯ Қозӣ Миршариф – Рукниддин алоқаи дӯстӣ пайдо мекунад. Вай ба Рукниддин хоҳараш Сафармоҳро никоҳ карда медиҳад. Онҳо соҳиби ду фарзанд – Хосият ва Нарзулло мешаванд. Соли таваллуди Нарзулло 1913 аст. Ҳавлиашон дар рӯ ба рӯйи мақбараи Имом Қозихони Валӣ назди дарвозаи Мазор буд. Болшевикҳо амирро сарнагун карданд. Ҷанг бо босмачиён авҷ гирифт. Дар ин байн Сафармоҳ аз олам даргузашт. Рукниддин ба мақсади аз назари босмачиён дур кардани бачаҳои ятимаш онҳоро ба ҳавлии дигарашон, ки дар мавзеи «Боғи туркон»-и ноҳияи Рометан воқеъ буд, бурда барои ҳимояи худу фарзандонаш дар таги болини сар туфанг гузошта мехобанд. Бевақтии шаб буз аз банд раҳо шуда, болои сари Рукниддин меояд. Ӯ хоболуд онро душман гумон карда, сӯйи вай тир мекушояд  ва аз шиддати тарс бемор шуда, баъди се рӯз вафот мекунад. Ҳамин тариқ Нарзуллои 7-сола дар парастории амакаш – Аслиддин мемонад. Сонитар мадрасаи «Мири Араб»-ро хатм мекунад, вале чун мебинад ҳукумати шӯро бо диндорон созиш надорад, курси тракторрониро хонда, чанд сол кор мекунад. Соли 1941 тракторро ба ҳукумат супорида, ба фронт меравад. Дар полки гвардияи 25-ум хидмат карда, дар ҷангҳои шадиди ҳимояи Ярославл иштирок менамояд. Ниҳоят захмдор шуда, ба госпитал меафтад. Азбаски муолиҷаҳо суде намебахшанд, вай бо пойи ланг ба зодгоҳаш – шаҳри Бухоро бармегардад ва бо косибӣ – маҳсию мӯзадӯзӣ машғул мешавад. Сипас, посбони анбор шуда, ниҳоят ба нафақа мебарояд. Сахтии рӯзгор, зиндагии фақирона имконият надод, ки Нарзулло саривақт соҳиби оила гардад. Оқибат соли 1950 дар 37-солагӣ ба Муқаддас Шаҳбоева хонадор мешавад. Аз Нарзулло ва Муқаддасбибӣ ҳашт фарзанд: Асадулло, Зайниддин, Самия, Салима, Садриддин, Салоҳиддин, Шамсиддин, Сабоҳат ба дунё омадаанд.
Бояд таъкид намуд, ки Нарзулло Нуриддинов аз талабагони пешқадами мадрасаи «Мири Араб» маҳсуб меёфт ва Қуръони каримро пурра аз бар намуда, ба мартабаи қорӣ расида буд. Ҳарчанд зиндагии вай ба замони «бехудоӣ» рост омада, он бо дину диндорон чун обу оташ созиш надошт, Нарзуллои маърифатпарвар ҳадди имкон мекӯшид, ки аҳли хонаводаю ҳамдиёрон аз ин ганҷинаи бебаҳои маънавият – асарҳои пурарзиши мутафаккирони Шарқ бебаҳра намонанд. Ҳунарҳои хаттотию саҳҳофӣ ба вай имкон доданд, дурдонаҳои нотакрори маънавӣ – дастхати асарҳои муқаддаси динӣ, илмию адабии бузургони гузаштаамонро, ки бо мурури замон куҳна, парокандаю корношоям ва номукаммал шудаанд, аз нав барқарор кунад.
Тавре фарзандони Ҳоҷӣ Нарзулло гувоҳӣ медиҳанд, замони бачагиашон дар ҳавлии эшон зиёиён, мухлисони илму адаб, наздикон ҷамъ омада, шоҳномахонию, Ҳофизхонӣ, Бедилхонию Навоихонӣ... мекардаанд. Беҳуда нест, ки ҳамаи фарзандони хонадон инсонҳои соҳибфазилат, илмдӯсту фарҳангдӯст, худогоҳу ширинсухан, меҳмондӯсту хушодоб ба воя расидаанд. Ба ибораи дигар тамоми фазилатҳои беҳтарини хоси қавми мо дар рафтору гуфтори онҳо ҳувайдост.
Самия фарзанди нахустини Ҳоҷӣ Нарзулло буда, бо аҳли оилаи худ дар маҳаллаи Ширбадани шаҳри Бухоро будубош дорад. Ӯ идомадиҳандаи анъанаҳои неки хонадон буда, нафақат додарону хоҳарон, балки фарзандону наберагони худро водор месозад, ки бобати илмомӯзӣ, кору зиндагӣ муносиби аҳли хонадон – пайрави бовафои ниёгон бошанд.
Фарзанди калонии онҳо Комилҷон Раҳимовро хуб медонам. Тақрибан бист-бисту панҷ сол муқаддам, ҳангоми мулоқот бо хаттоти машҳури бухороӣ, мударриси мадрасаи «Мири Араб», имом-хатиби масҷиди «Баҳоуддин Нақшбанд» – Ҳоҷӣ Ғафурҷон Раззоқи Бухороӣ, ки ба Комилҷон ҳаққи устодӣ дорад, дар бораи мавсуф бо ифтихор ҳарф зада, ӯро «ояндааш дурахшон» гуфта буд. Ин башорати домулло ҳақ будааст. К. Раҳимов ҳоло корманди калони Институти ховаршиносии АИ Ӯзбекистон, доктори илмҳои таърих, ҷонишини сармуҳаррири маҷаллаи «Нақшбандия», бо асарҳои зиёдаш бобати тадқиқи маърифати исломӣ сазовори мукофотҳои байналмилалӣ гаштааст ва чун исломшинос шуҳрат дорад.
Яке аз сармуҳаррирони собиқи «Овози тоҷик» Абдулло Ҳакимов, писарони вай Акбар Ҳакимов – академики АИ Ӯзбекистон, Зафар Ҳакимов – доктори илмҳои таърих, бостоншинос, сармуҳаррири журнали «Мозийдан садо» низ аз хешовандони наздики Нарзулло Нуриддинов ба шумор мераванд.
Чанде пеш Комилҷон Раҳимов ба муносибати рӯзи вафоти бобояш (с.1981) Ҳоҷӣ Нарзуллоҷон Нуриддинов бахшида ба хотираи вай ба хешу наздикон «оши худоӣ» дод. Дар он мо муваффақ шудем бо нафароне, ки Ҳоҷӣ Нарзуллоро аз наздик мешинохтанд, суҳбат кунем. Яке аз эшон марди фозили бухороӣ Фозилбобо Идиев буд.
– Китоби куҳнае бо навиштаҷоти арабӣ аз бобоям мерос монда буд. Чанд саҳифаи он дарида, ранги варақҳояш парида буданд. Назди домулло Нарзуллоҷон бурдам. Вай китобро ба даст гирифта, чашм давонду гуфт: «Ин «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ аст».
Рӯзи дигар китоби таъмирёфтаи зеборо ба даст гирифта, ҳайратам афзуд: «Наход ин ҳамон китоби фарсуда бошад?!»
***
Барқароршавии муносибатҳои дӯстӣ ва кушодашавии сарҳадҳо боиси эҳёи анъанаҳои пештара – рафтуои халқҳоямон гардид. Моҳи сентябри соли ҷорӣ як гурӯҳ хешовандони тоҷикистонии хонадони Ҳоҷӣ Нарзулло Нуриддинов аз ноҳияи Ёвони Тоҷикистон ба Бухоро омада, чанд рӯз меҳмони фарзандону наберагони инсонҳои ба дилу дидаашон наздик гардиданд.
Ба мо лозим омад, ки ба Бухоро рафта, дар мавзеи «Ситораи Моҳи Хоса»-и шаҳр бо онҳо мулоқот кунем.
Ёдгор Муродалиев, Соҳибназар Муродалиев, Идимоҳ Дурдиева, Мирзосаид Ашуров, Комилҷон Ашуров, Имомиддин Назаров ва дигарон роҳбарони ҳарду ҷумҳуриро дуо карданд, ки сафарашон самараи сиёсати оқилонаи онҳост. Дар байни хешовандон рӯзноманигор Хушвақт Назаров низ ҳузур дошт, ӯ изҳор дошт, ки ният дорад «Шаҷараи ниёгон»-ашонро таҳия намояд.

Амрулло АВЕЗОВ, 
мухбири «Овози тоҷик» 
дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: