ЗАН – САРИШТАИ ХОНАДОН

Бо ифодаи калимаи “зан” модар, кадбонуи хона, тарбиятгари фарзандон ва сариштакору саранҷоми рӯзгорро мефаҳмем.

Бо ифодаи калимаи “зан” модар, кадбонуи хона, тарбиятгари фарзандон ва сариштакору саранҷоми рӯзгорро мефаҳмем. Вале зани имрӯз баробари ин ифодаҳо, шифокор, омӯзгор, шоира, соҳибкор ..., хулоса касбу кори зани имрӯз хеле зиёд. Зани имрӯз баробари тарбияи фарзанд, ҳаракат мекунад, ки ба таъмини оила, ба рушди ҷомеа ва халқу ватан бо кору хидматҳои арзандааш ҳисса гузорад. “Зани солиҳа ба кадом хонае, ки бошад, рӯшноӣ ба рӯшноӣ меафзояд” гуфтаанд бузургони мо. 
Дар кишвари мо барои ҳаматарафа фаъолият бурдани занону духтарон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Баҳри дастгирӣ ва кӯмак расондан ба фаъолияти онҳо як қатор ташкилоту ассотсиатсияҳо кор мебаранд. Яке аз онҳо Ассотсиатсияи занони корчаллон – “Зани соҳибкор” ба шумор меравад. Имрӯз ба ташкилёбии “Зани соҳибкор” 30 сол пур шуд. Дар тӯли сӣ сол ташкилот ба по хест, ба камол расид, соҳиби таҷрибаи зиёд гардид. Алҳол дар ҷумҳуриамон беш аз 68  шуъбаи минтақавии ассотсиатсия созмон ёфтааст ва дар он 200 нафар мутахассис доир ба рушди соҳибкории занон фаъолият мебарад.
Дар чорабиние, ки дар Маркази матбуоти миллӣ баргузор гардид, доир ба ҳамин соҳа сухан рафт. Раиси Ассотсиатсияи занони соҳибкори ҷумҳурӣ Гулнора Маҳмудова зимни суханронӣ таъкид намуд, ки дар тӯли давраи гузашта аз ҷониби ассотсиатсия бо ҳамкории институтҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ беш аз 100 лоиҳа дар амал тадбиқ гардид. Дар натиҷа 60,3 ҳазор нафар занону духтарон соҳиби дониши соҳибкорӣ шуда, 80 фоизи онҳо бо кор банд шуданд. Беш аз 50 ҳазор нафар равиши кор ва асосҳои тиҷоратро омӯхта, тиҷорати худро оғоз намуданд. 
Ҳафтаи “Занони соҳибкор” то 19 ноябри соли ҷорӣ идома ёфта, дар чаҳорчӯбаи он таҳти мавзӯъҳои “Тиҷорати бомуваффақият”, “Алоқаҳои истиқболноки тиҷорати занони корчаллони Ӯзбекистон ва Покистон”, “Тасвири зани соҳибкор дар асарҳои бадеӣ” чорабиниву намоиши фотосуратҳо баргузор мегарданд. Мақсади асосии ҳафта аз васеъ намудани ҳуқуқҳои иқтисодӣ ва имкониятҳои занон, муҳокимаи босамаронаи занони соҳибкор бо идораҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҳамкор, ҷалб намудани сармояҳои хориҷӣ, тарғиб намудани имкониятҳои савдо ва сайёҳии мамлакат иборат аст. Дар чорабиниҳои ҳафта дар сафи занони корчаллони мамлакат роҳбарони ташкилотҳои давлатӣ ва нодавлатӣ, роҳбарони ташкилотҳои хориҷӣ, экспертҳои тиҷорати хориҷӣ, шӯрои соҳибкорони давлатҳои хориҷӣ, Институти молия ва муассисаҳои суғурта  иштирок мекунанд.  Дар давоми ҳафта иштирокдорон бо фаъолият ва корбарии занони соҳибкор, ки бо паррандапарварӣ, моҳипарварӣ, занбуриасалпарварӣ, чорводорӣ, заргӯшпарварӣ, фермерӣ, гармхонаҳо, ателеҳои дӯзандагӣ, салонҳои ороишӣ машғуланд, ошно мегарданд ва аз тарафи мутахассисони ботаҷриба сабақҳои маҳорат ва маслиҳатҳо дода мешаванд.
Дар мавзӯи “Тасвири зани соҳибкор дар асарҳои бадеӣ” эҷодкорони кино, таҳиягарон, арбобони театр ва занони соҳибкор иштирок мекунанд.
– Дар санъати театр ва кино низ занони мо фаъоланд. Ҳукумат ба масъалаи гендерии занон эътибори ҷиддӣ медиҳад. Аммо, тимсоли зани соҳибкору корчаллонро дар экрану саҳнаҳо кам намоиш медиҳанд. Ҳол он ки зан тимсоли садоқат, вафо, зебоӣ, меҳнатдӯстӣ мебошад. Доир ба ҳаёти зани зиёӣ, соҳибкорзани замонавӣ кинофилфмҳо бештару беҳтар коркард гарданд, мувофиқи мақсад мебуд,– гуфт Г. Маҳмудова.
Дар чорабиниҳое, ки дар давоми ҳафта баргузор мегарданд, мавқеъ ва ҳуқуқи занони соҳибкор, мушкилӣ ва камбудиҳои онҳо пурра санҷида шуда, талабу дархости онҳо ба муҳокимаи вазорату саридора, мақомоти ҳокимиятҳои маҳаллӣ, шӯроҳои тадбиркорӣ ва дигар ташкилотҳои дахлдор расонда мешаванд. 

С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори 
“Овози тоҷик”.        
            

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: