Дар байни мардуми мо зарбулмасале ҳаст, ки модарам онро ҳар замон вақте ки мо фарзандон дар хонаи падар ҷамъ мешудем, вирди забон меоварданд: «Ҳайфи хони падарам, гулҳош резад ба сарам».
Бале, ин гӯйиши модарам моро ба дунёи кӯдакӣ мебарад, ёди он лаҳзаҳои бебокӣ, ёди он беғамиву шодиҳо, ёди оғӯши падар мекунад, аммо чӣ чора, тақдир чунин аст, яъне омадану рафтан.
Гарчанд гарон аст, имрӯз хостам ёди қиблагоҳам, сифати падарамро пеши шумо азизон иброз кунам, зеро чунин инсон будан барои касе намуна бошад, барои касе орзу аст.
Падарам Абдуҷамил Маҷидов 11 феврали соли 1948 ба олами ҳастӣ чашм кушода, дар зиндагӣ марде буданд фозилу оқил, хоксору фурӯтан, инсондӯсту инсонпарвар, хайрхоҳу хайрандеш... Ҳайфо, садҳайф, ки имрӯз ҷои эшон аз хонаи дида ба хонаи қалбу хотир кӯчид. Акнун канӣ он чеҳраи гарми падар, он симои нуронии қиблагоҳ. Имрӯз дар хилватҳои хаёл садои падарро мешунавам, дар олами тасаввур бо падар суҳбат дорам, аммо чӣ илоҷ, тақдирро таҳрир наметавон кард, дар ҳукми азал насиба ҳамин будааст:
Падар бӯи ту дорад
ҷойнамозат,
Ба вақти саҷда
пайвандам ба розат.
Азон хонад саҳаргоҳон
муаззин,
Ба самъам мерасад
гуё овозат.
Бале, ҳар вақт хонаи волидайн равам, дари падарро мекӯбам, насими фораме ёди қиблагоҳро аз гулу гиёҳу дарахтон ба машомам мезанад, гӯё эшон низ ташнаи дидоранду гилагузорӣ мекунанд.
Падарам дар зиндагӣ ҳамеша вақтро ғанимат мешумориданд ва беҳуда сарф намекарданд. Баъди ба нафақа баромадан шуғли асосии қиблагоҳам китобхониву боғдорӣ буд. Баъзан мо саргарми суҳбат мешудему падарам дар кунҷе ғарқи китобхонӣ буданд, китобҳои Абдулло Қодирӣ, Чингиз Айтматов, Мухтор Шохонов, Расул Ғамзатов, Мирмӯҳсин, Пиримқул Қодиров ва дигар соҳибқаламони ватаниву хориҷӣ қисм-қисм ҷой гирифта буданд. Мо вақте ба деҳа мерафтем, албатта барои қиблагоҳам 2-3 китоб мебурдем, ки тӯҳфаи олитарин ҳисоб меёфт. Қиблагоҳам дар зиндагӣ роҳи худро доштанд, ҳамеша ҳалолкориву ростгуфториро сифати олии инсон шуморида, дар зиндагӣ доимо амал мекарданд ва мо фарзандонро низ раҳнамо буданд. Ба гуфти шоир:
Тухми покиву адолат кишт
кардӣ бар дилам,
Ростқавлу росткору
тозаимонам падар.
Манзили дигаре, ки моро ба худ мекашаду аз қиблагоҳ дарак медиҳад, ин боғи наздиҳавлигии мост. Зеро шуғли дигари падарам боғдориву деҳқонӣ буд, ки аз падарбузургам боқӣ мондааст. Ӯ ҳамеша дар ҷустуҷӯи навъҳои ҷудогонаи гулу гиёҳ ва дарахт мегашт. Навъҳои нодир ва олитарини онҳоро пайдо карда мекошт, рӯзи худро бахшида парвариш мекард, ки аз ниҳолак ва қаламчаҳои хурдак дарахтони хушмеваю сарбафалаккашида пеш меомаданд.
Дирӯз сайри боғ доштаму лаҳзае аз овони кӯдакӣ ёдам омад, ки бо қиблагоҳ хуш гузаронидаву арзанда буд. Мавриди зикр аст, ки ман аз рӯзе, ки ҳуш дар сар дорам, падарам бо меҳнат моро тарбият мекард. Ҳар субҳ то вақти корӣ ва ҳар бегоҳ баъд аз кор, албатта ҳамроҳи бародаронам дар замини назди ҳавлӣ вақт мегузарониданд. Онҳо бел мезаданду ман ҳам духтараки 5 сола сатилчае дар даст, сангу чӯби падарам аз замин чидаро меандохтам ва аз ин коркунии худ пеш-пеши бародарон ва падар меболидам. Падарам бел мезаданд, ин лаҳза чашмам ба анори сари дарахт афтод ва аз падар хоҳиш кардам, ӯ дастрас кард. Ман бо ҳавсала ба даҳон бурда дандон задам, аммо афсӯс дандонам ба анор бозмонду канда шуд ва доду фарёди ман ба фалак печид. Ӯ маро таскин медод, ки дандони нав мебарояд, гиря накун, аммо ноилоҷ.
Охир дили маро ёфт, он вақт хоҳари калониам дар Тоҷикистон донишҷӯи Институти тиббӣ буду падару модар сари вақт ба дидорбинӣ мерафтанд. Падарам, «агар гиря накунӣ ман туро ба Душанбе мебарам ва лӯхтакча гирифта медиҳам, чӣ хел лӯхтакча мехоҳӣ?» – гуфтанд. Ин сухан манро хуш омад ва таскин дод. Бо ҳозирҷавобӣ: «лӯхтакчаи калон мехоҳам, то ки гиря кунад ва ман ӯро алла гӯям», – гуфтам.
Падарам дарҳол модарамро овоз дода, гуфтанд, ки оши палав кун, ба Душанбе меравем. Аз ин гуфтаҳо ман болу пар гирифтам, дарҳол ба пӯшидани куртаҳои пар-пару гирдаки худ пардохтам, хеле мамнун будам. Ин рӯзе буд барои ман фаромӯшнопазир. Мо деги ошро ҳамроҳ гирифтему савори мошин сӯйи Душанбешаҳр равон шудем. Моро амакам Абдукарим пешвоз гирифтанд ва баъди аҳволпурсӣ падарам, дарҳол ба мақсад гузашта, дар куҷо лӯхтакчаи калон пайдо карда метавонем, ки гиря кунад ва «оча»-и (падарам моро бештар чунин муроҷиат мекарданд) ман онро «алла» гӯяд. Мо ба чанд мағоза даромада баромадем, аммо рӯз бегоҳ шуду «гиряи» лӯхтакча шунида нашуд. Мувофиқи ваъда бояд бегоҳ ба хона баргардем, азбаски лӯхтакчаро наёфтем, падарам азми рафтан накарданд. Рӯзи дигар мо шаҳрро тамошо карда, ниҳоят лӯхтакчаро пайдо кардем, дарҳақиқат калон буду хоб равад гиря мекард ва рост монам табассум...
Дар ин мисраъҳо низ эҳсоси ҷонбозиҳои падар баҳри фарзандро мебинем, ки сарояндаҳои мо хуш зам-зама мекунанд:
Намак дар комҳо
ширинтар аз шаҳду шакар
гардад,
Ҷигарҳо хун шавад то як
писар мисли падар
гардад.
Падар аз шавқи дил дар
кӯдакӣ дасти писар гирад,
Ба умеде, ки дар пирӣ
писар дасти падар гирад.
Падарбузургам деҳқон шудани қиблагоҳамро мехосту аз деҳ дур шудан намегузошт, қиблагоҳи ташнаи илмам донишгоҳро як сол хонда ба деҳ баргаштанд ва чун хоҳиши падар деҳқон шудаанд.
Падарбузургам дар асл инсони соҳибилм буда, дар замони худ хазиначӣ, ҳисобчии колхоз ва баъдан раис будаанд. Аммо бо баъзе сабабҳо аз ҳама кор даст кашидаанд ва деҳқон буданро авло шуморида, ба фарзандонашон низ ин роҳро ҷоиз донистаанд. Қиблагоҳам гарчанд бо хоҳиши падар баргашта бошанд ҳам, шавқу завқи илму тадрисро дар қалб ҷой намуда, баъди фавти падар бозпас рафта, донишгоҳро идома медиҳанд. Он кас барои фарзандон ҳамеша шароити илму таълимро омода сохтанд, гарчанд хоҳиши хонданро надошта бошем ҳам, «то нахонда пушаймон шудана, хонда пушаймон шавед, то ки аз баракоти ҳамон дониш зиндагиатон хуш, фарзандонатон соҳибилм шавад», – мегуфтанд.
Аз файзи хонадон, муҳити солим ва фарзандони хушахлоқу ҳамсари меҳрубон қиблагоҳам ҷавону нуронӣ буданд. Албатта падарам инсони бадавлат буданд. Анқариб 50 нафар набераю абераҳо шаҷараи он касро зиндаю поянда медоранд. Фарзандон бо шарафи тарбияву раҳнамоии падару модар дар ҳаёту зиндагӣ мавқею мартабаи худро ёфтаанд. Ҳусния – шифокори бонувон ва момодоя, Сайфиддин – муҳандиси соҳаи энергия, Садбарг – ҳамшираи шафқат, Садриддин – шифокор, Баҳриддин – профессори Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон, Сарвиноз – тарбиятгари фарзандон, Сабоҳат – дотсенти Донишгоҳи давлатии Самарқанд, Аслиддин – муҳандис, Сайёра – муаллимаи категорияи олии забони англисӣ, Амриддин – иқтисодчӣ. Мо назди падару модар сари таъзим фуруд меорем, зеро бо дуову ҷидду ҷаҳди эшон чунин камолот насибамон гаштааст, ки ҳаваскунанда аст.
Падару модари меҳрубонам 54 сол бо ҳам зиндагонӣ карданд, ки имрӯз барои фарзандон, хешу табор, ҳамсоя ва атрофиён намунаи ибрат аст. Падару модар муҳаббати самимӣ доштанд, ҳамдигарро хеле дӯст медоштанд, эҳтиром мекарданд, ки муносибати онҳо ҳама вақт бо меҳру муҳаббат буд. Мегӯянд, аз беҳтарин инсонҳо аъмоли нек боқист, вагарна суханони нек рӯйи деворҳо низ навишта мешавад.
Дар сифати зиндагии қиблагоҳам низ бо ҳамин андеша иктифо мекунем ва ҳамеша бо меҳру муҳаббат ёд мекунем, то хонаи охираташон обод бошад.
Рафтиву талоши рӯҳу
ҷонат боқист,
Ёди ту чу нури хонадонат
боқист.
То мо ба ҷаҳон ному
нишоне дорем,
Маҳбуб падар,
ному нишонат боқист.
Сабоҳат МАҶИДОВА,
дотсенти Донишгоҳи давлатии Самарқанд.