Дар Тошканд машваратҳои сиёсии Ўзбекистон ва Куриёи Ҷанубӣ баргузор гардид

25 марти соли 2024 дар Тошканд даври 16-уми машваратҳои байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ӯзбекистон ва Кореяи Ҷанубӣ баргузор гардид.

Ҳайатҳои ҷонибҳоро муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бобур Усмонов ва муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея Чонг Бёнг Вон раҳбарӣ карданд.

Ҷонибҳо  оид ба рӯзномаи васеи муносибатҳои Ўзбекистон-Кореяи Ҷанубӣ мубодилаи афкор намуда,  самтҳои афзалиятноки инкишофи ҳамкориро дар ояндаи наздик муайян карданд. Ба ҷадвали баргузории чорабиниҳои дарпешистода дар сатҳу форматҳои гуногун таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.

Зимни машваратҳои сиёсӣ масъалаҳои таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифтанд. Манфиати тарафайн ба афзоиши нишондиҳандаҳои савдои дуҷониба ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои инфрасохтор, логистика, нақлиёт, ТИК ва энергияи барқароршаванда тасдиқ карда шуд.

Дар рӯзномаи музокирот ҳамчунин масъалаҳои такмили пойгоҳи шартномавиву ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба, амиқсозии ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ, таҳкими ҳамкорӣ дар доираи сохторҳои бисёрҷониба, инчунин як қатор ҷанбаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ шуданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: