«ЯК ҚОФИЛА ШЕЪРИ НОБ ДОРАД ШОИР»

Илҳом Эшонзодаи Насафӣ (Эшонқулов), номзади илмҳои филологӣ, дотсент. Хатмкардаи факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров ва аспирантураи донишгоҳи мазкур мебошад.

Фаъолияташро ба сифати ходими илмии Институти улуми инсонии ДДХ ба номи академик Б.Fафуров оғоз намудааст. Аз соли 2012 дар ҳамин донишгоҳ ба ҳайси муаллим, сармуаллим, ноибдекани бахши илм, докторант ва дотсенти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики факултаи забонҳои Шарқи донишгоҳ ва аз соли 2018 ба ҳайси сармуаллим ва дотсенти кафедраи филологияи тоҷик ва забонҳои Шарқи факултети филологияи рус ва забонҳои Шарқи Донишгоҳи давлатии Тирмиз фаъолият мебарад.
Фаъолияти илмии ӯ ба масъалаҳои тазкира ва тазкирашиносӣ, таҳқиқи таҳаввули насри адабиёти охирҳои асри XIX ва ибтидои асри XX, таъйини рӯзгор, вежагиҳои осори суханварони форсигӯйи Мовароуннаҳр иртибот дорад.
Муаллифи кариб 70 асари илмӣ, таълимӣ ва публитсистӣ аз ҷумла рисолаҳои “Тазкираҳои Ҳашмати Бухороӣ ва аҳамияти илмиву адабии онҳо” (2014), “Ҳашмати Бухороӣ ва тазкираҳои ӯ” (2019) ва китобҳои дарсии  “Таърихи адабиёти тоҷик (Давраи истилои муғул ва аҳди Темуриён)” (2013), “Таърихи адабиёти тоҷик (Адабиёти тасаввуфӣ)” (2013), маҷмӯаи ашъори “Сабзаи фарвардин” (2010) мебошад.
Дар таҳияи китобҳое аз қабили “Ҳоҷӣ Абдулазими Шаръӣ. Тазкират-уш-шуаро». (Таҳияи матн аз хати форсӣ ба кирилӣ, 2015), “Мирсиддиқхони Ҳашмати Бухороӣ. Тазкират-уш-шуаро. Таҳия ва тавзеҳи матн аз хати форсӣ ба кирилӣ, 2022), маҷмӯаи мақолаҳои илмии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалие чун “Робитаҳои адабӣ ва муколамаи фарҳангҳо” дар ду қисм (2019) ва “Оинаи ибрат” (2019) саҳм гирифтааст.
Дар гузаштаҳои дуру наздик насафиҳои зиёде бо шеър сарукор доштаанд. Сайидои Насафӣ аз барҷастатарини онҳост. Мо бар онем, ки тозакориҳои ин шоири бузург дар жанри ғазал ҳанӯз ба таври бояду шояд кашф нашудааст. Илҳом Эшонзодаи Насафӣ дар ҷодаи ноҳамвори шеър ба дунболи онҳое меравад, ки дар жанри беш аз ҳазорсолаи ғазал сухани нав гуфтаниянд. Дар пиёда гардидани ин нияти неку наҷиб ба ӯ тавфиқ мехоҳем.

Бахши адабиёт ва ҳунари «Овози тоҷик».
ШОИР

Качкӯли пур аз китоб дорад шоир,
Як қофила шеъри ноб дорад шоир.

Дар зулмати зиндагӣ чу машъал сӯзад,
Як равзана офтоб дорад шоир.

Хомӯш агарчи дар назар метобад,
Аз дил ба дил инқилоб дорад шоир.

Не аҳли аёлу хонаву дар гӯяд, 
Не роҳату айшу хоб дорад шоир.

Бори ду ҷаҳон бувад ба дӯшаш доим,
Дарду ғами беҳисоб дорад шоир.

Аз оини сулҳу дӯстӣ ҷорзанон,
Бар аҳли башар хитоб дорад шоир.

Хонад ҳама ҷо ҳамосаи шодиву ғам,
Аз ишқ дили кабоб дорад шоир.

Бо нӯки қалам канад фақат нақби сухан,
З-ин рӯ ҷадалу шитоб дорад, шоир.

Инро худашу фақат Худо медонад,
Охир чӣ қадар азоб дорад шоир.

ДУХТАРИ ТОҶИК

Духтари Наврӯз атлас ба тан аст,    
Нармгуфтору фариштасухан аст.

Ба назокат, ба малоҳат, бахудо
Бебаҳо мисли ақиқи Яман аст.

Оламе маҳви тамошои рухаш,
Хандааш рашки гули сад чаман аст.

На либоси урупоӣ, на ҳарир,
Зеби ҳар духтари тоҷик чакан аст.

Медурахшад ба ҳазор ишваю ноз,
Маҳфилорои ҳама анҷуман аст.

Тоқии зар ба сараш мезебад,
Аз азал хушқаду гулпираҳан аст.

Аз қудумаш ҳама ҷо гул резад, 
Рамзи ободиву фахри Ватан аст.

Адрасу атласу шоҳиву чакан,
Зеби ҳар духтари аҷдоди ман аст.


ГУЛ МЕКУНАД

Гар ту бошӣ дилбарам, 
дил дар барам гул мекунад,
Аз ҳузури мақдамат бому дарам 
гул мекунад.
    
Гар ту оӣ, шоми қалбам моҳтобӣ 
мешавад,
Дар само хуршеду моҳу ахтарам 
гул мекунад.

Гар бисӯзӣ ҷисму ҷонамро 
наёрам шиквае,
Аз сафои ишқи ту хокистарам 
гул мекунад.

Шоҳбайти ҳар ғазал аз исми ту 
гирад нумуъ,
Ҳарфи зебоят зи умқи дафтарам 
гул мекунад.
             
Ҳар нафас ҷӯям нишон аз 
бенишониҳои ту,
Аз фурӯғи ҳастии ту боварам 
 гул мекунад.

Эй зан, эй олиҳаи ҳусну назокат, эй азиз!
Дар нигоҳат хандаҳои модарам 
гул мекунад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: