МАЪНАВИЯТ – ОФТОБИ ҚАЛБ

Бояд гуфт, ки алҳол бо ташаббуси Сарвари давлатамон Ш. Мирзиёев кори дар мамлакат ташаккул додани маънавият, дорои маънавияти баланд кардани халқи кишвар ба дараҷаи сиёсати давлатӣ бардошта шудааст.

“Агар ҷисми ҳаёти ҷамъият иқтисодиёт бошад, ҷон ва рӯҳи он маънавият аст. Мо барои бунёди  Ӯзбекистони нав ба ҳамин ду сутуни мустаҳкам, яъне ба иқтисодиёти пурқудрати ба тамоилҳои бозор асосёфта ва мероси ғании ниёгон, ба суннатҳои миллӣ ва умумиинсонии маънавияти бузургамон такя мекунем”.                                                                    
Ш. МИРЗИЁЕВ. 
Бояд гуфт, ки алҳол бо ташаббуси Сарвари давлатамон Ш. Мирзиёев кори дар мамлакат ташаккул додани маънавият, дорои маънавияти баланд кардани халқи кишвар ба дараҷаи сиёсати давлатӣ бардошта шудааст. Дар Ӯзбекистон барои баланд бардоштани маънавият ва маърифат, тарғибу ғанӣ намудани онҳо Маркази “Маънавият ва маърифат” фаъолият дорад. Чанде қабл Қарори Президент “Дар бораи чораҳои беш аз пеш такомул бахшидани сохтори корҳои маънавӣ ва маърифатӣ” қабул шуд. Он дар мамлакат бобати баланд бардоштани нақши маънавият дар байни аҳолӣ, рушд ва ташаккул додани корҳои соҳа дастуруламали муҳим гардид. Аз ҷумла, бо мақсади таъмини иҷрои қарори мазкур, ҳамчунин ташаккул додани авлоди аз ҷиҳати маънавию ахлоқӣ комил ва ҷисмонан солим, таъмин сохтани иштироки фаъоли онҳо дар ислоҳоти кунунӣ бо ташаббус ва ҳамкории Вазорати таълими халқ, Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ, Иттиҳоди эҷодии журналистон ва Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон дар тамоми мактабҳои сартосари ҷумҳурӣ вазифаи нави тарғибгар оид ба масъалаҳои эҷодию маданӣ ҷорӣ карда шуд. 
– Алҳол дар 54 мактаби таҳсилоти ҳамагонии тобеи шуъбаи таълими халқи ноҳияи Бӯка чунин тарғибгарон фаъолият пеш мебаранд, – мегӯяд мудири шуъбаи Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Бӯка Ч. Абдурасулова. – Вазифаҳои асосии онҳо муайян ва интихоб кардани хонандагони дорои қобилияти эҷодӣ, ташкил намудани маҳфилҳои адабӣ ва сабақҳои маҳорат, ба нашрҳои адабӣ ва чопӣ барои нашр тавсия кардани корҳои эҷодии онҳо, дар байни хонандагон озмун ва ҷашнвора гузарондан, ба роҳ мондани вохӯриҳо бо шоиру адибони номвари ҷумҳурӣ ва ғайра мебошад. 
Дирӯз дар Боғи ҷавонони Бӯстони ноҳияи Бӯка ба мақсади баланд бардоштани самарабахшии корҳои маънавият ва маърифат, инчунин барои кӯмаки услубӣ расондан ба тарғибгарон оид ба масъалаҳои эҷодию маданӣ дар муассисаҳои таълими ҳамагонӣ таҳти мавзӯи “Маънавият – офтоби қалби мо” машварат баргузор шуд. Дар ин чорабинӣ, ки бахшида ба 30-юмин солгарди истиқлолияти давлатии кишвари мо ва таҳти шиори “Дар Ӯзбекистони нав озод ва фаровон зиндагӣ кунем!” баргузор гардид, намояндагони ҳокимияти ноҳия, шоирон ва хонандагони эҷодкор иштирок карданд. Дар он тарғибгарон аз эҷодиёти худ намунаҳо хонданд ва доир ба вазифаву масъулияташон дар фаъолияти касбӣ сухан ронданд. 

Меҳровари ҚОДИР.
Ноҳияи Бӯка.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: