ХОҶА МАҲМУДИ АНҶИРФАҒНАВӢ

Ҳафт пир

(Пири сеюм)

ХОҶА МАҲМУДИ АНҶИРФАҒНАВӢ 
Хоҷа Маҳмуди Анҷирфағнавӣ (вафот–1286 соли таваллудаш номаълум) дар деҳаи Анҷирфағна (Анҷирбони имрӯза)-и ноҳияи Вобкенти вилояти Бухоро ба дунё омада, соли 1886 дар ҳамин деҳа ҷон ба Офаридгор супурдааст. Ба ӯ ба сифати пири сеюми тариқати хоҷагон – нақшбандия арҷ мегузоранд. Дар силсилае, ки аз паёмбар Муҳаммад (с.а.в.) оғоз меёбад, пири халқаи 12-ум мебошад.  Баъди Хоҷа Ориф Ревгарии Моҳитобон тариқатро роҳбарӣ кардааст. Дар манбаъҳо омадааст, ки ӯ шахси миёнақад, сафедпӯст, соҳиби бинии хуштарҳ, даҳонкалон, сиёҳриш ва чеҳракушод аст. Наслаш аз сайидзодагон аст, яъне ба паёмбар Муҳаммад (с.а.в.) мепайвандад. Ду ҷонишин тарбия кардааст, ки яке Амири Хурди Вобкандӣ, дигаре Хоҷа Алии Рометанист. 

Деҳаи Анҷирфағна дар кадом ноҳия?

Анҷирфағна дар ҳудуди ноҳияи Вобкенти имрӯза мавқеъ гузидааст.  Ин деҳа солҳои 1964-1968 воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Шофиркон буд. Соли 1968 Шофиркон аз нав ба сифати ноҳия арзи ҳастӣ кард. Вале Анҷирфағна дар таркиби ноҳияи Вобкент монд. Падарам дар он солҳо чанде ба сифати мудири шуъбаи саридораи хоҷагии деҳоти ноҳияи Вобкент фаъолият нишон додааст. Вақте сабаби ба таркиби ноҳияи Вобкент дохил кардани деҳаи Анҷирфағнаро пусидам, падарам гуфт:
– Кори дуруст шуд. Худ ҳангоми ба қисмҳои маъмурӣ ҷудо кардани минтақаҳо бояд маҷрои об ба назар гирифта шавад. Оби Вобкенту ин хоҷагӣ тавассути як ҷӯй меояд. 
Солҳо сипарӣ гардиданд. Вақте бо «Рашаҳот-айн-ул-ҳаёт»(«Қатраҳои оби ҳаёт»)-и Фахриддин Алии Сафӣ (таълифаш соли 1506) ошно шудам, аён гардид, ки дар он аҳд низ деҳа дар тасарруфи музофоти Вобкент будааст: «Мавлудашон дар Анҷирфағна аст, ки деҳаи бузургест дар музофоти Вобканди вилояти Бухоро. Муқими Вобканд буданд ва қабри муборака (дар сарчашмаҳои таърихӣ номи ин мавзеъ Вобканд омадааст) низ дар он ҷост».
Ин маълумот боз як хатои ҷиддиро ислоҳ намуд. Дар баъзе мақолаҳое, ки дар солҳои истиқлол чоп шудаанд, номи ин валӣ ба тарзи: «Хоҷа Маҳмуд Анҷир Фағнавӣ» омадааст. Ҳол он ки «Анҷирфағна» номи деҳа аст. Биноан нисбаи ин зот низ бояд дар шакли «Анҷирфағнавӣ» навишта шавад.

Манбаи муътабартарин

Нахустин манбае, ки доир ба ҳафт пир маълумоти васеътар медиҳад, тазкираи «Нафаҳот-ул-унс»-и Мавлоно Абдураҳмони Ҷомист. Ба он Анҷирфағнавӣ ба сифати шайхи 440-ум ворид карда шудааст. Вале ин фасл ҳамагӣ аз қайди мухтасари «Ӯ аз хулафои Хоҷа Ориф бошад» иборат аст. Тарҷумони «Нафаҳот-ул-унс» – Навоӣ дар «Насоим-ул-муҳаббат» ҷумлаи мазкурро такрор менамояд: «Ӯ аз хулофаи Хоҷа Ориф бошад».
«Рашаҳот...» дар бораи Анҷирфағнавӣ маълумоти мухтасар медиҳад. Ҳамчунин, Бадриддин Сарҳиндӣ дар «Ҳазорат-ул-қудс», Муҳаммад Толиб дар «Матлаб-ут-толибин» ва Маҷидуддини Бадахшонӣ дар «Ҷомеъ-ус-салосил»-и худ дар бораи ин пир маълумот додаанд.

Дар роҳи луқмаи ҳалол

Ҳамаи пирони тариқати хоҷагон-нақшбандия касбу коре доштаанд. Дар он рӯзгор аксарияти иморатҳо аз гил (лой) сохта мешуданд. Гилкорӣ низ пешаи алоҳида буд. Зеро на ҳама похса зада метавонист. Дар сарчашмаҳо омадааст, ки онҳо бо дуредгарӣ ва тиҷорат низ сарукор доштаанд.

Поягузори зикри ҷаҳрия дар тариқат

Аксарияти пирони тариқати хоҷагон-нақшбандия бо зикри хуфия машғул будаанд. Яъне солик дар ин маврид пинҳонӣ – дар ботин номи Худои мутаъолро такрор мекунад. Вале дар ин тариқат Анҷирфағнавӣ бори аввал, мисле ки дар тариқати яссавия ҳаст, зикри ҷаҳрияро низ ҷорӣ кард. Солик дар ин маврид садо баланд карда номҳои Ҳақтаъолоро зикр менамояд. Ин навъи зикрро «алония» низ гӯянд.
Албатта, инҷо суоли мантиқӣ ва асоснок ба миён меояд: «Анҷирфағнавӣ чаро ин корро кард?»
Мо ҷавоби ин суолро низ аз китоби Алии Сафӣ пайдо кардем. Дар он омадааст, ки вақте пири Анҷирфағнавӣ – Ревгарӣ дар охири умр бемор мешавад, ӯ дар паҳлӯяш қарор дошт. Ин ҳангом пир ба муридаш мегӯяд: «Ин вақт ҳамон вақтест, ки ба мо аз ғайб ишора карда буданд. Биноан, дар мавриде зикри ҷаҳр низ бояд кард. Баъди ин супориш Анҷирфағнавӣ: «Дар масҷиди шафати дарвозаи Вобканд бо зикри алония машғул шуд». Муайян гардид, ки қоидаи садо баланд кардан дар вақти зикр бино ба рухсати пир сурат мегирифтааст. Аммо ин ҷавоб суолдиҳандагонро қонеъ намегардонад. Аз Анҷирфағнавӣ пурсиданд: «Шумо бо чӣ ният зикри алонияро анҷом медиҳед?»
Авлиёи бузург ба ин суол ҷавоби мантиқӣ дод: «То хобида бедор, ғофил огоҳ гардад ва рӯ ба роҳ ниҳад, ба истиқомати шариату  тариқат дарояд...»
Ин пир хусусияти таъсиргузории зикри алонияро дар мадди назар дошт. Чунин ҳисобидааст, ки дар танҳоӣ зикри хафӣ, дар ҷамъият зикри ҷаҳрӣ нофеътар бошад. 

Шарти муҳими зикри ҷаҳрия дар чист?

Дар ҷараёни ин суолу ҷавоб сӯфие бо номи Мавлоно Ҳафизиддин низ ҳузур дошт. Ин зоти шариф бобои калони Хоҷа Муҳаммади Порсо буд, ки дертар таълимоти нақшбандияро пайгирона идома додааст. Ин шахс ба Анҷирфағнавӣ гуфт: «Нияти шумо саҳеҳ аст ва ин шуғл ба шумо ҳалол».
Сипас аз пир хоҳиш кард: «Ба зикри алония таърифе баён кун, ки бо он таъриф ҳақиқат аз маҷоз мумтоз гардад ва бегона аз ошно ҷудо». Ин хоҳиш чунин маъно дошт: 
«Ба зикри ҷаҳрия чунин таъриф будеҳ, ки афзалияти назар ба рамзҳои Худо худи Худоро дӯст доштан эҳсос шавад, дил аз ошнои бегона дурӣ ҷуста, ба зоти ҳақиқӣ бипайвандад».
Ва Анҷирфағнавӣ шартҳои муҳими зикри ҷаҳрияро баён месозад: «Зикри алония мусаллам ба одамест, ки забони ӯ пок бошад аз дӯруғ гуфтан ва ғайбат кардан, ҳалқаш покиза бошад аз ҳаром ва шабҳат (таоми шубҳанок), қалбаш пок бошад аз риё ва сумъа (худнамоӣ), ба ҷуз Худо мутаваҷҷеҳи ҳеч касу чиз набошад».

Тавсияи Хоҷаи Хизр

Дар тасаввури халқи мо Хоҷаи Хизр пайғамбари зинда аст. Дар тасаввуф ба ӯ арҷ мегузоранд. 
Алии Сафӣ навиштааст, ки пири чоруми тариқати хоҷагон – Ромитанӣ гуфт: «Дарвеше дар аҳди Хоҷа Маҳмуд Хоҷаи Хизр алайҳиссаломро дид ва аз ӯ пурсид: «Дар ин замон аз машоих кист, ки дар ҷодаи истиқомат собит бошад, то иродат кунам ва дар домани мутобааташ иқтидо намоям? Он вақт Хоҷаи Хизр  номи Анҷирфағнавиро ба забон овард».
Ин ҷо ошкор мешавад, ки Ромитанӣ бо тавсияи Хизр муридии Анҷирфағнавиро пазируфта, дертар ҷонишини ӯ гардида будааст. Вале Ромитанӣ нагуфтааст, ки дарвеши бо Хоҷаи Хизр вохӯрда кӣ буд.
Алии Сафӣ қайд кардааст, ки баъзе мусоҳибони Ромитанӣ бар онанд, ки он дарвеш худи Ромитанӣ буд. Вале ӯ ба дигарон ошкор накардааст, ки он дарвеш худи ӯст.

Пире, ки дар сурати мурғи сафед паридааст

Тасаввуфро наметавон бе каромат тасаввур кард. Вале каромат шарт ё нишонаи асосии тасаввуф нест. Ба сабабҳои гуногун сӯфиёни асил кароматҳоеро, ки Худои мутаъол тавассути онҳо содир намудааст, пинҳон доштаанд. Бо вуҷуди ин, дигарон  аз баъзе кароматҳо воқиф шудаанд.
Ромитанӣ дар Ромитан бо чанд нафар машғули зикр буд. Ин ҳангом мурғи сафеде аз осмон фуруд омада, бо забони ҳол гуфт: «Эй Алӣ, мардона бош!» Баъзе  соликон ин ҳолатро дида аз ҳуш рафтанд. Онҳо баъди чанде ба худ омада, аз Ромитанӣ суол карданд. «Ин чӣ буд, ки дидему шунидем?» 
Ромитанӣ аз каромати пири хеш огоҳ буд. Биноан, маҷбур шуд, ки сирро ошкор созад: «Ин Хоҷа Маҳмуд буд. Ҳақ таъоло ба эшон ин кароматро раво дидааст, ки парвоз кунанд».
Гап сари он аст, ки дар ду фарсах дуртар аз Бухоро (тақрибан 12 километр) дар мавзеи Қалтӣ Хоҷа Деҳқони Қалтӣ бемори вазнин буд. Ӯ аз Худо талаб мекунад, ки: «Яке аз дӯстонатро (авлиё) ба паҳлӯи ман бифирист, ки вақти реҳлат ба ман кӯмак кунад». Бо амри Худо Анҷирфағнавӣ ба мурғ табдил ёфта, аз болои Ромитан парвозкунон ба муридаш тамкину мардӣ талабид.

Арҷгузорӣ

Дар тӯли солҳои истиқлолият дар болои қабри Анҷирфағнавӣ мақбараи нав сохта шуд ва дар шафати мақбара масҷиди ҷомеъ қад афрохт, боғе ва дар васати боғ ҳавзе бунёд гардид. Маҷмаа ба зиёратгоҳ табдил ёфт. 

Султонмурод ОЛИМ,
адабиётшинос, Ходими
шоистаи фарҳанги Ӯзбекистон. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: