Яке аз осори «гумшуда»-и ал-Ҳаким ат-Тирмизӣ ёфт шуд ва нашр гардид

Ал-Ҳаким ат-Тирмизӣ асосгузори илми тасаввуф ва тафсир буда, китоби ӯ, ки ба сифати асари аввалин бахшида ба шарҳи Қуръон дар Мовароуннаҳр дониста шуда буд ва то имрӯз "гумшуда" ба ҳисоб мерафт, ёфт шуд.

Ҷӯрабек Чӯтматов, ходими калони илмии Маркази байналмилалии пажӯҳишгоҳи Имом Тирмизӣ, доктори илмҳои фалсафа  дастнависи ин асарро дар Бурдури Туркия пайдо карда, ба чоп омода кардааст.

Барои ба таваҷҷуҳи муҳаққиқони ҷаҳонӣ расондани он асар бо номи «Баҳр-ат-тафсир» («Уммони тафсир») дар нашриёти «Дор ал-кутуб-арабия»-и Истанбул ба забони арабӣ ба табъ расидааст.  Асар ба забони узбекӣ низ нашр шудааст.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: