Сафири нави Ӯзбекистон ба Кувайт омад

Имрӯз Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Ӯзбекистон Аюбхон Юнусов ба пойтахти Кувайт омад.

Қабл аз таъйин шуданаш ба Кувайт дар вазифаи сардори департаменти консулӣ ва ҳуқуқии Вазорати корҳои хориҷӣ кор кардааст. Вай 50-сола аст. Донишкадаи исломии ба номи Имом ал-Бухории Тошканд, донишгоҳи Ал-Азҳар (Миср), Донишгоҳи иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва дипломатия,  донишкадаи ҳуқуқшиносии Тошкандро хатм намудааст. Ихтисосҳо: ҳуқуқи байналмилалӣ, исломшиносӣ, филологияи араб. Номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, хабар медиҳад АИ "Дунё".

Аз соли 2003 дар вазифаҳои гуногун дар низоми Вазорати корҳои хориҷӣ, аз ҷумла дар дастгоҳи марказӣ, Сафорати Арабистони Саудӣ, консулгариҳои генералӣ дар Ҷидда ва Аморати Дубай (АМА) кор кардааст.

Забонҳои арабӣ, русӣ ва англисиро медонад.

Аюбхон Юнусов Баҳромҷон Аълоевро иваз кард, ки солҳои 2016-2022 сафир дар Кувайт буд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: