МАКТАБ – МАКОНИ МАЪРИФАТ

Мактаб даргоҳи бузургест, ки баробари ба он қадам ниҳодан, вуҷуди мо фараҳ меёбад ва аз ҳарфу пандҳои устодон баҳраманд мешавем.

Мактаб сабаби ҳаёт бошад,        
Мактаб сабаби наҷот бошад...
Садриддин АЙНӢ.
Мактаб даргоҳи бузургест, ки баробари ба он қадам ниҳодан, вуҷуди мо фараҳ меёбад ва  аз ҳарфу пандҳои устодон баҳраманд мешавем. Мактаб макони илму дониш, маърифат, фарҳангу адаб ва хирад аст. Касе нест, ки дар ин даргоҳи муқаддас сабақ нагирифта бошад. Маҳз дар  мактаб маърифат пойдор, илму адаб устувор. Тавассути заҳмати устодони накӯкор шогирдони соҳибистеъдод ба камол мерасанд. Дар ҳаққи мактаб шоири бузург чунин фармудааст:                                   
Чашмаи саршори илм аз остони 
мактаб аст, 
Мурғи масти орзу аз ошёни 
мактаб аст.
Ақлу дониш, илму ирфон, дафтару 
меҳру китоб, 
Баҳри мо хидматрасон аз ганҷи кони 
мактаб аст. 
Мо – ҷавонон аз хурдсолӣ то ба камол расидан дар ин даргоҳ таълиму тарбия мегирем. Агар чароғи равшанидиҳандаи оила падару модар бошанд, дурахши нури илму зиё бар дӯши омӯзгор – муаллими равшанзамир аст.  
Ман ҳоли ҳозир, ки хатмкунандаи мактаб ҳастам, аз ҳамаи устодонам, ки барои таълиму тарбия гирифтани мо – ҷавонон аз таҳти дил кӯшиш мекунанд, миннатдор ҳастам. Мо  аҳд дорем, ки ин даргоҳи муқаддасро бо баҳои хубу аъло ба хатм расонида, ба мактабҳои олӣ шомил шавем. Баҳри рушд ва пешравии Ватани азизамон камарбаста бошем. Шодкомию соҳибхирадӣ ва росткориву накӯкорӣ аз мактаб аст, ки ба туфайли пандҳои устодон падид меояд. Онро муқаддас шуморидан қарзи ҳар як инсони худогоҳу соҳибхирад аст:  
Агар мактаб бихонӣ, бахтиёрӣ,       
Нахонӣ, дар пушаймонӣ бимонӣ.                                            
Бихон, эй ғунчаи боғи ҷавонӣ,      
Агар хонӣ, ту доим шодмонӣ!

Чарос ҲАМРОБОЕВА, 
толибаи синфи 11-уми мактаби рақами 46-уми ноҳияи Фориш.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: