Равзанаи нигоҳ
Забони муқтадир, ғанӣ ва пурзарфияти форсии тоҷикӣ, дар нимаи аввали садаи ХХ бар асари авзои сиёсӣ ба зарбаҳои ҳалокатбор рӯ ба рӯ шуд. Дар баробари тахти амиру хонҳо тахти бахти ин забон низ, ки дар қисмати зиёди минтақаи будубоши мо забони давлатӣ, коргузорӣ ва адабиёт буд, вожгун гардид, қабои зарбофташро рабуда, ба танаш яктаҳи дарвешонро пӯшонданд...
Зарбаи аввал ба ин забон дигар кардани номи он буд. Дар тӯли беш аз ҳазор сол номи забони тоҷикон дар сарчашмаҳо форсӣ (дарӣ) қайд шудааст, вале баъди табартақсими Осиёи Марказӣ ва таъсиси ҷумҳурие бо номи Тоҷикистон, ин забон номи забони тоҷикиро гирифт.
Суоле табиӣ пайдо мешавад, ки чаро ин забон дар сарчашмаҳо бо ду ном — форсӣ ва дарӣ омадааст? Ақидаи мо ин аст, ки дар аҳди қадим форсии дарбориро, ки дар муқоиса бо форсии авом пуробурангтар будааст, форсии дарӣ (дарборӣ) номидаанд. Ва нисбати ҳар касе, ки дар маҷлиси авом бо шеваи дарбориён (ашроф) ҳарф мезадааст, мегуфтаанд, ки ӯ бо форсии дарӣ ҳарф мезанад. Дар Осиёи Марказӣ қисмати зиёди амру фармонҳои шоҳону амирони тоҷику ғайритоҷик (Аз амир Исмоили Сомонӣ то охирин амири Бухоро — Олимхон) бо форсии дарӣ доир гардидаанд...
Адабиёт ба фасоҳату нафосати ин забони муқтадир афзудааст. Лисонулғайб Ҳофизи Шерозӣ ифтихор аз он доштааст, ки форсии дариро хуб медонад:
Зи шеъри дилкаши Ҳофиз
касе бувад огаҳ,
Ки лутфи назму сухан гуфтани
дарӣ донад.
Зарбаи дуюми ҳалокатбор оғоз ёфтани ҷараёни содакунии забон ва ду бор иваз шудани алифбо буд. Донишмандон бар онанд, ки ғарази зимомдорони он аҳд аз сода кунондани забон ва табдили алифбо аз решаҳои фарҳангӣ ва ҳамзабонони хориҷии худ дур кардани як қавми мутамаддини Осиёи Марказӣ будааст. Албатта, сабаби ба ҳолати ногувор дучор шудани забон ва ду бор иваз шудани алифбо, ба муқовимат нишон надодани соҳибзабонон низ бастагӣ дорад...
Ин навишта ба ҷараёни содакунии забони форсии тоҷикӣ, ки зарбаи муҳлик дар пай дошт, ихтисосонида шудааст. Устод Муҳаммадҷон Шакурӣ дар китоби хеш “Хуросон аст ин ҷо” (саҳ. 188-189) дар ин хусус гуфтааст: “Инқилоби октябри соли 1917 оламро зеру забар кард ва то соли 1924 аҳолии Бухорои Шарқӣ 40-45 фоиз кам шуд, яъне нобуд гардид ё ба Афғонистон ва дигар кишварҳо паноҳ бурд. Ҷанги дохилии даҳаи бистум, колхозсозӣ ва дигар фоҷиаҳои даҳаи сиюм ба халқу кишвар осеби зиёд овард...
Тақозои замон ин буд, ки забони адабӣ ба оммаи заҳматкаш, ба бесаводони дирӯза мафҳум бошад. Кӯшишҳое дар роҳи сода кардани забон, дар роҳи даст кашидан аз печидагӣ ва ороишоти барзиёди нозарур, дар роҳи табиияту ҳамафаҳмӣ, бешак, кори муҳиме буд. Ин кӯшишҳо дар осори баъзе нависандагон натиҷаи мусбат дод. Вале дар ин кор каҷфаҳмиву каҷравӣ ҳам бисёр содир шуд. Чунончи содагии навиштаҳо аз ҳаду андоза гузашт ва байни забони содаву гапи одӣ фарқ намонд. Хӯ гирифтан ба сухани одии беранг, ба харобии таносуби сухан, ба қолибҳои вайрони калимаву ибораву ҷумла ва айбҳои дигар, нусхабардорӣ аз гуфтугӯйи бенизом, нишонаҳои гуногуни пасттабъӣ рафта-рафта ранги умумӣ гирифт...”.
Дар ин хусус бисёр донишмандон ва адибон изҳори ақида кардаанд. Устод Муъмин Қаноат аз он даврон чунин ёдовар шудааст: “Ин даврони сода кардани забон буд. Ҳама чизро сода мекарданд. Дар ҳамин ҷараён забони адабӣ сохтанд, ки як чизи бепирояву парканда, бараҳнаву урён буд. Ин сода кардани забон билохира адабиётро ба харобӣ кашид бо забони обшуста, бо як теъдоди ками калимаҳое, ки сад бор гуфта шудаанду на бори маънӣ доштанд, на бори эҳсос, на бори ирсият, на ҷавҳар, на оташ. Ҳеч чиз надоштанд! Бе собиқа сода кардани забон мардумро ноком кард”.
Донишманди дигар Муҳсин Умарзода дар мақолаи хеш “Забони модариро пос бидорем” (“Овози тоҷик”, № 92, соли 2002) он давронро ба ёд оварда, нигоштааст: “Касоне, ки ба ҷараёни сода кардани забон намепайвастанд, дучори тазйиқу фишор мегардиданд. Устод Лоҳутиро ҳам, ки соли 1925 бо нафаси тоза, бо ду маҷмӯаи ашъори дилангези Истанбулиаш ба Тоҷикистон расида буд, маҷбур карданд, ки бо забони сода нависад. Бинобарин, ӯ дар яке аз мақолаҳояш ибораҳоеро монанди “вайба гӯед”, “хар қатӣ”, “хуб, акаҷон”, “ҳамин хел”, “мана, дар ин бора гапи ман тамом” ба кор бурдааст”.
Муаллиф дар ҷойи дигаре қайд менамояд, ки кор то ҷое расида буд, ки рӯзномаю маҷаллаҳо, ба баҳонаи “мушкил” будани забони нигоштаҳои адибон номаи ҷавобӣ навишта талаб мекардаанд, ки сода ва оммафаҳм нависанд. Инак, як ҷавоби маҷаллаи “Роҳбари дониш” ба муаллифи мақола: “Шумо намехоҳед забонро сода карда, ба оммаи меҳнаткашон ғояҳои шӯроӣ, коммунистӣ ва пролетариро ҳарчи зудтар ёд диҳем”. Як ҷавоби маҷаллаи мазкур ба Суҳайлӣ Ҷавҳаризода: “Рафиқ, Суҳайлӣ! Ду порча аз шеърҳои шуморо низ чоп намекунем: яке “Адабиёт”, дигаре “Ҳикояти саҳарӣ”. Ин шеърҳои шумо оммафаҳм нест, калимаҳои бисёр мушкил ва муғлақи кӯҳна дорад. Бояд мафҳуми навро либоси нав пӯшонид...”.
“Дар миёни ин ҳама баҳсҳои густурда перомуни масъалаҳои забони адабии тоҷик, — навиштааст Умарзода, — устод Садриддин Айнӣ қарор дошт. Ӯ мақолаҳое чун “Забони тоҷикӣ”, “Дар атрофи забони форсӣ ва тоҷикӣ” назари худро дар бораи соданависӣ баён мекард”.
Он солҳо солҳои муҳлик буданд. Болшевикон барои пиёда кардани ниятҳои ғаразноки худ аз шахсиятҳои маъруф сӯиистифода мекарданд. Андак сартобӣ ва эътироз ба сари шахсиятҳо мусибатҳои гарон меовард. Устод Айнӣ, ки хидматҳояш барои миллати тоҷик бесобиқа аст, аз шахсиятҳои маъруф маҳсуб мешуд. Фикр мекунам, агар ихтиёр дар дасти устод Айнӣ ва Лоҳутӣ барин чеҳраҳои илму адаб мебуд, забони муқтадир, ғанӣ ва пурзарфияти форсии тоҷикӣ ба забони кӯчабозорӣ табдил намеёфт. Солҳои табъид як андак монда буд, ки бадхоҳони халқи тоҷик Устод Айниро низ бо тамғаи “душмани халқ” ба коми нестӣ бикашанд...
Шояд суоле табиӣ ба миён ояд, ки миллати фарҳангсози тоҷик аз содакуниҳо чӣ зарар дид? Фикр мекунам, бар асари рӯгардонии иҷборӣ аз расмулхати бобоӣ ва содакунии забон:
а) дар байни забони меъёри аҷдоду авлод ва ҳамзабонони берунмарзӣ вартае пайдо шуд ва ин ҷудоиандозии сунъӣ ба он оварда расонд, ки нуқтаи заъфи наслҳои баъдӣ пайи дарки мазомини осори ниёгон ошкор гардид.
б) сатҳи забони қавме мутамаддин, ба қавли Умарзода, то ба сатҳи забони халқҳои навхату навалифбо поин рафт, назм ва насраш обуранг ва ҷаззобияти пешинаашро аз даст дод.
в) бино ба ақидаи муаррихон ва мусташриқони саршиноси дунё зодгоҳу зодбуми забони форсии тоҷикӣ Бухорою Самарқанд ва Тирмизу Балх будааст. Вале он тирагиву хирагие, ки ба сари забони форсии тоҷикӣ омад, дар тасаввуроти авом домани фикри ботилеро тавсеа бахшид, ки гӯё зодгоҳу зодбуми забони муқтадири форсӣ сарзамини Эрони кунунӣ будааст. Душманони забон ва тамаддуни тоҷик низ ин ақидаро кам-кам зеҳннишин мекарданд...
Дар он солҳои пуртаҳлука будаанд адибоне, ки дар таълифоташон забони меъёри аҷдод ё умумифорсиро риоя кардаанд. Яке аз адиб ва донишмандоне, ки он солҳо дар ин ҷода қадамҳои устувор ниҳодааст, Абдурауф Фитрати Бухороист. Нигоҳи банда ба ин донишманд бино ба натиҷагириҳои тоҷикшиносон ташаккул ёфтааст. Буридани ангушти каҷ ё табоҳшуда ҷонгудоз аст. Фарзанди содиқ ва хоин ҳар ду дар назди модар фарзанданд. Вале модар ба ояндагони худ, ба хотири гумроҳ нашуданашон, бояд каҷравиҳои фарзандони гумроҳшудаашро ёдрас карда истад...
Фикр мекунам, агар дар тӯли сад соли ахир байни тоҷикони минтақаи мо забони осори Фитрат барин нависандагон кор мехӯрд, яъне воситаи табодули афкор мегардид, забони меъёр иқтидори пешинаашро аз даст намедод. Ва мо дар ин росто по ба пойи ҳамзабонони хориҷии худ мерафтем, насли ҷавон пайи дарки мазомини осори классикони форс-тоҷик ба мушкилот мувоҷеҳ намешуд. Барои он ки насли имрӯз дар кадом поя будани насри Фитратро донад, аз охирсухани ӯ ба песаи “Шӯриши Восеъ” ва мақолаи пурмуҳтавояш — “Фирдавсӣ” бо овардани ду иқтибос иктифо мекунем:
“Агар ғалат накунам, ин аввалин тамошое аст, ки ба забони тоҷикӣ навишта шудааст. Ҳоло дар Тоҷикистони навҷавон масъалаи саҳна ва тамошо тоза аст. Саҳна ва асбоби саҳнаҳо кофӣ нест. Артистони моҳир ҳам нарасидаанд. Ин тамошо барои ҳаваскорони навҷавони тоҷик навишта шуд, то ки ҳаваси онҳо боиси тараққиёти масъалаи тиётр гардад”. (Аз песаи «Шӯриши Восеъ»).
“Фирдавсӣ ягона шоири форсизабонон ва яке аз шоирони беҳтарини дунё аст. Лекин фақат дар соҳаи ҷангноманависӣ. Дар адабиёти форсӣ, на пеш аз Фирдавсӣ, на баъд аз ӯ ҳеч шоире ба қимати “Шоҳнома” китобе нанавиштааст. Фирдавсӣ дар ҳамин соҳа шоири ягонаи адабиёти форсӣ аст ва ҳамаи шоирони форсизабон дар ҳамин соҳа устодии ӯро эътироф кардаанд. “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ дар соҳаи худаш чунон як ҳайкали бақодори санъат аст, ки шоирони форс-тоҷик, араб, ҳинд, турк, чиғатоӣ ва ӯзбек ҳазор сол боз бо камоли шавқу завқ ӯро тақлид мекунанд ва ҳанӯз монанди он як асар ба майдон гузошта натавонистаанд. Ҳазор сол аст доноёни забони форсӣ аз ҳар қавм ва ҳар мамлакат, ки бошанд, ин ёдгории деринаи санъатро хондаанд, мехонанд ва хоҳанд хонд”...(Аз мақолаи «Фирдавсӣ»)
Рӯзгоре як навиштаи инҷониб доир ба забон мавриди баҳси тӯлонӣ қарор гирифта буд. Нафаре “содаписанд”, ба мақсади муқобил гузоштани хонандагони рӯзнома ба инҷониб, эрод гирифт, ки фалонӣ мехоҳад забони моро дар қабои арабӣ бипечад, яъне забони мураккаби “Наводир-ул-вақоеъ”-ро ба сифати забони меъёр аз нав ҷорӣ карданист. Вале хонандагони зирак фаҳмиданд, ки чаро ҳама тут гӯянд, ӯ бед мегӯяд...
Тоҷикон мақоле доранд, ки ин аст: “Харбуза аз харбуза ранг гирад”. Бародарони ӯзбек дар он солҳои пуртаҳлука (ибтидои садаи ХХ) забони гуфтугӯйиашонро ба сифати забони меъёр пазируфтанд. Онҳое, ки мехостанд забони тоҷикӣ низ бисёр сода ва ба оммаи васеъ фаҳмо шавад, дар навиштаҳояшон аксарият ба дунболи бародарони ӯзбек рафтанд (қолиби ифода дар назар аст) ва аз ифодаву ибораҳои забони гуфтугӯии ӯзбекӣ фаровон истифода бурданд. Дар натиҷа ҳиссачаи суолии “-мӣ”, ҳиссачаҳои тасдиқӣ ва ишоратии “ҳа”, “ана, мана” ба забони “адабӣ”-и он аҳд ворид шуданд, ки ин ҳолат ба харобии шеваи баён роҳ кушод.
Боре як нависандаи тоҷик, ки китоби ҳикояҳояш рӯйи чопро дида буд, аз як дӯсташ — мутахассиси забони ӯзбекӣ бо оҳанги эътироз гилагузорӣ кард:“Бубинед, шарм надошта ба ман мегӯяд, ки шумо, ба фикрам, аввал ӯзбекӣ андеша ронда, баъд тоҷикӣ менависед”.
Фикр мекунам, дар ин маврид ҳақ бар ҷониби мутахассиси забони ӯзбекӣ аст. Зеро дар ҷумлаҳои нависанда ифодаҳои ӯзбекӣ, ба мисли “Ин хел шуданаш мумкин нест” (“Бундай бӯлиши мумкин эмас”), “Биё, онро хӯрда бин“ (“Кел, уни еб кӯргин”), «Бозорро чарх зада баромадем” (“Бозорни айланиб чиқдик”), “Дар ҷомашӯйӣ ҳам усто” (“Кир ювишда ҳам уста”), «Аз ин мебарояд, ки шумо ҳам бо ӯ шарикед» («Бундан чиқадики сиз ҳам у билан шериксиз») ва ҳиссачаҳои суолӣ, тасдиқӣ ва ишоратии “-мӣ”, “ҳа”, “ана», «мана” фаровон буданд.
Чизи дигаре, ки дар қарни гузашта забони моро хароб кард, яъне аз қолаби сарфу наҳви миллӣ берун овард, фикр мекунам, тарҷумаҳои таҳтуллафзӣ буд. Онҳое, ки ба тарҷумаи асарҳои доҳиёни пролетариати ҷаҳон, осори нависандагони русу Аврупо ва ӯзбек камар баста буданд, ба ҷойи он, ки грамматикаи забони мавриди тарҷумаро тобеи грамматикаи забони форсии тоҷикӣ гардонанд, то ҷое тобеи грамматикаи ин забонҳо шуданд...
Тарҷумонҳои тоҷик, ҳатто, дар тарҷумаи қоидаҳои забон озод набудаанд. Мисол: “Частъ речи” – “Ҳиссаҳои нутқ”. “Часть речи, которая обозначает предмет, называется именем существительным. Имя существительный отвечает на вопросы “Кто?”, “Что?” Тарҷумааш: “Гурӯҳи калимаҳое, ки номи предметро ифода карда, ба саволҳои “Кӣ? Киҳо?”, “Чӣ? Чиҳо? ҷавоб медиҳанд, исм номида мешаванд”. Ё “Часть речи, которая обозначает действие предмета называется глаголом. Глаголы отвечают на вопросы “Что делает?”, “Что сделаеть? и др.”. Тарҷума: “Гурӯҳи калимаҳое, ки ҳаракат ва ҳолати предметро ифода намуда, ба саволҳои “Чӣ кор мекунад?”, “Чӣ кор кард?” ва ҳ. ҷавоб медиҳанд, феъл номида мешавад”...
Ба хотири ба дарозо накашидани навишта аз овардани тарҷумаҳои бадеии таҳтуллафзӣ худдорӣ менамоем. Хонанда агар аз ин дидгоҳ ба тарҷумаҳои бадеии он солҳо қаробат ҷӯяд, ба грамматикаи забони мавриди тарҷума то куҷо тобеъ гардидани аксарияти тарҷумонҳои тоҷикро рӯшантар хоҳад дид. Ба фикрам, ғараз аз тарҷума ба мулки маънавии қавми худ табдил додани осори мондагори адибони ғайритоҷик аст...
Ҳамзабонони берунмарзии мо дар ин росто хеле пеш рафтаанд. Вақте тарҷумаҳои онҳоро мехонед, истиқлолияти забониро ҳис мекунед. Фикр мекунед, ки як нависандаи англис, франсуз ё рус роман ё ҳикояашро худ ба забони форсӣ навиштааст: ибора, ифода ва гӯйишҳо ҳама форсиянд. Бар онам, ки агар тарҷумонҳои мо низ қабл аз баёни матлаб ё тарҷумаи асаре сари ифодаи тоҷикии ҳар як вожаву ибора биандешанд, олам гулистон мешавад. Дар осори насрии аҷдоди мо нутқи айнаннақлшуда баъди сухани ноқил меомад. Мисол:
Фаридун гуфт:
– Забони форсии тоҷикӣ яке аз забонҳои муқтадири дунёст.
Вале мо, бар асари тарҷумаҳои таҳтуллафзӣ, қолиби ҷумласозии аҷдодро шикастем. Сухани ноқил ва нутқи айнаннақлшуда ҷой иваз карданд. Мисол:
– Забони форсии тоҷикӣ яке аз забонҳои муқтадири дунёст, – гуфт Фаридун.
– Оши зӯр шудааст, – гуфт Асрор. – Номи ин хӯроки пухтаатон чист?
Вале ҳамзабонони хориҷии мо ин корро накарданд. Иқтибосе аз китоби Морсел Бриони фаронсавӣ – “Манам Темури ҷаҳонгушо” дар тарҷумаи Забеҳулло Мансурӣ: “Ман ҳаштод ҳазор сарбоз ба Шайх Умар додам ва ба ӯ гуфтам: “Тӯхтамишро ба қатл бирасон ва сарашро барои ман бифирист ва агар гурехт, кишварашро вайрон кун ва баргард”. Китоб саропо бад-ин шева тарҷума шудааст ва фикр мекунед, ки Морсел саргузашти Темурро худ ба забони форсӣ навиштааст...
Бояд бигӯем, ки вазъи имрӯзи забони форсии тоҷикӣ дар Тоҷикистон як андак беҳ шудааст. Чунин ба назар мерасад, ки дар ин кишвар аҳли қалам рӯ ба сӯйи забони умумифорсӣ ниҳодаанд. Ин таҳаввулот ба чорабиниҳои созандае, ки раиси ҷумҳури ин мамлакат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бахши забон меандешад, иртиботи ногусастанӣ дорад. Аз минбари СММ бо забони форсии тоҷикӣ ҳарф заданҳои ӯ худ як рӯйдоди таърихӣ аст. Намедонам дигарон дар чӣ ҳолат буданд, вале вақте инҷониб бори аввал аз минбари СММ бо забони форсии тоҷикӣ ҳарф задани ӯро шунидам, гулӯямро дасти буғз фишурд ва ғайриихтиёр ашк дар чашмонам ҳалқа зад... Ба фикрам, ӯ амиқ дарк кардааст, ки яке аз роҳҳое, ки қавмро ба мулки ваҳдату маърифат ва рушду такомул мебарад, беш аз пеш доман паҳн кардани забони меъёр мебошад...
Инҷониб дар он андешаам, ки нашрияҳои даврӣ, дар баробари воситаи ахбори оммавӣ будан, бояд ба мардум забон низ биомӯзанд. Ҳарчанд тӯли сӣ соли охир пешравӣ дар забони меъёр ҳис карда мешавад, вале нашрияҳои даврии тоҷик ва гурӯҳе аз нависандагон ҳанӯз по аз ботлоқи ифодаву ибораҳои бегона накашидаанд. Дар кори тарҷума дар нашрияҳо, хоссатан нашрияҳои тоҷикии Ӯзбекистон, ҳолатҳои тобеъшавии тарҷумонҳо ба грамматикаи забони рӯсӣ ва ӯзбекӣ, роқими ин сатрҳо низ моҳи беайб нест, ба мушоҳида мерасад. Барои он, ки суханамон дар ҳаво намонад, бо овардани чанд мисол аз нашрияҳои тоҷикии Ӯзбекистон, ин гуфтаро тақвият мебахшем. Ба хотири ба иззати нафси муаллифон нарасидан, аз матнҳо танҳо бо овардани ибора ва ҷумлаҳое, ки ба назарамон ба табиати забони форсии тоҷикӣ бегона намуданд, иктифо кардем: “Иштиҳои хуш” (“Приятного аппетита”). Ҳол он, ки тоҷикон дар ин маврид гӯянд:”Ош шавад!”; “Рӯзнома аз соли 1924 мебарояд” (“Газета выходить с 1924 года”) Ифодаи тоҷикиаш: “Рӯзнома аз соли 1924 чоп (ё нашр) мешавад”; “Чӣ кор мекунӣ гапро гурезонда?” (“Нима қиласан гапни қочириб”); “Аз ин рӯ, гапаш ба ҳама мегузашт” (“Шунинг учун, гапи ҳамага ӯтар эди”); “Оши зӯр шудааст, – гуфт Аброр” (“Зӯр ош бӯпти, – деди Аброр”); “Ҷинояткор ҷазояшро гирифт” (“Жинояткор ӯз жазосини олди”); “Салоҳияти туристии Ӯзбекистон сол аз сол меафзояд” (“Ӯзбекистоннинг салоҳияти йилдан йилга ошмоқда”), “Инро нагӯем ҳам мешавад” (“Буни айтмасак ҳам бӯлади”), «... суҳбат шуда гузашт» («... суҳбат бӯлиб ӯтди»)... «Ба шахсони эҳтиёҷманд кумаки инсонпарварона нишон медиҳанд». («Ёрдамга муҳтож шахсларга инсонпарварлик ёрдами кӯрсатадилар»).
Бо назардошти ин ҳама, фикр мекунам, вақти куллан тағйир додани усули таълими фанни форсии тоҷикӣ дар муассисаҳои таълими миёнаи ҳамагонию олӣ, эҳёи қолибҳои ибора ва ҷумласозии миллӣ фаро расидааст.
А. СУБҲОНОВ.