СИТОРАҲОИ ШАТРАНҶ ДАР САМАРҚАНД

Чуноне ки иттилоъ дода будем, аз 26 то 30-юми декабр дар Самарқанд чемпионати ҷаҳон оид ба рапид ва барқосо (блитс)-и шоҳмот идома хоҳад ёфт.

Дар он аз 52 кишвари дунё 338 намояндаи варзиш барои пирӯзии худ талош меварзанд, ки дар байни онҳо 33 самарқандӣ низ ширкат меварзанд. 
Боиси хушнудист, ки барои иштирокчиён як миллион доллар маблағ ҷудо шуда, тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. 
Қабл аз кушода шудани чемпионат анҷумани матбуотӣ баргузор гардид, ки вазири сиёсати ҷавонон ва варзиш Аҳтам Икромов, президенти ФИДЕ Аркадий Дворкович, раиси Федератсияи шоҳмоти Ӯзбекистон Алишер Саъдуллоев, панҷ карат чемпиони ҷаҳон Магнус Карлсен ва ғолиби бозӣ оид ба рапид Нодирбек Абдусатторови самарқандӣ баромад карда, ба пурсишҳои ҳозирон ҷавоб доданд. 
Сипас дар қасри пуршукӯҳи маҷлисгоҳи маҷмӯъаи меҳмонхонаи «Миллиён» чемпионат кушода шуд, ки дар он натанҳо варзишгарон, инчунин садҳо нафар мухлисону дӯстдорони шатранҷ ширкат варзиданд. 
Барои ҳозирон барномаи консертӣ низ баргузор гардид. 
 
Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
мухбири «Овози тоҷик»
дар вилояти Самарқанд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: