ИМКОНИЯТҲОИ САРМОЯВӢ ВА САЙЁҲИИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР ФУКУСИМА МУАРРИФӢ ГАРДИД

Дар префектураи Фукусимаи Ҷопон бахшида ба иқтидори сармоявӣ ва сайёҳии Ӯзбекистон машварат баргузор шуд.

Дар он депутатҳои парлумони Ҷопон, намояндагони ҷамъиятҳои тиҷоратӣ ва ширкатҳои сайёҳие, ки дар Фукусима кор мекунанд, аъзои ҷамъияти робитаҳои фарҳангӣ ва иқтисодии «Фукусима – Ӯзбекистон» иштирок намуданд.
Дар ҷараёни чорабинӣ узви Палатаи намояндагони парлумон Эми Канеко қайд намуд, ки Ҷопон Ӯзбекистонро ба сифати шарики стратегии худ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мешиносад, ӯ ҳамчунин зикр кард, ки солҳои охир муносибатҳои байни кишварҳои мо беҳтар мешаванд.
Сафири Ӯзбекистон Муҳсинхӯҷа Абдураҳмонов иштирокдоронро бо имкониятҳои кишвари мо дар соҳаи сармоя, савдо ва сайёҳӣ шинос кард. Ҳамчунин натиҷаҳои соли 2023-юм ва вазифаҳои муҳиме, ки барои рушди минбаъдаи иқтисодиёти мамлакат дар соли 2024-ум пешбинӣ шудаанд, равшан карда шуданд.
Сармушовири ширкати «Sunhine Partners» Юкими Накада дар бораи фаъолияти самарабахши ширкатҳои Ҷопон, ки дар Ӯзбекистон кор мекунанд, нақл кард.
Иштирокдорон бо ёдгориҳои таърихӣ ва мавзеъҳои сайёҳии шаҳрҳои Ӯзбекистон, аз ҷумла Самарқанд, Бухоро, Хива ва Шаҳрисабз шинос гардиданд.
Бинобар натиҷаи машварат бо намояндагони ширкатҳои пешқадами Фукусима оид ба масъалаҳои зиёд кардани ҳаҷми содирот аз Ӯзбекистон ва миқдори сайёҳон ба кишвари мо гуфтушунидҳои пурмаҳсул гузаронида шуданд.

АИ «Дунё»,
ТОКИО.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: