ВОХӮРИИ СЕ НАСЛ

Маркази мадании шаҳри Бухоро намуди идона дошт.

Маркази мадании шаҳри Бухоро намуди идона дошт.
Ба муносибати 30-солагии истиқлолият дар ин ҷо вохӯрии се авлод – собиқадорони меҳнат, намояндагони авлоди миёнсол ва ҷавонон ба амал омад.

Мувофиқи нақша аввал саёҳати нурониён ба шаҳр сурат гирифт. Онҳо бо бунёдкориҳои маркази вилоят дар солҳои охир, мавзеъ ва гулгашту хиёбонҳои нав, аз ҷумла, бо Мактаби Президент, мономаркази «Марҳамат ба кор», кластери ресандагии пахтаи «ВСТ Сluster» шинос шуданд. 
Чорабинии асосӣ бегоҳӣ дар маркази мадании «Бухорои кӯҳна ва боқӣ» ба амал омад.
Ҳокими вилоят Ботир Зарипов ҷамъомадагонро бо иди истиқлолияти мамлакат  табрику муборакбод намуд. Вай дар бораи сарнавиштсоз будани мустақилӣ, комёбиҳои вилоят дар ин солҳо, хусусан ислоҳоту бунёдкориҳои панҷ соли охир бо факту рақамҳо ҳарф зад. Саҳми муносиби собиқадорони меҳнатро дар ин муваффақиятҳо ва меҳнати фидокоронаи авлоди миёнсол ва ояндаи мамлакат – ворисони муносиб будани ҷавонони имрӯзаро таъкид кард. Дар давоми тадбир намояндагони авлоди куҳансол Азим Латифов, Беҳбуд Ҷумъаев, Саидқул Оққиев, Малика Раҷабова, Рӯзигул Ҳаитова дар бораи душвориҳои рӯзгори гузаштаашон, имрӯз дар Ӯзбекистони нав фароҳам оварда шудани имкониятҳои бемисли рушдёбӣ ва расидан ба қадри ин рӯзҳо изҳори ақида карданд. Ба чорабинӣ савту сурудҳои дилнишини санъаткорони вилоят сайқал бахшид.

Амрулло АВЕЗОВ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: