МУШКИЛОТ БАРТАРАФ ГАРДИД

Қабули сайёри навбатии ҳокими шаҳри Тошканд

Шавкат Умурзоқов, дар маҳаллаи Акбарободи ноҳияи Юнусобод оиди омӯзиши аҳволи иҷтимоиву иқтисодии ноҳия ва муроҷиати шаҳрвандон баргузор гардид.
Аъзоёни гурӯҳ таҳти роҳбарии ҳоким пеш аз чорабинӣ ба маҳаллаҳои ноҳия сафар карда, бо сокинон мулоқот намуданд. Ҳангоми санҷиш бобати аз байн бардоштани баъзе мушкилот дар маҳалҳо чораҳо андешида, муаммоҳое, ки омӯзиши иловагиро тақозо доранд, муҳокима ва барои пешниҳод ба идораҳои дахлдор таклифҳо тайёр карданд.
Дар қабул ба масъалаҳои бо кор таъмин кардани аҳолӣ, истифодаи самаранок аз бино ва иншооти холӣ, ҳамчунин вазъи хидматрасонии коммуналӣ ва рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, ба низом андохтани тӯй ва тантанаҳои оилавӣ эътибори махсус дода шуд.
Вобаста ба масъалаи бо кор таъмин кардани аҳолии ноҳия аз ҷониби маъсулони ҳокимият ва фаъолони Иттифоқи ҷавонон дар бораи ташкил шудани ҷойҳои нави корӣ ҳисобот дода шуд.    
Дар чорабинӣ масъулони ҳокимият таъкид намуданд, ки соли ҷорӣ 484 ҷойи нави корӣ фароҳам оварда шуд. Аз 395 нафар аҳолие, ки ба маркази кумакрасонӣ муроҷиат кардаанд, 265 нафарашон бо кор таъмин гардиданд, ба якчанд нафар шаҳрванд кумакпулӣ барои бекорӣ таъин шудааст.
Бинобар натиҷаи омӯзиш 150 мушкилот ошкор шуд. Мушкилот бештар ба соҳаҳои бо кор фарогирӣ, сектори бонк, нигаҳдории тандурустӣ, таъмини роҳҳои дохилӣ, хидматрасонии кадастрӣ, таъмини оби ошомиданӣ, гази табиӣ ва қувваи барқ дахл доранд. 
Дар назди роҳбарони сектори шаҳр вазифа гузошта шуд, ки якҷо бо ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳо «харитаи амалиёт»-и ҳаллу фасли мушкилоти ошкоршударо кор карда бароянд.
Доир ба масъалаҳои дар қабули сайёр муҳокимагардида, қарори дахлдор қабул шуд.

Далер АЗИЗОВ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: