Ҳаққи наврӯзӣ бидеҳ...

Гул намуда ишваҳо гардад ба китфи шах савор,

Мекунад сар хам бунафша дар канори чашмасор.
Аз шамими лола бӯйи анбари соро шикаст,
Атри аттор аз ҳасад лаб мегазад чун дилфигор.
Абри найсон мекунад афғон зи ҷабри оташак,
Раъд фарёде занад аз барқ бархезад шарор.
Чун фалак гиряд бирезад дурри якто бар Замин,
Мешавад аз оби раҳмат кишти деҳқон бобарор.
Бардамида сабзаҳо, шуд махмалин тарфи чаман,
Бо ҷалолу карру фар бар деҳи мо омад баҳор.
Лола бо нозу дағо шавқи дилаш пинҳон намуд,
Булбули шайдо кунад арза ба гул субҳи наҳор.
Ҳон, Наврӯз шуд тарки бадӣ яксар бикун,
Ҳаққи наврӯзӣ бидеҳ аз моҳи асмар, эй нигор.

Малик КАБИРОВ.

    Ту мешавӣ

Дар ҷодаҳои шабзада машъал ту мешавӣ,
Сӯйи саҳар даричаи зарҳал ту мешавӣ.

Гар лаб ба ханда боз кунӣ, дар маҷаллаҳо
Ороиши саҳифаи аввал ту мешавӣ.

Гар бигзарӣ зи хотири ҳайкалтарошҳо,
Зеботарин намунаи ҳайкал ту мешавӣ.

Рӯҳи нигорхонаи наққошҳо туӣ,
Наққошии расову мукаммал ту мешавӣ.

Гар сар занӣ ба баҳси сиёсатмадорҳо,
Бо ҷазби ҳусни хеш роҳи ҳал ту мешавӣ.

Толори мӯд гар равӣ, байни ситораҳо
Як пора офтоби муҷаллал ту мешавӣ.

Кӯтоҳи гап, ниҳояти эъҷозию ҷамол,
Ҳар ҷо ба шоҳкор мубаддал ту мешавӣ.

Толиби ЛУҚМОН

Санҷиши қалам
    Падар
Шабчароғи рӯзгорам, эй падар,
Сарвару омӯзгорам, эй падар.
Меҳри покат то абад поянда бод,
Дилпуриву ифтихорам, эй падар
Ҳамчу  Саъдӣ умри ту тӯлонӣ бод,
Файзбахшу файзборам, эй падар.
Бар сарам дасти навозиш мениҳӣ,
Муттакову посдорам, эй падар.
Ҳадя кардам рӯзи мавлудат ба ту,
Байтҳои бешуморам, эй падар.
Бар насиҳатҳои ту дил моил аст,
Пандҳоят дӯст дорам, эй падар.
Сарфарозат фахр бо ту мекунад,
Шеърсози номдорам, эй падар!

Сарфароз СИРОҶИДДИНОВ.
Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: