РАҲИМӢ – МУТАРҶИМИ УСТОД АЙНӢ

Шоири маъруф Муҳаммадҷон Раҳимӣ (1901-1968) аз шогирдон ва дӯстони бисёр наздики Устод Айнӣ буданд.

Дар сафарҳои Маскав Устодро ҳамроҳӣ мекарданд ва дар зарурат вазифаи мутарҷимиро низ ба ҷо меоварданд. Баъзан ҳангоми болидани табъашон аз суҳбату вохӯриҳояшон бо Устод Айнӣ лаҳзаҳои ҷолибро нақл намуда, худашон низ ба завқ меомаданд. 
– Соли 1941, моҳи апрел, – нақл мекарданд Раҳимӣ, – бори аввал дар Маскав Даҳаи санъати тоҷик барпо гашт. Аз ҳунари волои санъаткорони тоҷик толорҳои Маскав ба ҷӯшу хурӯш омада буданд. Қариб тамоми роҳбарони мамлакат барномаҳоро тамошо мекарданд. 
Дар хотимаи даҳаи санъат дар Кремл ба ифтихори аҳли ҳунари тоҷик зиёфати ҳукуматӣ барпо мегардад. Раҳимӣ дар сари як миз дар паҳлӯи Устод Айнӣ нишаста, мухтасари баъзе баромадҳоро ба он кас мефаҳмониданд. 
– Вақте Сталин ба сухан баромад, – гуфтанд Раҳимӣ, – таваҷҷуҳи ҳама ба сӯйи ӯ нигаронида шуд ва аҳли зиёфат дар интизори он буданд, ки вай дар ҳаққи тоҷикон чӣ сухане хоҳад гуфт. Сталин бо оромӣ ва бо виқори ба худ хос гӯё суханҳоро чида-чида интихоб карда, тоҷиконро чун халқи қадимтарин ва дорои тамаддуни ба худ хос васфу ситоиш намуд. Вай бо қаноатмандӣ зикр намуд, ки тоҷикон аз ҷавҳари даҳо ва хиради хеш нобиғаеро чун Фирдавсӣ ба дунё овардаанд. Устод Айнӣ баробари шунидани ин суханон якбора ба ваҷд омада, дасти росташонро баланд бардошта, бо шиддат ба рӯйи зонуяшон зада, гуфтанд: «Оҳ, шарқшиносон мурданд!» 
– Дар паси ин суханони Устод беадолатиҳо ва дағалона поймол намудани ҳуқуқи халқи тоҷик ба забон ва адабиёти худ ниҳон буд. Зеро он замон шарқшиносони Маскаву Ленинград ва пайравони онҳо бо ҳадафҳои муғризонаву бадқасдона адабиёти классикии тоҷику форсро аз рӯйи ҳудудҳои ҷуғрофӣ тақсимбандӣ намуда, тоҷиконро аз суханварони тавонояшон, ки дар сарзаминҳои Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Покистон ва кишварҳои дигари имрӯз зиндагӣ ва эҷод кардаанд, мехостанд ба куллӣ маҳрум намоянд. Яъне аз паси сари тоҷикон адабиёт ва сухансароёни бузурги онҳоро ба савдо гузошта буданд. Дар он даврони пурмоҷаро ва ҳокимияти идеологияи мутлақ танҳо Устод Айнӣ буданд, ки бо ҷасорати ба худ хос аз мероси адабии тоҷикон далеронаву қотеъона ифоъ мекарданд. Аз ин рӯ, баҳои ба Фирдавсӣ додашуда чун шоири миллии тоҷикон Устод Айниро ба ваҷд наоварда наметавонист. Бинобар он Устод бо як шодмонии ногаҳонӣ ва ифтихормандӣ ҷӯшу хурӯши дили худро бидуни ихтиёр баён доштанд. Дар баробари ин ба ҳаққонияти талошу муборизаҳои худ боварии комил пайдо карда буданд. 
– Вақте, – гуфтанд Раҳимӣ, – Устод Айнӣ даст ба зону заданд, дарҳол шахси ҷиддисимо ва қоматбаланде ҳозир шуда, пурсид:
– Дар ин ҷо чӣ гап? Сабаб чӣ буд, ки мӯйсафед даст ба зону зад? Магар суханони доҳӣ ба ӯ писанд наомад? 
Раҳимӣ бадоҳатан чунин ҷавоб медиҳанд:
– Баръакс, мӯйсафед чунон хурсанд шуданд, ки аз ҳаяҷони зиёд даст ба зону задаанд. Бубинед, ҳатто чашмонашон аз хурсандӣ барқ мезананд. 
– Мебинам, офарин ба мӯйсафеди доно! – гуфта он шахс пас гашта меравад. 
Дар рӯзҳои баргузории Даҳаи адабиёти тоҷик дар тирамоҳи соли 1949 низ Раҳимӣ ҳамеша дар паҳлӯи Устод Айнӣ қарор дошт. Дар Даҳа 30 нафар адибони тоҷик иштирок менамоянд ва дар баррасии асарҳои онҳо 45 нафар намояндагони адабиёти рус ширкат мекунанд. Дар қасри адибони Маскав шаби адабии Устод Айнӣ бо ширкати нависандагони рус Симонов, Федин, Фадеев, Леонов барпо мегардад. Устод Айнӣ аз таваҷҷуҳи зиёде, ки нисбаташон зоҳир мешуд, бисёр хурсанд ва рӯҳбаланд буданд. 
– Ҳамон замон, – гуфтанд Раҳимӣ, – тасодуфан ба дастам маҷаллаи «Природа» афтод ва дидам, ки дар он мақолаи Устод Айнӣ чоп шудааст. Маҷалларо ба он кас нишон додам, пас аз онро тамошо кардан гуфтанд: – Муҳаммадҷон, саҳифаи охири маҷалларо кушода телефони сармуҳаррирашро ёфта занг зан, аз номи ман изҳори сипос намо ва гӯй, ки ҳаққи қалами маро фаромӯш накунад.
Раҳимӣ дудила мешавад, аммо пас аз таъкиди дубораи Устод Айнӣ ноилоҷ занг зада, ба сармуҳаррир иброз медорад, ки Устод Айнӣ хоҳиши дидани ӯро доранд. Ва ҳар ду дар соати муқарраршуда ба назди сармуҳаррир медароянд.
Ӯ меҳмононро самимона пазироӣ намуда, бо қаҳваю чой зиёфат карда, сипас мегӯяд:
– Агар Айнии мӯҳтарам дархосте дошта бошанд, мо омодаем бо камоли майл иҷро намоем.
Ба ҷойи Устод Айнӣ Раҳимӣ дар ҷавоб мегӯяд, ки мӯйсафед аз чопи мақолаашон дар чунин як маҷаллаи бонуфуз изҳори ташаккур менамоянд. Баъд каме таваққуф намуда, сипас бо садои андаке пасттар ва истиҳолаомез иброз медорад:
– Мӯйсафед инчунин ҳаққи қаламашонро мепурсанд. 
– Бисёр хуб, – мегӯяд сармуҳаррир, – нағз шуд, ки худашон бо пойи худ омаданд ва бо ин баҳона шинос шудем.
Ва сармуҳаррир «ҳозир-ҳозир» гӯён аз ҷой бархоста, берун меравад ва пас аз чанд дақиқае баргашта, бо як одобу фарҳанги баланд конвертеро ба дасти Устод месупорад. 
Пас аз кӯча баромадан Устод Айнӣ ба Раҳимӣ рӯ оварда, мегӯянд: 
– Муҳаммадҷон, ту аз ин кори ман ҳайрон нашав. Ман ҳаққи ҳалоли меҳнатамро гирифтам. Магар ман асарҳоямро, мақолаҳоямро ба осонӣ навиштаам? Азоб кашидаам, хуни дил хӯрдаам ва ҳақ дорам, ки музди заҳматамро бигирам. 
– Як рӯз, – гуфтанд Раҳимӣ, – Устод хоҳиш карданд, ки маро ба ягон ресторан бар, ки хӯроки миллӣ дошта бошад. Пас аз фикру андеша Устодро ба ресторани «Боку» бурдам, ки дар маркази Маскав воқеъ гаштааст. Бо рӯйхати таомҳо шинос шуда, ду питӣ фармудам (таоми озарӣ, ки шабеҳи шӯрбои тоҷикист). Таоми сергӯшт ва сермаҳсул ба Устод писанд афтод. Ба Устод фаҳмондам, ки аз рӯйи таомул дар ресторан хӯроки якум ва дуюм мефармоянд. Дар ҷавоб гуфтанд: 
– Саросема машав, Муҳаммадҷон. Гап зан, ду табақча биёрад. 
Чун табақчаҳо оварда шуданд, Устод гӯшт ва дигар масолеҳи питиро рӯйи табақча гузошта, ба Раҳимӣ низ таъкид менамоянд, ки чунин кунад. Баъд ба косаю табақча нигариста, мегӯянд:  
– Дидӣ, Муҳаммадҷон, инаш хӯроки якум, ваяш хӯроки дуюм. Бемалол сер мешавем. Ба хароҷоти зиёдатӣ ҳеч ҳоҷат нест.
Вақти аз ресторан берун омадан марди солор ва миёнсоле, ки собиқ шахси ҳарбӣ буданаш аён буд, палтоҳои Раҳимию Устод Айниро аз гарду ғубор пок намуда, бо меҳрубонӣ ба сари китфашон мегузорад. Раҳимӣ номаълум карда, ба кафи дасти ӯ бист тин мемонад, аммо он аз чашми Устод Айнӣ пинҳон намемонад. Баъди чанд қадам дуртар рафтан Устод бо қаҳр мегӯянд: 
– Муҳаммадҷон, боз ин чӣ мақоми нав? Чаро ба ӯ пул додӣ? Ин одати бадро аз куҷо омӯхтӣ? 
Раҳимӣ дар ҷавоб мегӯянд:
– Хайр, Устод, ҳеҷ гап не. Бист тин киройи сухан намекунад, ба як чизу ним чиз умедвор аст. 
– Гап дар сари бист тин нест, Муҳаммадҷон! – бошиддат мегӯянд Айнӣ. – Шумоҳо бо чунин амалу рафторатон ва меҳрубониҳои ҳавоиятон одамонро ба роҳи бад мебаред. Вай мардак ба ивази хидматаш аз давлат маош мегирад, боз ба вай пул додан чӣ ҳоҷат. Бо ин амалатон одамонро ба пули муфт, ба порагирӣ одат менамоед. Ана ҳамин майда-чуйдаҳо ҷамъиятро оқибат харобу доғдор мекунад. Имрӯз бист тин додӣ, хурсанд шуд, дафъаи оянда агар чизе надиҳӣ, ба рӯят нигоҳ намекунад, ба саломат ҷавоб намедиҳад. Дигар, Муҳаммадҷон, ин коратро такрор накун! 
Раҳимӣ бо табассуми гуворое ба нақлашон хотима дода, гуфтанд: 
– Аз ҳар мулоқоте, ки бо Устод Айнӣ доштам, як сабақи тозаи зиндагӣ омӯхтаам.  Устод ҳам инсони асил буданд ва ҳам нависандаи асил. 

Аз китоби «Бар фарози қуллаҳо»-и  
Раҷабалӣ ҚУДРАТЗОДА.    

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: