Эҷоди бренди ягонаи туризми зиёратӣ дар кишварамон аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад.
Зеро мавҷудияти зиёратгоҳҳои зиёд мусоидат менамоянд, ки маҳз туризми зиёратӣ рушду нумӯъ кунад. Дар конфронсе, ки Академияи байналмилалии исломӣ ҳафтаи равон роҳандозӣ намуд, ин масъала дар меҳвари гуфтугӯи иштирокчиёни он қарор гирифт.
Дар конфронс намояндагони Кумитаи назди Девони Вазирони ҷумҳурӣ оид ба корҳои дин, Кумитаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робитаҳои дӯстӣ бо кишварҳои хориҷӣ, Маркази тамаддуни исломӣ, Донишкадаи рушди сайёҳии назди Вазорати туризм ва мероси фарҳангӣ, садоратҳои вилоятии он дар Самарқанд, Бухоро ва Хоразм, инчунин донишҷӯёни академия ширкат карданд.
Яке аз масъалаҳои мубрами мавриди муҳокимаҳои иштирокчиёни конфронс эҷоди бренди ягонаи туризми зиёратӣ дар Ӯзбекистон буд. Ҳамзамон, масъалаҳои ҷорӣ ва таҷрибаи минтақаҳо дар рушди туризми зиёратӣ низ ба таври васеъ баррасӣ шуданд. Гуфта шуд, ки туризми зиёратиро метавон ҳамчун минтақаи табодули байнифарҳангҳо ва таҳкими таҳаммулпазирӣ арзёбӣ кард.
Дар шаҳри бостонии Самарқанд дар айни ҳол ду пажӯҳишгоҳи тадқиқотии туризм ва мероси фарҳангӣ, чаҳор коллеҷ, шаш техникум, як созмони “Туризми байналмилалии Роҳи бузурги абрешим ва мероси фарҳангӣ” ва Донишгоҳи туризм ва мероси фарҳангӣ машғули фаъолият мебошанд, ки таҳти тасарруфи Вазорати туризм ва мероси фарҳангии ҷумҳурӣ қарор доранд. Ҳар кадоми он дар тайёр кардани мутахассисони варзидаи ин соҳа нақши муассир мебозанд.
Ба гуфтаи мушовири вазири туризм ва мероси фарҳангии ҷумҳурӣ Темур Мирзоев дар кишварамон бар асоси мероси илмии олимон ташаккул додани ахбор дар бораи зиёратгоҳҳо, омӯхтани салоҳияти туризми зиёратӣ ва ба низоми муайян ворид намудани он чорабиниҳои зиёди байналмилалӣ роҳандозӣ мегарданд.
– Имрӯз дар минтақаҳои гуногуни Ӯзбекистон 784 зиёратгоҳи исломӣ, 19 зиёратгоҳи масеҳӣ ва 8 мероси фарҳангии буддоӣ мавҷуд аст. Дар доираи таблиғи оромгоҳҳои яҳудиён ва зиёратгоҳҳои буддоӣ, дар бораи уламои ӯзбек офариниши филмҳо ба забонҳои хориҷӣ, баргузории озмуни байналмилалии ҳадисҳои Имом ал-Бухорӣ, озмуни «Хаттоти исломӣ» як қатор чорабиниҳои фарҳангӣ гузаронида мешаванд, – афзуд Т. Мирзоев.
Сардори Раёсати рушди сайёҳии дохилӣ ва зиёратӣ Ҷ.Саидов оид ба мушкилоти имрӯзаи туризми зиёратӣ ва роҳҳои ҳалли он маълумоти мухтасар ироа намуд. Вай зимни суханронӣ даъват намуд, ки барои ҳалли муаммоҳо мубодилаи доимии афкор ва ахбор ба роҳ монда шавад, ки ҳаргиз аз манфиат холӣ нест.
Профессори кафедраи иқтисод ва молияи исломӣ, туризми зиёратии Академияи байналмилалии исломии Ӯзбекистон Нурислом Тӯхлиев ба он нукта таваҷҷуҳи иштирокчиёни конфронсро ҷалб намуд, ки ба ин масъала бояд ба таври лозимӣ аҳамият дод. Вай дар мавзӯи «Сайёҳии зиёратӣ дар Ӯзбекистон ва дурнамои он» маърӯза кард. Ба гуфтаи Нурислом Тӯхлиев бархӯрди навоварона дар соҳаи туризми зиёратӣ барои рушди ин соҳа хеле мусоидат хоҳад кард.
Мудири шӯъбаи Раёсати туризми зиёратии Кумитаи дини назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бобомурод Рустамов, мудири шуъбаи сайёҳии Маркази тамаддуни исломии Ӯзбекистон Саидкомил Холхоҷаев дар маърӯзаҳои худ оид ба дину мазҳабҳо, конфессияҳои динӣ ва созмонҳои мавҷуд дар Ӯзбекистон, иқтидори туризми зиёратӣ ва исломи мунаввар, масъалаҳои мубрами эҷоди бренди ягонаи сайёҳии зиёратӣ дар Ӯзбекистон ва аҳамияти ин бренд дар соҳаи сайёҳӣ суханронӣ карданд.
Конфронс бо ин ҷиҳати худ молики аҳамият мебошад, ки аз баҳсу мунозираҳо ва пешниҳоду таклифҳо роҷеъ ба ривоҷи туризми зиёратӣ саршор буд. Интизор меравад, ки масъалаи туризми зиёратӣ мунтазам дар меҳвари баҳсу мунозираҳои конфронсу нишастҳои оянда низ қарор хоҳад гирифт.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири
«Овози тоҷик”.