ҲАФТАИ ТУРИЗМИ ЗИЁРАТИ БАЙНАЛХАЛҚӢ ДАР БУХОРО

25–29 ноябри соли ҷорӣ дар Бухоро «Ҳафтаи туризми зиёратии байналхалқӣ» баргузор шуд.

Чорабинӣ бо ҳамкории Кумитаи сайёҳии назди Вазорати экология, ҳифзи муҳити атроф ва дигаргуниҳои иқлим, Кумитаи корҳо оид ба дин ва ҳокимияти вилояти Бухоро сурат гирифта, мақсади асосӣ истифодабарии самаранок аз салоҳияти мавҷудаи сайёҳии зиёратии мамлакат, муаррифӣ намудани сарзамини мо ҳамчун яке аз марказҳои тамаддуни олам, муяссаршавӣ ба эътирофи волои ҷамъияти ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, инчунин диверсификатсияи хидматҳои сайёҳии зиёратӣ ва зиёд намудани содироти сайёҳӣ мебошад.
Бинобар барномаи пешбинишуда меҳмонон ҷойҳои таърихӣ ва ҷолиби диққати шаҳри Бухороро зиёрат карданд. Иштироккунандагон ба зиёратгоҳи Баҳоуддини Нақшбанд қадам ниҳода, он ҷо амалҳои намоз, тиловати «Қуръон»-ро ба ҷо оварданд. Онҳо ба ҷараёнҳои ободгардонии маҷмаа баҳои баланд доданд. Баъд меҳмонон ба маҷмааи «Пои Калон» омаданд. Дар мадрасаи олии «Мири Араб» конфронси байналхалқӣ баргузор гардид. Иштирокдорони анҷуман ба чор шуъба тақсим шуда, оиди мавзӯъҳои «Аҳамияти мероси илмии алломаҳои Бухоро», «500-солагии созмонёбии мадрасаи «Мири Араб: мозӣ ва замони ҳозира», «Саҳми сулолаи Бобохоновҳо бобати ҳифз, тарғибу ташвиқ ва пойдории дини ислом», «Бухоро – гавҳари тамаддуни ислом» ва ғайра маърӯза карданд.
Ба муносибати 500-солагии мадрасаи Мири Араб ба унвони Идораи мусалмонони Ӯзбекистон табрикот мерасад. Аз ҷумла, сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода дар номаи табрикии худ навиштааст, ки «Дар ин макони муқаддас дар қатори фарзандони халқи ӯзбек ва миллатҳои дигар беҳтарин намояндагони халқи тоҷик аз ҷумла: Исмати Бухороӣ, Шавкати Бухороӣ, Аҳмади Дониш, Шамсиддин Шоҳин, Садриддин Айнӣ, Ҳайрат, Мунзим ва ҳазорҳо нафари дигар таҳсил кардаанд».
Раиси идораи мусалмонони Ӯзбекистон Шайх Нуриддин Холиқназаров зимни суханронӣ таъкид намуд, ки соли 2020 аз тарафи Созмони ҷаҳонии таълим, фан ва фарҳанги исломӣ шаҳри Бухоро «Пойтахти фарҳанги исломӣ» эълон гардида буд.
Мактабҳои Бухоро мақоми як донишгоҳи беназири байналмилалиро касб намуда, дар соҳаҳои мухталифи илм, аз қабили тафсир, ҳадис, эътиқод, фиқҳ, тасаввуф, геометрия, тиб ва амсоли он пешрав буданд.
– Ӯзбекистон барои ман Ватани дуюм ҳисоб меёбад. Зеро 53 сол пеш дар мадрасаи Мири Араби Бухоро таҳсил мекардам. Ин муассисаи таълимӣ дар омӯхтани асосҳои илмии дини мубини ислом саҳми калон дорад. Дар ин сарзамин Имом Бухорӣ, Ибни Сино, Берунӣ, Тирмизӣ, Мотурудӣ, Ал-Хоразмӣ, Форобӣ, Мирзо Улуғбек, Бобуру Нақшбандӣ ва дигар нобиғаҳо ба воя расидаанд, – гуфт раиси идораи мусалмонони Қафқоз Шайхулислом Аллоҳшукур Пошшозода.
Тавре ки муфтии Тоҷикистон Шайх Саидмукаррам Абдуқодирзода тазаккур дод, мадрасаи Мири Араб ганҷинаҳои илм ва маърифатро аз замони таъсис то ба ҳол дар хидмати авлоди мардумони Хуросон ва Мовароуннаҳр, манотиқи Қафқоз ва Русия қарор додааст. Он мардумонро ба хайру некӣ даъват кардааст ва ҳазорон донишмандонро парвариш намудааст, ки онҳо баъдан барои пешрафти омӯзиш, илму фарҳанг, интишори дини исломи воқеӣ дар тамоми ҷаҳон саҳми беназири худро гузоштаанд.
Баъд меҳмонон ба тамошои қасри тобистонаи Амири Бухоро – «Ситораи Моҳи Хоса» рафтанд.
Дар доираи «Ҳафтаи сайёҳии зиёратӣ» дар кластери сайёҳии ноҳияи Рометан «Bukhara Degert Oasis & Spa» таҳти унвони «Womad games» ҷашнвораи байналмилалии бозиҳои миллии мардумӣ ба амал омад. Дар он намоиши маҳсули дастони ҳунармандон, фестивали хӯрокҳои миллӣ, ҷашнвораи оҳангҳои миллӣ, намоиши либосҳои тарроҳии миллӣ ва дар доираи он анҷумани матбуотӣ баргузор гардид.
Тадбирҳои пайдарпай, шиносоӣ бо ҷараёнҳои ободгардонӣ, дидани ислоҳоти динию маърифатӣ, тағйироти ҷиддӣ, комёбиҳои дастрасшуда, бешубҳа, меҳмононро хеле рӯҳбаланд гардонд: «Шунидан кай бувад монанди дидан».
Иштироккунандагони тадбир бо як олам таассурот баргаштанд. Гуфтан мумкин аст, ки сайёҳии зиёратии навбатӣ баҳри боз ҳам рушд ёфтани ин соҳа ва робитаҳои минбаъдаамон чун омили муҳим хидмат мекунад.

Амрулло АВЕЗОВ,
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигорони 
«Овози тоҷик».

Вилояти БУХОРО.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: