АЗ ҲАЁТИ АДИБОНИ ҶАҲОН

Пушкин, овоне, ки дар литсейи Сарскоселский таҳсил дошт, гоҳо мехост барои сайругашт дар Петербург «фирор» кунад.

Шоири бузург боре ба ин мақсад аз роҳбари литсей рухсат гирифт. Вақте гувернёр (мураббӣ) ҷавоби рад дод, Кюхелбакерро бо худ гирифта фирор кард. Саргувернёр – Трико, ки барои ҳар як хонандаи литсей масъул буд, ба дунболи фирориён рафт.
Дар ин ҷо ҳодисаи ғайриодие рӯй дод. Ба вурудгоҳи шаҳр, албатта, аввал Александр Сергеевич наздик шуд. Посбони застава, чун одат, ному насаби ӯро пурсид. Пушкин ҷавоб дод: «Александр Однако». Вақте навбат ба Кюхелбакер расид, ба саволи мазкур дуруст посух дод: «Григорий Двако». Вале вақте гувернёр аз паси онҳо омада ба саволи посбони застава ҷавоб дод, ки ӯ Трико аст, косаи сабри заставной лабрез гардид. Фикр кард, ки се тан забон як карда, ӯро масхара мекунанд. Амр дод, ки гувернёрро як шабонарӯз дар қаровулхонаи застава ҳабс кунанд. Пушкину дӯсташ, бехабар аз ин моҷаро, баҳаловат аз шаҳр дидан карданд.
***
Вақте нависандаи машҳури рус Иван Дмитриев ба хонаи падари Пушкин омад, ҳодисаи аҷибе рӯй дод. Дар ин вақт шоир кӯдаки хурдсол буд. Дмитриев хост, бо ишора ба намуди зоҳирии кӯдак, ҳазлу шӯхӣ кунад ва ин сухан ба забон овард: «Чӣ ширин аст, ин арабзода!». Вале кӯдак худро гум накард ва ҷавоби на он қадар хурсандибахш дод: «Шукр, ки ало-було (чипор) нест!». Бузургсолон ба рӯйи чӯтури Дмитриев нигариста, як муддат хомӯширо ихтиёр карданд.

Тарҷума ва таҳияи 
К. АБДУЛЛОЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: