Ба Ӯзбекистон ҳайати вакилони Аморати Муттаҳидаи Араб бо сардории раиси иҷроияи ҳукумати Аморати Шарҷа Фаҳим ибн Султон Ал-Қосимӣ барои боздид омад.
Намояндагони ҳайати вакилон бо як қатор маҷмӯъҳои таърихии Бухоро, аз ҷумла мадрасаи “Мири Араб”, Минораи Калон, майдони Лаби-ҳавз шинос шуданд. Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ миёни шаҳри Бухоро ва аморати Шарҷа низ ба имзо расид.
Дар ҷараёни сафар намояндагони ҳайат инчунин аз як қатор ҷойҳои таърихии Самарқанд ва Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва мероси фарҳангии “Роҳи абрешим” дидан мекунанд.
Илова бар ин, онҳо дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳи бозёфтҳои бостоншиносии аморати Шарҷа дар қароргоҳи санъати назди донишгоҳ ширкат хоҳанд кард.